Танҳо бо андешаҳо
Гулбоғ бори аввал дар ду моҳи ахир танҳо монда, нахуст назди писарчааш, ки дар катчаи бароҳаташ барачча барин хоб буд даромад. Бунёдаки ӯ дар хобаш гоҳ механдиду гоҳи дигар лабонашро инҷ карда гӯё ба гиристан тайёрӣ медид. Писараш ба худаш як себи ду кафон барин монанд буд, танҳо сафедпӯстияш ба падараш рафтааст, аз дил гузаронид Бону ва ғайриихтиёр ба ёдаш Миша расид, зеро ӯ низ сап-сафед буду мӯйҳои зард дошт, аз тоҷик дида ба рус бештар шабоҳат дошт… Гулбоғ пеши худ мақсад гузошта буд, ки ҳаргиз дар бораи ошиқи номардаш фикр намекунад, аз ин рӯ хаёлашро ба сӯйи деҳа парвоз дод. Дар назараш писаракаш сари даст аз кӯчаҳои деҳа мегузашту Амиру Бахтиёр, ки дар вақташ назарашон ӯро намегирифту барояшон қадре надошт, бо даҳони канда аз паяш менигаристанд. Ё дар сари чанбараки мошини қимматбаҳо чангу хоки кӯчаро хезонда мерафту ба қавли худаш талхаи як барбарарро мекафонд… Насиҳатҳои модар аз як гӯшаш даромада аз гӯши дигараш баромада мерафтанд, модараш ин андешаҳои ӯро кинаварзӣ меномид, аммо Гулбоғ ин ҳамаро интиқом меномид.
Дар кунҷи дилам…
Гулбоғ дигар дар хона зиқ ҳам намешуд, писаракашро нигоҳубин мекарду кору бору хонаашро хӯрок пӯхта омадани шавҳарашро мунтазир менишаст. Нозирҷон ҳар бегоҳ бо халтаҳои пур аз хӯрокворӣ ва шириниҳои ҳархеле вориди хона мешуду тамомии зиндагияшро нисори зану фарзандаш мекард. Дарёи зиндагӣ дар маҷрои хеш равона буду Бунёдҷони ширини Гулбоғу Нозирҷон низ рӯз ба рӯз қада кашида ба писараки зебои паҳлавончае мубаддал мегашт. Писаракашон ду сола шуду Нозир аз Гулбоғ хоҳиш кард, ки барояш духтарчае ба дунё биёрад, аммо ҷавонзан гуфт:- Мардак аввал як бор ба ватан рафта биёем, хонаҳои сохтаамонро муҷаҳҳаз гардонида, бурёкубон намоем, баъд фикри фарзанди дуюмамонро кунем. Ман ҳавои ватанро ёд кардам, падару модар, хоҳаронамро… Нозирҷон гӯё маътали ҳаин ишорат бошад, розӣ шуд. Ӯ ҳамсарашро, ки каме фарбеҳ шуда дилработар гашта буд ба оғӯш кашида бехи гӯшаш пичирроз зад:- Занакҷон, албатта мо ба ватан меравем, та ба орзӯят мерасӣ. Аз он ҷо баргашта дар курси ронандагӣ мехонӣ ва ман бароят мошини ваъдагиямро мегирам. Гулбоғ баъди ин гапҳояш шавҳарашро бӯсаборон намуд, аммо дар оғӯши шавҳар буду дилаш кашоли интиқом гирифтан аз бачаҳои деҳаашон, ки ӯро одам намедонистанд. Дар кунҷи дили Гулбоғ отаиши кина фурӯзон буд, аммо аз гӯшаи хотир ҳам намегузаронид, ки худи ӯ сабабгори он гшата буд, ки ҳама аз вай ҳазар мекарданд.
Бӯйи ватан
Бунёдҷон ба дувунимсолагӣ қадам ниҳод, баҳор фаро расид, ҳарчанд дар Маскав омадани он эҳсос намешуд, вале Гулбоғ медонист, ки дар ватани азизаш алаккай сабзаҳо рӯйидаанду мардум ба Наврӯз тайёрӣ дида истодаанд. Модараш дар тамоси навбатияш гуфт, ки суманак мондаасту ба шарафи омадани онҳо суманакпазӣ хоҳанд кард. Гулбоғ барои модару хоҳарон, кампири Маряму пайвандони ӯ дар алоҳидагӣ тӯҳфа гирифту онҳо бо бори зиёд ҷониби ватан роҳ пеш гирифтанд. Онҳоро ба фурӯдгоҳ худи Иван Иванович, хуҷаини Нозирҷон, ки акнун барои онҳо одами наздик ва азиз шуда буд гусел кард. Дар фурудгоҳ онҳоро бе ягон санҷиши зиёдатӣ бо бору бунашон зуд гузаронида ба толори интизорӣ гусел намуданд. Иван Иванович ҳангоми хайру хуш ба дасти Гулбоғ як қабза пул дода гуфт:- Барои мӯйсафед (падарашро дар назар дошт) ягон чиз мехарӣ… Чун онҳо ба тайёра даромаданду пулро ҳисоб карданд, Нозир бо ханда гуфт:-Бо ин пул барои амакам як мошини оилиҷаноб харидан мумкин аст. Бигузор сари пириҳо ронда гардад, охир ӯ як умр ронанда буд-ку… Гулбоғ розӣ шуд, зеро худаш аз шавҳараш пинҳонӣ пули бисёре дошт, пулҳои дидаи Миша боз Нозир ҳар вақт барои ину барои он гӯён пулаш медод. Худаш низ баъзе ҳолатҳо аз байни пулҳои шавҳраш чан сумро кашида мегирифту дар хазинааш пинҳон мекард. Чун онҳо ба Душанбе расиданд, бӯйи баҳори оламороро дар машоми ҷонашон эҳсос намуданд. Нозирҷон аз фурӯдгоҳ таксиеро киро карда зуд ба хдеҳа равон шуданд….
Шодии дидор
Дар хонаи амаки Миралӣ ва холаи Сайлонбӣ ҳамаи фарзандону наберагон ҷамъ шуда шодмонӣ мекарданд. Падари хушбахт пеши пойи набераи раҳдураш гусфанди чориеро сар зад. Занон ба пӯхтани гуштбирёну шурбо сар карданду меҳмонон бошанд аввал аз хӯрдани хӯрокҳои баҳорӣ аз қабили оши борику суманак оғоз намуданд. Он рӯз шодмонӣ дар авҷ буд., рӯзи дигар Гулбоғу Нодир ба ҳавлии худашон рафтанд. Зану шавҳар бо дидани ҳавлии дуошёнаи барҳаво, боғу роғи дилкушо, кати чӯбини зебои ороста зери ҳавозаи ангур даҳонашон во монд, онҳо чунин шукӯҳу шаҳоматро чашмдор набуданд. Нозир даҳ дар хонаро чену чоқ карда рӯзи дигар ба бозор рафта аввал қолин гирифт, Хушдоманаш кӯрпачаҳои зебои дӯхтаашро оварда паҳн карду хона рангу намудаи дигар гирифт. Ду рӯзи дигар дӯзандае барои қасрҳои Гулбоғ парда духт, баъд ҷевону рахти хоби қимматбаҳо, яхдону бодбез, хулоса тамоми ҷиҳози хонаро харид намуданд. Баъд Нозир ба мошинбозори пойтахт рафта барои хусураш «ҶИП»- зебоеро харидорӣ намуд. Мӯйсафеди Миралӣ аз ин саховати домодаш мутаассир шуда тӯҳфаро қабул карданӣ набуд, вале Нозир гуфт:-Амакҷон, шумо сару бар шуда барои мо чунин ҳавлии зебо сохтед, ки ин ба ҳазорон доллар меарзад. Баъд ин тӯҳфаи ман не, тӯҳфаи Иван Иванович аст, ӯ ба Гулбоғ пул дод, ки барои шумо тӯҳфа харем… Амаки Миралӣ бо овози гиряолуд гуфт:-Тавба, рус ҳам ба ин дараҷа хуб мешудааст-а… хангоми бозгашт духтарони амаки Миралӣ падарашонро сари чамбараки мошини бадвоҳима дида ашк рехтанд, апаи калонии Гулобоғ Майсара Нозирро ба оғӯш кашида гуфт:- Нозирҷон, падари ман ҳамеша ғусса мехӯрд, ки писар надорад. Шавҳарони мо ҳама инсонҳои хуб ҳастанд ва кушиш мекарданд, ки писари падарам бошанд, аммо натавонистанд, хок дар сари камбағалӣ. Аз ҳамин рӯз иборатан ту дори қиёматии ҳамаи мо, зеро ба падари мо он қадар меҳрубон ҳастӣ, ки писар низ ин гуна меҳрубон буда наметавонад. Нозир аз ин изҳороти ногаҳонӣ ҳайрон шуда ва бо овази паст афзуд, апаҳои азиз, ман барои падари шумо коре накардаам, ин тӯҳфаи ҳамон марди русест, ки мародар рӯсия роҳи кор омӯхт. Ман аз ҷониби худам ваъда медиҳам, ки агар намураму зинад бошам, соли дигар амаку холаамро ба зиёрати Хонаи Худо мефиристам… Амаки Миралӣ оби чашмашро ноаён бо рӯймолчааш пок карда ба Нозир гуфт:-Нозирҷон ту гумон накун, ки ман барои тӯҳфаҳоят туро дӯст медорам. Ту барои ман ҳамчун як инсони хуб азиз ҳастӣ….