Дар замони Шӯравӣ ба инсон аз рӯйи дониш ва ақлу фарсаташ баҳо медоданд, вале замона дигар гашта, акнун ченаки баҳодиҳӣ ба одамон низ дигаргун шудааст. Имрӯз қариб дар ҳама ҷо ба шахс аз рӯйи сару либос, вазифа ва мошинаш баҳо медиҳанд.
Доштани пулу моли зиёд, хонаҳои бодабдаба ва мошини қиматбаҳо қадру қимати инсонро дар назди дигарон афзун месозад. Аз ҳамин хотир афроди сарватманд ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки тамғаҳои нав ба нави мошинҳои замонавиро харидорӣ карда бо ҳамин роҳ дороии худро ба дигарон намоиш диҳанд.
Агентии “Автостат” рӯйхати 5-мошини хеле зебо ва қиматбаҳоеро нашр кардааст, ки дар моҳи сентябри соли 2021 якбора мӯд шуда, харидорони зиёде пайдо кардаанд.
Ҷойи аввалро дар ин панҷгона Hyundai Creta ишғол намудааст. Дар Русия дар бадали як моҳ ҳудуди 3851 Hyundai Creta ба фурӯш рафтааст. Тамғаи мазкур натанҳо дар моҳи сентябр, балки дар тӯли нӯҳ моҳи соли 2021 аз ҳама серхаридор ба шумор меравад.
Ҷойи дуюмро Toyota RAV4 ишғол менамояд. Дар бадали моҳи сентябр дӯстдорони мошинҳои замонавӣ 3416 Toyota RAV4-ро харидорӣ кардаанд.
Зинаи сеюм насиби Renault Duster гашта, 3063 нафар маҳз ҳамин тамғаи мошинро харидорӣ намудаанд.
Дар зинаи чорум Volkswagen Tiguan меистад ва аз ин тамға дар бадали як моҳ 2318 мошин харидорӣ шудааст.
Зинаи панҷум насиби Kia Sportage гашта, дӯстдорони мошинҳои варзишӣ 1860 мошини ин тамғаро харидорӣ кардаанд.
Ногуфта намонад, ки фурӯши баъзе тамғаҳои дигари мошин низ рӯ ба афзиш ниҳодааст, масалан талабот ба Kia Sorento дар соли 2021 назар ба соли 2020 ҳудуди 28% афзудааст. Харидорони Nissan X-Trail 25% ва Chery Tiggo 7 ҳамагӣ 5, 1% зиёд гашта, ошиқони Nissan Qashqai ва Hyundai Tucson баръакс камтар шудаанд.
Аз ҳама мошини серхаридор айни замон Hyundai Creta ба ҳисоб меравад. Дар бадали соли равон 53 339 мошини тамғаи Hyundai Creta бо муваффақият ба фурӯш рафтааст. Ногуфта намонад, ки Lada Niva ва Renault Duster низ “мӯд” шуда истодаанд. Мошинхар бошед, маҳз ҳамин тамғаи мошинҳоро интихоб кунед!