Sebiston new 2024 october
РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО САКТАИ ДИЛ(ИНФАРКТ)
8450

 

Хабари ба сактаи дил-инфаркт гирифтор шудани ин ё он касро вақтҳои охир бадбахтона тез-тез мешунавем. Ҷавонмардони рустамбозую ҷавонзанҳои нозанини дирӯзакак сип-сиҳат якбора ба ин балои азим гирифтор шуда, саломатиашонро аз даст медиҳанд ва ба фоҷиаҳои аз ин ҳам бадтар низ гирифтор мешаванд.

Инфаркт риштаи умри чандин ҳазор одамонро бармаҳал баркандааст. Бо ин дарди шадид чӣ гуна метавон мубориза бурд?

Барои мубориза бурдан бо ҳар гуна душман пеш аз ҳама хислату хӯяшро омӯхтан лозим аст. Сактаи дил душман аст, душмани ҷони одамизод, аз ин рӯ аввалан бояд нишонаҳояшро аниқ намоем.

Нодонӣ-душмани ҷон

Бемории қалб рӯз то рӯз бештар реша давонад ҳам, бадбахтона мардум то ҳол роҳҳои мубориза бо ин дардро намедонанд ё аслан ба ин масъала мароқ зоҳир намекунанд. Олимони рус барои фаҳмидани он, ки мардум то кадом андоза тайёранд ба одами ба сактаи дил гирифторшуда ёрии аввалин расонанд, пурсишеро анҷом доданд. 53 % -и пурсидашудагон натавонистанд нишонаҳои инфарктро номбар намоянду 67 %-и дигар дар бораи расонидани ёрии аввалин ягон тасаввурот надоштанд.

Чаро ба сактаи дил гирифтор мешавем?

Сабаби асосии доман паҳн кардани беморӣ то аз по афтидан ба духтур муроҷиат накардани касони ба иллатҳои гуногуни дил гирифтор аст. Надонистани нишонаҳои асосии беморӣ низ боиси вақти қимматро аз даст додани соҳибони бемор ва фарҷоми ҳузнангези инфаркт мегардад. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки вақти сактаи дил қалби одам ба дард меояду зиёд тапиш мекунад, вале дар асл чунин нест.

Нишонаҳои инфаркт

Нишонаи аввалини инфаркт дарди сахт дар қафаси сина аст. Дард оҳиста-оҳиста ба даст, пушт ва ба шикам гузашта, эҳсосе пайдо мешавад, ки дар гулӯ чизи сахте руст шуда мондааст. Дар ҳамин ҳолат бемор нитроглицеринро истифода барад, дард рафъ мешавад. Мабодо баъди хӯрдани дору низ дард нагузарад, беморро таъҷилан ба духтур бурдан лозим аст. Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ нисфи бемороне, ки аз сактаи дил ҷон ба ҷонофарин супурдаанд, маҳз бо сабаби дер ба духтурхона бурдан аз олам мегузаранд. Бадбахтона, ҳатто дар шаҳрҳои обод низ беморони ба сактаи дил гирифторшударо тақрибан баъди 20 соат ба бемористон мебаранд ва дар ин ҳолат имкони аз панҷаи аҷал раҳонидани ҷони бемор қариб, ки ба сифр баробар аст.

Ёрии аввалин

Тасаввур кунед, ки ягон одами наздикатон ба сактаи дил гирифтор шуд. Шумо то расидани мошини «Ёрии таъҷилӣ» чӣ кор мекунед?

Инфаркт сабаби асосии аз кор мондани дил мебошад, бинобар ин, пеш аз ҳама дили беморро маҳс намуда, ба ӯ нафаси сунъӣ додан лозим аст. Одатан дар дақиқаҳои аввалини сактаиқалб ин муфидтарин кӯмак ба бемор хоҳад гашт. Бо чунин усул ҳадди ақал 10 %-и беморонро метавон аз марг наҷот бахшид. Дар давлатҳои пешрафта курсҳои махсуси ёрии аввалин дар ҳолати инфарктро ҳам кормандони хадамоти оташнишонӣ ва ҳам кормандони полис мегузаранд. Одамони зиёде ихтиёрӣ дар ин курсҳо ширкат меварзанд, то дар ҳолати зарурӣ ҷони касони ба сактаи дил гирифторшударо наҷот дода, савоб бигиранд.

Дили «мурда» зинда мешавад?

Солҳои пешин аз нисф зиёд беморони сактаи қалб дар бемористон вафот мекарданд. Аввалин револютсия дар табобати сактаи дил солҳои 60-ум, замоне ки дифибриляторро ихтироъ намуданд, ба вуҷуд омад. Бо ёрии ин асбоб дили аз тапидан бозмондаро дубора фаъол гардонидан имконпазир аст. Дуюмин яроқ ба муқобили инфаркт тромболизис шуд. Аввалин бор онро кардиологи рус Евгений Иванович Чазов анҷом дод. Ӯ ба бемор доруворие ворид намуд, ки тромби дар артерия эҷод гардидаро об намуд. Бо ҳамин восита пеши роҳи инфаркт гирифта шуд. Табаддулоти сеюм охирҳои соли 80-ум пайдо шуд. Табибон дар раги хунгарди осебёфта стент гузоштанд ва дар натиҷа кори рагро дуруст ба роҳ монда, чизҳои зиёдатиро аз рагҳо хориҷ намуданд. Бо кӯмаки стенд функсияҳои асосии дил фаъол боқӣ мемонанду норасоии дил ба вуҷуд намеояд ва бемор маъюб намегардад, вале барои гузаронидани ин амалиёт аз замони ба бемористон расидани бемор то вақте ки артерияи ӯ кушода мешавад набояд аз якуним соат бештар гузарад. Касоне, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд, метавонанд беморашонро сари вақт ба маркази бемориҳои дил расонида бо кӯмаки ин усул бар сактаи дил ѓолиб оянд, вале аз деҳоти дурдаст ба пойтахт расонидани беморон кори саҳл нест.

Фаромӯш накунед!

Саҳлангорӣ ва беҳуда гузаронидани вақт ҳангоми ба сактаи дил гирифтор шудан ниҳоят хатарнок аст, бинобар ин, тарзҳои расонидани ёрии аввалинро ҳангоми инфаркт омӯзед. Вақте ки мошини «Ёрии таъҷилӣ» дер мемонад, худи наздикони бемор бояд илоҷе карда, ӯро то нуқтаи аввалини тиббӣ расонанд.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД