Formula novemver 2024
ТУ КӢ БДӢ, ҚЛ?
1562

Салом ба хонандагони сомона. Имрӯз шоҳиди моҷарои лафзии зану шавҳаре шудем, ки як бино аз мо дуртар зиндагӣ мекунанд. Мисле ки дар саҳни ҳавлии бино барои чизе гапашон гурехта буд.

Зан бо овози баланд тарафи шавҳараш мегуфт, “т кӣ бдӣ қл, попушиҳот даридагӣ то тур...та ма харидагиям, ма одамат кардам...”.

Мард кӯшиш мекард, ки ҳамсарашро ором кунаду хона дарорад, вале натиҷа намедод ва беист таънаву маломташ мекард, ки “ту марде шудагии ки як килло гӯшт хона оварда бошӣ, ҳамаша ма мекнм, ма ва аз шоти ма зиндагӣ дорӣ....”

Ҳамсояҳо байни ҳам мегуфтанд, “ин мард ба фикрам барои хонаву дараш ин зана гирифтагиай”. Дигаре мегуфт, “эй не, ҳамдигарша ба ошиқи гирифтагиянд ва занак коргари пулдорай...”

Занҳо, бахусус мардҳои муҳтарам ба хотири пулу мол занро интихоб накунед, зеро оқибаташ ҳамин таънашапаку маломатшунавист. Бешак, марду зане низ аст, ки пулу молу мақому ҷойгоҳ барояшон аҳамият надорад ва танҳо барои онҳо меҳру муҳаббату самимияту дӯстдорӣ, аз ҳама чиз, шояд ки ҳам муҳимтар аст, издивоҷ мекунанд. Агар чӣ якеаш камбағал бошад ҳам, вале шояд боз чунинҳое ки танҳо ба хотири хушбахтиву садоқати ҳамдигар чизе барояшон арзише надорад, кам бошанд. Зимнан беҳуда намегӯянд, “таъна душмани муҳаббату зиндагист”

Ҷамолиддин Фахриддин,

сокини ш. Душанбе

 
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД