Офтоби рў ба ғурубниҳода ҳарчанд нурҳои худро аз замин канда буд, фазоро ҳанўз равшанӣ мебахшид. Найзаҳои нўгтезу пурҷилои хуршедӣ ҷониби само, ба ҷигари абрпораҳои сафедча мехалиданд.
Намоз мошинро дар канори роҳ, рў ба рўйи тарабхонаи «Табассум» гузошта, аз он баромад. Қарор дод, ки то тамоман фурў рафтани офтоб боз як бори дигар мусофиркашонӣ кунад. То ҷамъ шудани мусофирон ба тарафи дўкони гӯшт роҳ пеш гирифт. Супориши ҳамсарашро бояд иҷро намояд. Чашмаш ба аробаи маъюбӣ, ки дар сари роҳи мошингард истода, ба ҳаракати нақлиёт халал ворид мекард, афтид. Болои аробаи маъюбӣ зани тақрибан сисолаи зебочеҳра менишаст. Ў нигоҳи чашмони маҳзунашро ҷониби роҳи калон равона карда, аз афташ касеро интизор буд.
Ронандаҳо, баъзеҳо бо нигоҳи ҳайрат, дигарон бо назари раҳму шафқат, сеюмӣ бо қаҳру ғазаб ба маъюб менигаристанд, ҳатто чанд нафар бо доду фарёд ба сари ин нимпайкараи хушсурат дўғ мезаданд, то ки роҳи мошингардро холӣ намояд. Як ронандаи дағалмиҷоз тоқат накарда, ба унвони зан дашноми қабеҳе фиристод.
Аз ин рафтори ношоями марди авбош ҷаҳли Намоз якбора боло гирифт ва ў ба тарафи ҳақораткунанда давида, хост ҷазояшро диҳад. Аз ваҷоҳати марди ношиноси қавипайкар тарсида, ронанда муҳаррики мошинро ба ҳаракат дароварда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.
Он гоҳ Намоз тарафи соҳиби ароба тоб хўрда, бо лаҳни ширин пурсид:
- Эҳтимол ёрии ман ба шумо зарур бошад. Тайёрам супоришатонро иҷро намоям.
- Ташаккур,- зан нигоҳи чашмони шаҳлову маҳзуни худро ба рўйи ҷавонмарди ношинос давонд. Овози маъюб гўшнавоз ва ҷозибанок садо дод.- Агар малол наояд, маро то хонаам бурда расонед. Намедонам чӣ воқеа рўй додааст, ки ронандаи кирокардаам дер карда истодааст.
- Худи ҳозир,- гўён, Намоз духтарро сабук аз ароба бардошт. Маъюб бо ду дасташ гардани ронандаро сахт ба оғўш гирифта, бари рухсораи алвониашро ба рўйи тозатарошидаи ронанда часпонд. Ҳарорати баланди духтар гўё қувваи барқе буд, ки бадани Намозро ба ларзиш овард. Аммо ў бо қувваи ирода ин ҳисси руҳафзоро аз вуҷудаш бароварда, шитобон қадам зада, духтарро оварда, ба нишастгоҳи қафои мошинаш шинонд. Давида рафта, аробаро бардошта оварда, ба бордон гузошт. Ба мошин нишаста, онро ба ҳаракат даровард. Ба ойина назар карда, маъюбро ашкрезон дид.
- Шумо гиря карда истодаед?,- бо меҳр пурсид Намоз.- Магар амали ман боиси озори хотири шумо гардид?
- Баръакс,- маъюб аз сумкачааш рўймолчаи дастидўхташро бароварда, қатраҳои дар болои рухсораҳои анормонандаш шоридаро тоза кард ва суханашро давом дод.- Имрўз орзуи даҳ сол дар дил парваридаам ҷомаи амал пўшид.
- Нафаҳмидам,- ҳайрон савол партофт Намоз.- Чӣ хел орзу?
- Ба шумо чӣ тавр фаҳмонам,- дар пешонаи фарохи духтар ду чини ба назар базўр намоён нақш баст.- Ҳамаи мардон ба мани мискин ҳамчун маъюб менигаранд. Ҳеҷ кадоми онҳо фикр намекунанд, ки ман зан ҳастам. Ҳоло ман сисолаам ва даҳ сол боз орзу мекардам, ки лоақал рўзе дасти марде ба баданам расад. Магар шумо якбора баланд шудани ҳарорати бадани маро пайхас накардед?