Arzon march 2024
Ғуломи хоҳаршӯ (ҚИСМИ 3)
2154

Меҳрноз дар ин оилаи хурдакак ягона нафаре буд, ки ба янгааш мисли хоҷа муносибат мекард. Эркадухтар ду писари дугоник дошт, шавҳараш писарамакаш буду онҳо аз хусуру хушдоман ҷудо зиндагӣ мекарданд.

Зану шавҳар ҳар шанбеву якшанбе ба хонаи онҳо меомаданду Шоҳида хизматгори беминнат буд. Бечора истироҳат ҳам намекард, рафта-рафта рўзҳои истироҳатро бад медидагӣ шуд. Меҳрноз ғайри фармон додан кори дигар надошт ва раҳмат гуфтанро намедонист, ду писари шӯху бесараш ҳавлиро ба сарашон мебардоштанд. Шоҳида сараш хам чизе намегуфт. Аҷибаш ин буд, ки агар Меҳрноз биёяд, хушдоманаш тамоман одами дигар мешуд. Аз рашки духтари эркааш тарсида, ба келин муносибати хуб намекард. Солҳо гузаштанду Шоҳида ҳам соҳиби як духтару як писар шуд, аммо истироҳатро намедид. Рухсатиҳои меҳнатияш мавсими мураббомаҳкамкуниву бодирингу помидор очоронидан барои Меҳрнози эрка буд, ки хонашин буду шавҳари тоҷираш барояш хизматгор ҳам гирифта буд. Писарони беодобаш ҳамин, ки аз дар даромаданд, кокулони Моҳро кашида, кӯдакро гирён мекарданд ё Хуршедро мезаданд, касе наметавонист пишаки онҳоро пишт гўяд. Ин ҳама Шоҳидаро асабӣ мекард, ў дугонае дошт, ки аз аҳволи бадаш огаҳӣ дошт. Медонист, ки ин зани нозанини пулёби сари чанбараки мошин менишаста ва дармонбахши ҳазорон бемор ғуломи хоҳаршўи хонашини аз одамгарӣ дур аст. Саврон боре таклифи аҷибе карду Шоҳида розӣ шуд…

- Медонӣ чӣ, чанд рўз пас ба рухсатии меҳнатӣ мебароем, биё кўдакҳоро гирифта, ба Туркия меравем, роҳхатро шавҳари ман барои ҳардуямон ба яке аз осоишгоҳхои беҳтарини ин кишвар дастрас мекунад.

Саврон низ як духтару як писар дошт, ки бо кўдакони Шоҳида дўст буданд, шавҳарҳояшон ҳам ҷўра буданд.

Инқилоби хоҳаршў

Сари дастархони ғизои шом Шоҳида ба шавҳару хушдоманаш хабар дод, ки ду рўз пас ҳамроҳи кўдакон ба Туркия меравад. Зафар “хайр, бо Саврон мерафта бошед, майлаш равед” гуфт, аммо хушдоманаш, “эҳа, мо ба бўстонсаро рафтанӣ будему чӣ мешавад” гўён, қавоқҳояшро гирифт…

Шоҳида тӯли даҳ соли ҳаёташ бори аввал истироҳат мекард. Рўзи дуввуми истироҳаташон буд, ки хоҳаршўяш занг зада гуфт:

- Шумо бо як кас маслиҳат накарда, ба Туркия рафтед?

Шоҳида бори аввал сард гуфт:

-О шумо дар як сол даҳ бор ба Туркияву Дубаю Ҳиндустон меравед, бо кӣ маслиҳат мекунед?! Ман бо хушдоману шавҳарам маслиҳат кардам ва ман ҳуқуқ ба истироҳат дорам аз рўи кодекси меҳнат!

Ў телефонро дар рўйи хоҳаршўяш кушт ва намедонист, ки чӣ инқилобе ўро мунтазир аст…

Ў бо тўҳфаҳои зиёд ва табъи болида аз истироҳат баргашту шавҳараш ўро аз фурўдгоҳ пешвоз гирифта, ба хона овард. Рўзи дигар субҳи барвақт Меҳрноз омада, бе салому алейк гуфт:

- Имрўз бўстонсаро меравем, мармиҷону тамашк пухтааст, мураббо пухтан даркор.

-Ман намеравам, ду-се рўз хонаву дарро тоза мекунаму баъд бо кўдакон ба деҳа меравам,- ва ба хушдоманаш нигариста гуфт,- оча, агар майл доред, ҳамроҳ меравем, падару модарам хурсанд мешаванд.

-Э қишлоқии ҳаром, ту ин қадар аз худ рафтӣ?! Ба ту кӣ ҳуқуқ додааст, ки ҳар чӣ дилат хост, ҳамон хел кунӣ?! Г… хўрдӣ!, бо овози баланд фарёд зад Меҳрноз ва ба мўйҳои дарози янгааш чанг зад.

Шоҳида мўйҳояшро аз панҷаҳои Меҳрноз халос карда, шаппотие ба рўяш фароварда гуфт:

- Ҳаром, туи танбали бекорхўҷаи тайёрхўр, агар г… чизи бомазза мебуд, ба ман намерасид, як бори дигар даст дароз мекунӣ, дастатро мешиканам!

Хушдоманаш аҳволро дида, “пеши ҳамсояҳо шарманда шудам” гўён, аз ҳуш рафт. Шоҳида ба чизе аҳмият надода, дар сумкае либосҳояшро гирифту кўдаконашро ба мошинаш шинонида, роҳи деҳаро пеш гирифт. Ба наздиконаш дар бораи ҳаёти оилавияш чизе нагуфту ба Саврон телефон карда, хоҳиш намуд, ки то омадани ў ягон хонаи иҷора ёбад…

(Давом дорад)

Рухсора САИД    

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД