“Ҳулбук” ба лигаи олӣ баромад
Дастаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон ғолиб омада, ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт.
Шогирдони Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев дар 28 бозӣ 20 ғалаба ба даст оварда, 7 рақобатро мусовӣ анҷом доданд ва ҳамагӣ дар як рақобат мағлуб шудаанд. Ҳамин тавр, ин даста бо 67 хол ғолиб омада, ба лигаи олӣ роҳхат гирифт.
Тими “Ҳулбук”-и Восеъ соли оянда ба ҷойи дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан, ки бо қарор гирифтан дар зинаи охири Лигаи бартар ин мусобиқаро тарк намуд, дар лигаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Ҷойи дуюмро дар Лигаи якум дастаи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ гирифта, зинаи сеюмро футболбозони дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳиб шуданд.