arzon replenishment
Гайморит: Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои табобат
4578

 

Шамолхӯрӣ, зӯком, субҳу шом оббозӣ карда, бо сари тар ба кӯча баромадан ва дар ҳавои хунук сари луч гаштан касро ба гайморит гирифтор месозад. Бисёриҳо ба ин беморӣ аҳамият намедиҳанд, бехабар аз он ки табобат накардани гайморит метавонад касро ба бемории хатароноки миннегит гирифтор созад.

Барангезандаҳои беморӣ

Гайморитро асосан вирус ва бактерияҳои зиёноваре, ки ба организми инсон роҳ меёбанд, ба вуҷуд меоранд. Риновирус, аденовирус, бактерияҳои пневмококку чӯбчаи гемофилӣ, замбурӯғҳои MucorRhizopus  ва  Aspergillus барангезанаҳои асосии ин беморӣ ба шумор мераванд.

Ногуфта намонад, ки гайморит бар асари баъзе бемориҳои дигар аз қабили ренит (аллергический ренит), пӯсидани дандонҳо (кариес), пайдо шудани полип ва ғадуди саратонӣ дар сӯрохиҳои бинӣ (рак), астма ва ҳатто хурд будани сӯрохиҳои бинӣ пайдо шуда метавонад.

Нишонаҳои гайморит

Нишонаи аввалини беморӣ маҳкам шудани бинӣ ва душвор гаштани нафаскашӣ мебошад. Бо сабаба нарасиани ҳаво ба мағзи сар шахси ба гайморит гирифтор шуда аз дарди сар азият мекашад. Дар мавзеи атрофи чашмон ва рухсораҳо сӯзиш ва дарди кунд эҳсос мешавад. Одамони ба гайморит гирифтор шабона аз сулфаи шидиде, ки бо ягон дорӯ намегузарад, мижа таҳ карда наметавонанд. Сабаби сулфа бо девораи қафои гулӯ ҷорӣ шудани оби бинӣ ва зардоб мебошад. Аксаран бо сабаби маҳкам будани бинӣ мариз бӯйро қариб, ки ҳис намекунад ва худро хаставу бемадор эҳсос намуда, дасташ ба кор пеш намеравад. Беморӣ шиддат бигирад, табби бемор баланд шуда, то 38-38, 5 дараҷа мерасад.

Хатари гирифтор шудан ба гайморит махсусан дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон зиёд аст, бинобар ин, бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини беморӣ ҳатман бояд ба духтур муроҷиат намуд. Худтабобаткунӣ оқибатҳои нохушро ба бор оварад, бинобар ин, аз пеши худ ҳар хел давоҳои насанҷидаро истифода бура, ҳаётатонро ба хатар наандозед.

Гайморитро аз зӯком чӣ хел фарқ кардан мумкин?

Тавре ки дар оғоз гуфтем, маъмулан гайморит бо маҳкам шудани бинӣ аз худ дарак медиҳад. Азбаски зимни шамолкашию зӯком низ бинӣ маҳкам мешавад, бисёриҳо бо гумони он ки “грип” шудаанд, ба бемориашон чандон аҳамият намедиҳанд. Одатан нишонаҳои зӯком дар бадали 4-5 рӯзи табобат мегузаранд. Мабодо аз як ҳафта бештар маҳкам будани биниатонро эҳсос намоед ва баъди гирифтани дорӯю дармон низ ҳолатон рӯ ба беҳбудӣ наорад, аз паси ташхис шавед, зеро ин метавонад аломати гайморит бошад. Нишонаи дигаре, ки байни зӯком ва гайморит фарқият мегузорад, сӯзиши бинию мавзеи атрофи чашмон мебошад. Сӯзиш шабона ва вақти якбора хам шудан ё тоб додани сар шитддат мегирад. Як тарафи бинӣ шамол кашида бошад, дард танҳо дар ҳамон тараф эҳсос мешавад, вале дутарафа бошад, бар замми сӯзиши бинӣ чаккаҳои сар ва ҳатто дандонҳо низ сахт дард мекунанд.

Оби бинӣ ё зардоб?

Чуноне, ки ҳангоми зӯком оби бинии кас мешорад, обравӣ аз бинӣ дар шахсони ба гайморит гирфтор шуда низ ба назар мерасад. Маъмулан дар оғози еморӣ аз бинӣ оби соф меравад, вале баъдан касалӣ реша давонда, оби бинӣ торафт ғафс ва часпак шудан мегирад. Рафтани зардоби ғафс аз бинӣ нишонаи он аст, ки беморӣ аллакай кӯҳна шудааст. Дар ин ҳолат ҳарчи зудтар аз паси табобат шудан лозим аст, чунки хавфи ба миненгит гирифтор шудан ба миён меояд. Ногуфта намонад, ки агар бинӣ сахт варам карда бошад, оби бинӣ намешорад, аммо беш аз 10 рӯз маҳкам шудани бинӣ аз пайдоиши гайморит дарак медиҳад.

Оқибатҳои гайморит

Дар сурати табобат накаран гайморит метавонад касро ба бемориҳои танзилит, фарингит, отит ва касалиҳои вазнини зерин гирифтор созад: 1. Миненгит-шамолкашии пардаҳои мағзи сар, ки бемории хатарнок ба шумор меравад. Маъмулан миненгит бо дарди шадиди сар оғоз ёфта, табби мариз то 39-40 дараҷа баланд мешавад ва хӯроки хӯрдаашро қайъ кардан мегирад. Дар баъзе ҳолатҳо манаҳ боло баромада бемор сарашро хам кара наметавонад. Мутаасифона, табобати миненгит бисёр душвор буда, ин беморӣ маризро то ба марг расонида метавонад.

2. Энцефалит—шамолкашии мағзи сар. Ин беморӣ бо ларзиш (судороги) сар шуда, ба назари мариз ҳар хел ҷонварони бадҳайбат намуда метавонанд. Психикаи бемор вайрон шуда, аз ҳуш меравад. Табобаташ имконпазир, аммо ниҳоят душвор ва тӯлонӣ мебошад.

3. Сепсис-чиррку зардоби гайморит метавонанд хунро вайрон карда, касро ба сепсис гирифтор созанд. Беморӣ хеле тез шиддат гирифта, мариз метавонад ба кома афтад ё бо ӯ ягон фалокати дигар рӯй диҳад.

4. Остеомиелет-шамолкашӣ ва зардоб гирифтани устухонҳои майнаи сар бар асари гайморит. Одатан беморӣ бисёр вазнин ҷараён мегирад. Табби мариз то 40 дараҷа баланд шуда, хӯроки хӯрдаашро мепартояд. Табларза, чарх задани сар ва сиёҳ шудани пеши чашмон, аз ҳуш рафтан ва ё сафсаттагӯии бемор аз зумраи нишонаҳои дигари бемории мазкур мебошанд.

Ташхиси гайморит

Барои ташхис ва табобати гайморит пеш аз ҳама ба духтури ЛОР муроҷиат кардан лозим аст. Табиб шикоятҳои беморро гӯш карда, вобаста ба ҳолати зоҳириаш (варам доштан ё надоштани рӯй ва сӯрохиҳои бинӣ, лимфоузелҳо ва ғайра) аз паси ташхис ва табобат мешавад.

Табобати беморӣ

Барои аз гайморит халос шудан мариз боядтабобати ҳаматарафа бигирад. Дар баробари қабули дорӯворе, ки табиб тавсия медиҳад, ҳамчунин сӯрохиҳои биниро бо маҳлулҳои махсус шустан лозим аст, то аз чирку зардоб тоза шаванд. Гирифтани табобати физеотерапӣ низ муфид аст.

Дар ёд дошта бошед, ки барои аз гайморит ба пуррагӣ халос шудан табобатро то ба охир гирифтан лозим аст. Нафароне, ки баъди чанд рӯзи табобат худро беҳтар ҳис карда, аз баҳри хӯрдани дорӯ ва идома додани табобат мегузаранд, бемориашон кӯҳна шуда, баъди чанд вақт боз онҳоро азият хоҳад дод.

Прокол кунем ё накунем?

Прокол-сӯрох каран ба хотири рехтани оби ҷамъшуда дар оғози беморӣ шарт нест. Гайморити нав пайдо шударо бо дорӯву даво табобат кардан мумкин аст. Дар замони муосир усулҳои дигари нисбатан осони мубориза бо гайморит низ вуҷуд доранд, ки нисбатан безарар мебошанд. Сӯрох кардан танҳо дар ҳолатҳои зерин тавсия дода мешавад:

1. Пурра маҳкам шудани бинӣ

2. Аз бинӣ рафтани зардоби ғафси сабзчатоб

3. Торафт вазнин шудани ҳоли бемор

Дар ҳолатҳои дар болои зикршуда табиб бо сӯзани махсус, ки “Игла Куликовского” ном дорад, сӯрохӣ боз намуда, бо шпритс чирку зардоби ҷамъшударо кашида мегирад. Амалиёт каме дарднок бошад ҳам, мариз дарҳол беҳбудӣ эҳсос мекунад. Пас аз амалиёт ҳатман табобат гирифтан лозим аст.

Маслиҳатҳо барои пешгирии гайморит

Пешгирии ҳама гуна беморӣ аз табобати он осонтар аст. Ба гайморит гирифтор шудан нахоҳед, ба маслиҳатҳои мо гӯш андозед:

1. Бо варзиш машғул шавад ё ҳеҷ набошад, субҳгоҳон давиданро ба худ одат намоед.

2. Мувофиқи мавсим либос пӯшида, дар ҳавои сард таги курта нагардед.

3. Хӯрокҳои серғизо хӯред.

4. Аз баҳри одатҳои бади худ аз қабили шаробнӯшӣ ва сигор гузаред.

5. Дар сурати шамол кашида зӯком шудан ҳатман табобат бигиред.

6. Дар як рӯз ду бор дандонҳоятонро шӯед.

7. Биниатон каҷ ё ягон иллати дигар дошта бошад, ҷарроҳӣ кунед.

Саломат бошед!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД