Ҳаводиси хунин ва ваҳшатангезе, ки ин шабу рӯзҳо дар сарзамини кишвари ҳамсояамон Афғонистон ба вуқуъ пайваста истодаанд, ягон инсони соҳибдилро бе тараф гузошта наметавонанд. Ҳамарӯза садҳо бегуноҳон кушта шуда, ҳазор-ҳазор одамони дигар маҷбур мешаванд, ки аз тарси ҷон марзу буми бобоӣ ва хонаву хонумони худро раҳокарда, аз Ватани аҷдодиашон фирор намоянд. Теъдоде аз гурезагони афғон ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд. Ба хотири ошно гаштан бо авзоъ мо бо як бонуи фирории афғон бо исми Шикебо сӯҳбат оростем.
-Шикебо, имрӯзҳо дар бораи бераҳмии “Толибон” дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр менависанду мегӯянд, вале ҳақиқатро мо аз забони шумо, ки ба тозагӣ аз Афғонистон омадаед, шунидан мехоҳем...
-“Толибон” дар ҳақиқат бисёр хашин (бадхашм) ва золим ҳастанд, занону мардони баркамол он тараф истад, ҳатто ба солмандон (мӯйсафедон) ва кӯдакони хурдсол заррае раҳму шафқат надоранд. Вақте нисбати касе кина бигиранд, аз аҳли он хонадон ҳеҷ кас аз дасти ин гурӯҳи хунхор ҷон ба саломат бурда наметавонад. “Толибон” ба хотири қасос гирифтан ҳатто кӯдакони ширхораро дар гаҳвора кушта, баъдан баромада мераванд. Бераҳмии ин гурӯҳ тасаввурнопазир аст...
-Воқеан ҳам ваҳшатангез аст! Шумо ҳам аз тарси “Толибон” тарки Ватан намудед?
-Аслан, маро ҷабри амӯи авлодонам (додаршӯяшро дар назар дорад) маҷбур ба тарки Ватан кард, агар ин корро намекардам, бачаҳоямро кашида мегирифтанд ва шояд дигар ҳеҷ гоҳ рӯйи фарзандонамро дида наметавонистам...
-Кӣ авлодонатонро кашида мегирифт? Шавҳаратон?
- На, шавҳарам аз олам гузаштаву ман як ҷавонзани танҳо ҳастам. Амӯяшон, яъне бародари шавҳарам мехоҳад авлодои маразӯран кашида бигирад.
-Чаро?
-Дар Афғонистони мо то ба имрӯз як анъанаи палид арзи вуҷуд дорад- вақте мард аз дунё гузашт, ҳамсари бевамондаашро бародараш ба занӣ мегирад. Мардони афғон гӯё ба хотири аз даст нарафтани номуси худ ин корро мекунанд ва аслан касе аз зан намепурсад, ки ин никоҳро қабул дорад ё не...
-Ва баъди марги шавҳаратон бародараш шуморо талабгор гашту ба хотири фирор аз ин издивоҷ рӯ ба гурез ниҳодед...?
-Оре, ҳамин суннати махуфмаро аз Ватан ва хонаву хонумони худ ҷудову овора карда, ба кишвари шумо овард.
-Кӯшиш накардед ба додаршӯятон фаҳмонед, ки замона дигар шудааст ва имрӯз барои занони муосир бо бардари ҳамхуни шавҳар дар як болин сар ниҳодан қобили қабул нест...?
-Бародари шавҳарам бо “Толибон” ҳамдаст ва бисёр марди хашину ҷаллод аст. Гӯши суханшунав надорад ва аслан ҳеҷ эътирозеро қабул надорад, хоса аз зан. Ба мисли дигар аъзоёни гурӯҳи “Толибон” ӯ ҳам занро аз як мол бештар намедонад. Шавҳарам марди сарватманд буд ва тибқи қавонин ба ману фарзандонам бояд ҳудуди 150 ҳазор доллар мерос мерасид. Ба хотири аз даст надодани ҳамин маблағ амӯяшон авлодома (фарзандонашро дар назар дорад) зӯран аз ман ҷудо кард, то ба никоҳ розигӣ диҳам. Барои зан-модар бузургтарин дард ва фоҷиа дар зиндагӣ аз фарзанди дилбандаш ҷудо шудан аст. Ман ончунон дар ҳаҷри ҷигарбандонам сӯхтам ва он қадар заҷру ситам дидам, ки ногуфтанӣ...
-Аслан чи шуд, ки шавҳаратн аз дунё гузашт? Магар маризие дошт?
-Комилан солим буд, вале аз ҷониби шахсони номаълум кушта шуд. Пас аз марги шавҳарам ҳаёти ман ва авлодом ба дӯзах табдил ёфт...
-Вақте шавҳаратон зинда буд аз шумо ва бачаҳояш дифоъ мекард?
-Аслан мурдаҳоро танҳо бо некӣ ёд мекунанд, вале ман аз вақте ки шавҳар кардам, аслан ягон рӯзи хушро надидаам. Чашидани лаззати бахт он тараф истад, ҳатто як лаҳза ламс кардани хушбахтӣ бароям муяссар нагашт. Дар зиндагӣ фақат дашному ҳақорат шунидам, мушту шатта хӯрдам ва дард кашидаму азобу шиканҷа дидам...
-Бо ишқу муҳаббат оиладор шуда будед...?
-Дар Афғонистон ин ҷур гапои ишқу ошиқӣ нест ва сарнавишти духтарон дар дасти хонаводаашон аст. Ҳамагӣ 14-сол доштам, ки волидонам маро баяк ҷавонмарди 28-сола ба шавҳар доданд. Шавҳарам низомӣ ва яроқбадаст набошад ҳам, аслан занро одам ҳисоб намекард, зеро марди пулдору сарватман ва хеле мағруру худхоҳ буд. Ҳар гоҳ лаб ба шикоят кушоям, модарам маро насиҳат мекард, ки чораи дигар надорӣ, тоқат кун, чун сарнавишти мо, занҳои афғон ҳамин аст, ҳарчи ба сарамон ояд, бояд тоб орем. Вақте шавҳарат пиру нотавон гашт, шояд дигар ба сарат мушт набардорад ва билохира ба хушбахтӣ бирасӣ. Ҳамин тавр бо насиҳати модар ба зиндагии пуразоб тоқат карда, соҳиби се авлод (фарзанд) шудам. Дар ин миён шавҳарам дар болоям зани дуюм гирифт...
-Муносибататон бо палонҷатон чи гуна буд?
-Вақте ду зан дар як хона зиндагӣ карда бо як мард дар як болин сар мемонанд, магар дар он хона осоиш мемонад?! Азоби палонҷдориро танҳо зане дарк карда метавонад, ки шавҳараш дар боли ӯ зани дигар гирифтааст. Дузанагии шавҳар барои зан гаронтар ва пуразобтар аз оташи дӯзах аст. Зиёд ранҷ кашидам, сӯхтам ва ҷабру ситам дидам...
-Пас аз марги шавҳаратон байни шумо ва палонҷатон барои мерос кашмакаш ва ҷангу ҷидол сар назад?
-Азбаски ман ҳанӯз вақти дар ҳаёт будани шавҳарам аз зиндагӣ сер шуда будам, баъди маргаш ба хонаи волидонам рафтам, аз ҳамин хотир дар бораи тақдири палонҷам қариб ки ягон чиз намедонам. Додари шавҳарам ҳис кард, ки ман суннатшиканӣ карданӣ ҳастам ва бо ӯ издивоҷ карданро қабул надорам. Авлодома ба зӯрӣаз дастам кашида гирифт ва аз ман ҷудо кард. Дар як моҳ фақат як бор иҷозат медоданд, ки фарзандонамро бубинам. Шавҳарам як додари дигар низ дорад, ки ба бемории рӯҳӣ гирифтор аст. Ду фарзанди калониам духтарчаанд, вақте аз забони онҳо шунидам, ки додаршӯйи камақлам нисбатифарзандони ман зӯроварии ҷинсиро раво медидааст, кам монда буд, ки девона шавам. Талошҳои зиёде карда, оқибат тариқи додгоҳ фарзандонамро бозпас гирифтам ва ба Кобул фирор кардам. Биродари шавҳарам ҳамоно таҳдид мекард, ки ба хубӣ ду духтар ва писарчаи яксолаамро ба ӯ диҳам, вагарна падару модар ва хоҳару бародаронамро зинда ба зинда пӯст мекунад ва он гоҳ ман маҷбур мешавам, ки бо дасти худ авлодома бурда ба ӯ супорам. Медонистам, ки амӯи авлодом бо “Толибон” ҳамдаст аст ва аз ин ҷаллод ҳама гуна бераҳмиро метавон интизор шуд. Ростӣ, маро ваҳшат фаро гирифта, дигар чи кор карданамро намедонистам, аммо бо амри худованди меҳрабон ҳамон шабу рӯзҳоибарои ман бисёр душвор бародари шавҳарамро дар қатли як ҷавон гунаҳкор карда, боздошт намуданд.
-Айни замон додаршӯятон дар зиндон аст?
-Ростӣ намедонам. Пас аз боздошти бародари шавҳарам бо гумони он ки билохира ҷонам аз ин кашмакашиҳо халос шуд, ман авлодои худа гирифта ба Ҳирот баргаштам, аммо ҷангу хунрезӣ ва моҷарои ғасби вилоятҳо аз ҷониби “Толибон” оғоз ёфт. Аз тарси ҷон қатори дигар гурезаҳои афғон ман ҳаммаҷбур шудам, ки авлодои худа гирифта, тарки Ватан ва хонумон намоям. Азбаски ҳукумат дар набард бо “Толибон” шикаст хӯрда, ба ғайр аз Панҷшер дигар сар то сари Афғонистон имрӯз дар дасти ин гурӯҳ аст, гумон мекунам, ки амӯи авлдом кайҳо аз зиндон озод шуд ва шояд ҳоло дар сафи нерӯҳои “Толибон” меҷангад. Волидон ва хоҳару бародарони ман имкони фирор кардан наёфтанд ва метарсам, ки ба хотири ману авлодом ба сари онҳо ягон бало ё фалокат наоранд. Аслан, то вақте ки ин мард (додаршӯяшро дар назар дорад) зинда аст, барои ману авлодом ҳеҷ оромиву осоиш нест!
-Вақте ки шумо Афғонистонро тарк кардед, авзоъ чи гуна буд?
-Вақте мо фирор кардем, гурӯҳи “Толибон” ҳанӯз ба Кобул ворид нашуда буданд, аммо дар гӯшаву канорҳои дигари кишвар ҷангу хунрезӣ бо шиддат идома дошт. Ҳар рӯз садҳо одамони бегуноҳ кушта шуда, садҳо нафари дигар захм мебардоштанд. Мардум ваҳшатзада ва бисёр парешон буданд. Ҳар кас кӯшиш мекард ҷони худ ва авлодои худа наҷот диҳад. Мардумдаста-даста худро ба фурудгоҳ мезаданд, то илоҷе карда аз кишвари дар оташи ҷанг сӯхта истода фирор намоянд ва ҷон ба саломат бубаранд.
-Имрӯз дар Тоҷикистон чи ҳолу авҳол доред? Касе шуморо озор намедиҳад?
-Тоҷикистон моро хеле хуш қабул кард. Бисёр як кишвари тинҷу осуда ва одамонаш меҳрубонанд. Мардуми маҳаллӣ ба мо, ғарибон муносибати хайрхоҳона доранд ва кӯшиш мекунанд, ки ба қадри тавони худ ёрӣ расонанд. Ягона мушкили мо, ғурезаҳо камбудии иқтисодӣ аст. Фарзанди сеюмам ҳанӯз хеле хурд аст ва ман имкон надорам, ки дар ягон ҷо кор карда, зиндагии авлодои худа пеш барам. Ба ғайр аз мушкили моддӣ дар Тоҷикистон дигар мушкиле надорем, аммо аз тақдири хоҳару биродарои худ дар ташвишам, ки он ҷо, дар Афғонгстони бо дӯди ҷанг ва хунрезӣ печида чи ҳол дошта бошанд...
-Ду мекунем, ки ҳарчи зудтар оташи ҷанг дар Афғонистон хомӯш гашта, сулҳу салоҳ пойдор гардад ва қатори дигар муҳоҷирини иҷборӣ шумо низ ҳамроҳи фарзандонатон ба Ватан баргардед.