Commerc banl
Ғуломи қарз
245

Дар як маҳалла акаи Назар зиндагӣ мекард, ки писарашро хонадор мекард. Ӯ мехост аз ҳамсояҳо кам набошад ва тӯйи писарашро тавре барпо кунад, ки даҳони ҳама воз монад.

Ҳамсояи девордармиёнаш акаи Ҳаким, ки марди дурбин буд, маслиҳат дод:

- Назарҷон, қудрататро бин, қарз нагир. Тӯй як рӯз аст, зиндагӣ ҳазор рӯз. Як маъракаи хоксорона кун, боқимондаи пулро ба ҷавонҳо деҳ, то зиндагиашонро созанд.

- Э ака, гапи мардум чӣ мешавад? Нагӯянд, ки Назар барои писараш хасисӣ кард. Ман бояд беҳтарин тарабхона ва гаронтарин сарояндаро биёрам,- ҷавоб дод Назар бо ғурур.

Назар рафт, аз бонк ва аз чанд ҳамсоя пули калон қарз гирифт. Тӯй гузашт. Даҳҳо намуд таом, сарояндаҳои машҳур, кортежи мошинҳои гаронбаҳо. Ҳама аҳсан гуфтанд.

Тӯй тамом шуд ва меҳмонҳо рафтанд. Рӯзи дигар соҳибқарзҳо ба дари Назар омаданд. Тамоми маоши Назар ва писараш акнун танҳо барои фоизи қарз мерафт. Дар хонае, ки бояд шодӣ мебуд, ҳар рӯз ҷанҷолу фиғон буд. Писар маҷбур шуд арӯси навро гузошта, ба муҳоҷират равад, то қарзҳои обрӯи падарро супорад.

Келин, ки дар орзуи зиндагии ширин буд, худро дар як хонаи қарздор ва бешавҳар дид.

Модари Назар аз фишори қарзҳо ва ҷанҷолҳои хонагӣ ба беморӣ афтод, аммо пул барои доруву табобат набуд.

Оқибат, ҷавонон аз ҳам ҷудо шуданд, чун таҳкурсии зиндагиашон на аз меҳр, балки аз қарзу намоиш сохта шуда буд.

Назар натавонист пули ҳамсояҳоро сари вақт баргардонад. Ҳамон ҳамсояҳое, ки дар тӯй рақсида буданд, акнун ӯро қаллоб мехонданд. Дӯстии чандинсола ба душманӣ табдил ёфт. Обрӯе, ки Назар мехост бо тӯй бихарад, баръакс, ба замин зад.

Назар мехост барои мардум зиндагӣ кунад, аммо худро ва фарзандашро бадбахт кард.

Тӯй воситаи пайвастани ду дил аст, на майдони мусобиқаи боигарӣ. Вақте мо барои гапи мардум зиндагии худро қурбон мекунем, мо на танҳо пуламонро, балки ояндаи насламонро ҳам мебозем.

Дар шаҳру деҳоти мо, намоишкорӣ бузургтарин душмани хушбахтист. Меҳмон мехӯрад ва меравад, аммо бори қарзро танҳо худат мекашӣ.

Касе, ки барои як шаб шоҳ шудан, як умр ғуломи қарз мегардад, ҳеҷ гоҳ таъми ҳақиқии хушбахтиро намефаҳмад. Тӯйи хоксорона бо дили шод беҳтар аз тӯйи шоҳона бо чашми гирён аст.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД