formula
ТОП 7-бемории мардона, ки дар зимистон хурӯҷ мекунад
888


Аксари мардон нисбати саломатиашон бисёр бепарво ҳастанд ва назди духтур рафтанро ба худ айб медонанд.

Маводи навбатии мо маҳз барои ҳамин тоифаи мардон аст, зеро бемориҳое мавҷуданд, ки дар сурати сари вақт ба табиб муроҷиат накардан, марди зоҳиран бақувват ва зӯру тавоноро дар як муддати кӯтоҳ нотавон мегардонанд ва ба бисёр мушкилиҳои дигар аз қабили бефарзандӣ ва кам шудани рағбати ҷинсӣ гирифтор месозанд. Албатта шумо пай бурдагистед, ки гап дар бораи бемориҳои мардона меравад.

Зимистон бо мардон шӯхӣ намекунад?

Қисми зиёди мардон ҳатто дар фасли зимистон низ бо либоси сабук ба кӯча мебароянд ва агар ҳамсарашон эрод бигирад, даст афшонда мегӯянд: “мизоҷи мо, мардҳо табиатан гарм аст,хунук намехӯрем!” Дар асл миҷози мард ҳар қадаре, ки гарм набошад, зимистон кори худро мекунад ва зери таъсири сармо мард ба бемориҳое гирифтор шуда метавонад, ки табобаташон саҳлу осон нест. Имрӯз мо дар бораи 7 беморие ба шумо маълумот медиҳем, ки бештар дар фасли сармо авҷ мегиранд.

1.Бемориҳои узвҳои пешоброн

Ҳар дуюмин мард дар сайёраи Замин дар умраш ҳеҷ набошад як бор бо мушкилоти узвҳои пешоброн дучор гаштааст. Сабаб дар он аст, ки мардҳо “мошин дорам, пиёда нестам, роҳ дур нест ё офис гарм аст...” гуфта, бештар бо либоси тунук мегарданд. Мардҳо бояд бидонанд, ки ҳатто дар сурати бо мошин ба кор рафта омадан низ хавфи шамол хӯрданашон вуҷуд дорад. Вақте ки шумо бо либоси тунук аз мошини гарм мефароед, ҳамагӣ чанд лаҳза кифоя аст, ки ҷисматон шамол кашида бо мушкилоти узвҳои пешоброн рӯ ба рӯ гардед.

2. Простатит ва аденомаи простата

Ғадуди простатаи мардон дар байни рӯдаи рост ва пешобдон ҷойгир шудааст. Простатит гуфта илтиҳоби простатаро дар назар доранд, аденомаи простата бошад, калоншавии ин узв бар асари илтиҳоб буда, 50% -и мардон баъди 40-солагӣ ба ин иллат гирифтор мешаванд.

3. Санг ва илтиҳоби гурда

Ба санги гурда ва илтиҳоби гурда ҳар чорумин марди синну соли 25-50 сола гирифтор мешавад. Санг дар гурда ва пешобдони мард асосан дар натиҷаи вайрон шудани мубодилаи моддаҳо дар организм пайдо мешавад. Ғизои носолим ваодатҳои бад аз қабили сигоркашӣ ва дил бастан ба шароб низ метавонад боис ба иллатҳои гурда гирифтор шудани мар бигардад. Баъзан шароити номусоид дар ҷойи кор низ касро ба бемориҳои гурда гирифтор месозад.
Дар фасли зимистон бештар мардон аз пиелонефрит-илтиҳоби гурда азият мекашанд. Бемории мазкур бештар бар асари шамолкашӣ, санги гурда ва табобат накрадани простатит ва аденомаи простата мардонро азият медиҳад. Нишонаи аввалини вайрон шудани низоми кори гурдаҳо ин пайдо шудани варам, махсусан варам кардани таги чашмон мебошад, бинобар ин бо мушоҳида намудани варам ҳатман ба назди духтур шитобед.

4. Вариоцеле-бемории тухмдонҳои мардона

Вариоцеле-бемории тухмдонҳои мардона буда, нисбат ба простатит ва аденомаи простата кам во мехӯрад, вале ин чунин маънӣ надорад, ки шумо ҳеҷ гоз ба ин касалӣ гирифтор намешавед. Аз ин беморӣ тахминан 15–20%-и мардон азият мекашанд, ки бештарашон ҷавонон ва наврасони нав ба балоғат расида ҳастанд. Вариоцеле гардини хунро дар узвҳои мардона вайрон мекунад ва дар натиҷа кас метавонад ба безурриётӣ гирифтор шавад. Аз ҳамин хотир ба ҷавонмардоне, ки вариоцеле доранд, тавсия медиҳем, ки ҳатман ба духтури уролог муроҷиат намоянд. Нишонаҳои зерин аз пайдо шудани ин беморӣ дарак дода метавонанд:
• Пайдо шудани дард дар мавзеи миён
• Мушкилот ҳангоми пешоб кардан аз қабили дошта натавонитани пешоб ё баръакс тез-тез пешоб кардан
• Тағйир ёфтани ранги пешоб ва пайдо шудани қатраҳои хун дар пешоб
• Вайроншави функсияи узв ва суст шудани рағбати ҷинсӣ
Якбора вазни зиёдеро партофта, сахт хароб шудани мард

5. Беморие, ки мардҳо аз он метарсанд

Дар байни бемориҳои мардона чанд касалие ҳаст, ки мардон ба қавле “қадди аҷал” аз ин бемориҳо метарсанд ва ҳатто ба худашон иқрор шудан намехоҳанд, ки чунин иллат доранд. Яке аз беморҳои “даҳшатовар”-и мардона барои ҳар як мард ин безурриётӣ аст. Таҷрибаҳои табибон ва олимони соҳаи тиб кайҳо собит намудаанд, ки дар беш аз 50%-и ҳолатҳо маҳз бо сабаби бемориҳои мардона оилаҳои ҷавон соҳиби фарзанд шуда наметавонанд, вале аксари мардон гуноҳро фақат ба сари зан бор крада, аз рафтан ба назди духтур худдорӣ мекунанд. Аксаран зан хоҳиш мекунад, зорию тавалло мекунад ва ҳатто ба пеши пойи шавҳараш меафтад, ки якҷоя ба духтур рафта аз ташхис гузаранд, аммо мард саркашӣ мекунад. Якравии мард метавонад боиси сар задани моҷароҳои оилавӣ ва ҳатто вайрон шудани оилаи ҷавон гардад, бинобар ин, тавсияи мо ба мардоне, кит мушкили безурриётӣ доранд, он аст, ки тарсро дар худ мағлуб намуда, ҳатман ба табибон муроҷиат кунанд. Илми тиб имрӯз хеле пеш рафтааст ва бо истифода аз усулҳои замонавӣ безурриётии мардона бо муваффақият табобат карда мешавад.

6. Камшавии рағбати ҷинсӣ

Бемории дигаре, ки мардон аз он сахт метарсанд, ин импотенция ё гум шудани рағбати ҷинсӣ мебошад. Танҳо дар Россия ҳудуди 5 миллаон мардон аз ин беморӣ азият мекашанд. Маъмулан мардҳое, ки ба импотенция гирифтор шудаанд, кӯшиш мекунанд, ки ин ҳолати худро аз ҳама, ҳатто аз ҳамсарашон пинҳон доранд. Сароғоз мард кӯшиш мекунад, ки кам ё гум шудани рағбати ҷинсиашро ба асабонияти зиёд, хастагӣ ва ё сард шудани оташи ишқу муҳаббаташ нисбат ба зан рабт диҳад, баъд ба худтабобаткунӣ сар мекунад, вале ба ягон натиҷа намерасад. Роҳи беҳтарин дар ин ҳолат ба духтури уролог, андролог ё шаҳватшинос муроҷиат намудан аст. Табиб сабаби сар задани бемориро муаян намуда табобатм ефармояд ва баъди муддати кӯтоҳ шумо боз “марди мардон”ва қаҳрамони ҷабҳаи ишқу муҳабат хоҳед гашт.

7. ЗППП-“Сюрприз”-и нохуш

ЗППП гуфта бемориҳои винерикии сироятиеро дар назар доранд, ки асосан бо воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд. Сифилис, хламидиоз ва папилломавирус аз зумраи чунин бемориҳо мебошанд. Дар 80% -и ҳолатҳо ин бемориҳо баъди машғул шудан ба алоқаи ҷинсӣ бо шахси тасодуфӣ, содатар карда бигӯем, бар асари занбозию духтарбозӣ дар мардон пайдо мешавнад. Нишонаҳои аввалини гирифтор шудан ба бемориҳои винерикӣ инҳоянд:
• Пайдо шудани сӯзиш, хориш ва нороҳати дар увзҳои мардона
• Пайдо шудани доначаҳо ва захмҳо
• Рафтани ташарруҳот ё зардоб аз узв
• Пайдо шудани доғҳои ба карами ранга монанд
• Сурхшавии пӯст.
Ба эҳсос кардани нишонаҳои зикршуда ҳатман ба табибони ин соҳа муроҷиат намудан лозим аст, чунки дар сурати табобат накардани бемориҳои винерикӣ ин касалиҳо мардонро ба бисёр мушкилиҳои дигар гирифтор гардонида метавонанд.
           Барои пешгирии бемориҳои мардона                          чи бояд кард?
Барои пешгирии бемориҳои мардона ба қоидаҳои зерин риоя намудан лозим аст:
1. Реҷаи хӯрокхӯриро риоя намуда, ғизоҳои равғанин, бирёнӣ, шӯр, тез ва маҳсулоти дӯдиро камтар истеъмол намоед. Фаромӯш накунед, ки яке аз сабабҳои кам шудани қувваи мардӣ ва суст шудани рағбати ҷинсии мард ин фарбеҳӣ мебошад.
2. Аз одатҳои бад аз қабили сигоркашӣ ва шароб даст кашед.
3. Дар зфасли имистон тез-тез ба ҳамоми гарм-сауна наравед, чунки аксаран маҳз баъди баромадан аз ҳамом мардон шамол кашида, ба ҳар хел бемориҳо гирифтор мегарданд.
4. Духтарбозӣ накунед, агар бе ин наметавониста бошед, пас худро ҳимоя кунед.
5. Ба хотири пешгирии ҳамли номатлуб танҳо аз воситаҳои пешгирии ҳамл истифода баред.
6. Тасодуфан зарба хӯрда бошед ва дарди узвҳои мардонаро эҳсос намоед, ҳатман сари вақт ба назди духтур равед.
7. Либоси таҳпӯшеро бипӯшед, ки аз матои пахтагин бошад.
8. Вақте ки тез-тез пешоб мекунед, ба назди духтур рафтанро ба таъхир нагузоред, зеро ин аломати вайроншавии кори узвҳои пешоброн мебошад.
9. Шумо худро комилан солим эҳсос намоед ҳам, соле ақалан як маротиба ҳатман аз назорати духтури уролог гузаред.

10. Аз оиладориатон аллакай зиёда аз як сол гузашта, то ҳол соҳиби фарзанд нашуда бошед, шарм надошта ҳамроҳи занатон назди духтур равед ва аз ташхиси пурра гузаред, то ки аз саломатии худ ва ҳамсаратон дилпур гашта, соҳиби меросхӯр гардед.
Боқӣ саломат ва хушбахт бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД