Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2023
2946

Ҳамал

Агар нақшаи корҳоятонро тартиб диҳед, ба зудӣ ба мақсад мерасед. Ҳангоми робита бо нафарони ношинос андозаро нигоҳ доред. Баъзењо мақсади асабӣ сохтану ба ғазаб овардани шуморо доранд. Вазъи саломатиятон хуб нест, аз ин рӯ, пешакӣ чора андешиданатон лозим аст. Барои мулоқоти ошиқона рўзи мусоид аст.

 

 

Савр

 

Дар ин рўз худро аз њад зиёд хаста нагардонед, вагарна бегоњирўзї вазъи саломатиятон нохуб мегардад. Ќисми авали рўз барои истироњат дар оѓӯши табиат созгор аст. Тамоми сафару саёњатњо бобарор анљом меёбанд. Барои бастани аќди никоњ ва љашну маъракањо рўзи бобарор аст.

 

 

 

Љавзо

 

Дар ин рўз аз наздикон ва умуман аз зиндагї чї хостанатонро муайян созед. Дар њаёти шахсиятон низ бояд интихоби дуруст карда тавонед. Агар нафареро дўст медошта бошед, муносибатњои самимонаатонро нигоњ доред. Барои он ки беморињои куњна аз худ дарак надињанд, саломатии худро эњтиёт кунед.

 

 

Саратон

 

Имрўз табъатон тамоми рўз таѓйир меёбад. Њолати худро ба атрофиён нишон надињед, вагарна вазъият бадтар мешавад. Бадгумониятон боиси пайдо шудани мушкили зиёде мегардад. Вазъият дар оилаатон чандон ором намешавад, аз ин лињоз бо наздикон бањс накунед. Аз робита бо нафарони бадкирдор дурї љўед.

 

 

Асад

 

Дар ин рўз хотирпарешону хаёлї мегардед. Аз ин рў, чизеро ба наќша гирифтану кори наверо оѓоз карданро маслињат намедињем. Бењтараш бо корњои муќаррарї машѓул шуда, аз пайи рафъи камбудињои хона шавед. Танњо дар њамин сурат табъатон болида мегардад. Тамоми хабару маълумоти шунидаро тафтиш намоед.

 

 

 

Сунбула

 

Диќќати худро ба корњои оилавї љалб намоед. Эњтимоли бо яке аз наздикон муноќиша карданатон вуљуд дорад, аз ин рў, аз њадди эътидол берун набароед. Агар маблаѓи дар даст доштаи худро бењуда сарф кунед, вазъи молиявиатон хеле душвор мегардад. Дар њама кор тартиботро риоя намуда, муваффаќ мегардед.

 

 

 

Мизон

 

 

 

Имрўз кореро бояд ба анљом расонед, ки аз натиљааш бисёр чизњо вобастагї доранд. Бо нафари аз худатон калонсолу ботаљриба бањс накунед. Агар ба камбудињои пешомада диќќат надињед, ба вазъияти душвор мубтало мегардед. Рўз барои эљод, сохтмон, бастани аќди никоњ ва истироњат дар оѓўши табиат бобарор аст.

 

 

Аќраб

 

Наздиконатон пайваста аз шумо чизеро талаб мекунанд. Мањз њамин чиз боиси асабоният ва ба ѓазаб омаданатон мегардад. Нисбати нафароне, ки бо шумо мењрубону самимиянд, муносибати хуб кунед. Саломатиятон имрўз ташвиш намедињад. Ба нафароне, ки хуб намешиносед, дарди дил накунед.

 

 

Қавс

 

Дар ин рўз табъатон болида аст, вале на њамаи наќшањоятон амалї мешаванд. Вохўрии таќдирсозе имкон дорад, ки фаромўшнашаванда мегардад. Ба нафаре ошиќ шуда хеле хушбахт мегардед. Бо коре, ки дар он таљриба надоред, машѓул нашавед. Бењтараш бо кори назарногир, вале фоидаовар машѓул шавед. 

 

 

Ҷаддї

 

Бо сабаби мушкилињои дар хонаатон сарзада зуд-зуд асабї мешавед. Нофањмї бо њамкорон боиси муноќишаи љиддї мегардад ва роњбарият ба ин рафтори шумо бо назари танќид менигарад. Барои он ки гирифтори асабхаробї нагардед, дар њавои тоза сайругашт намуда, ќабл аз хоб оббозї кунед. Ба сафари роњи дур баромаданро тавсия намедињем.

 

 

 

Далв

 

 

Аз он ки аксари мушкилињоятон худ ба худ рафъ мегарданд, сидќан ќаноатманд мегардед. Дар љойи коратон вазъияти душворе ба амал меояд, ки бемасъулиятї карданатон лозим нест. Нисбати њамсафари њаётї ё шахси дўстдоштаатон хунукназарї намуда сабабгори рух додани муноќиша мегардед.

 

 

 

Њут

 

Барои он ки муносибататон бо њамкорони тиљоратї вайрон нагардад, табъи нохуши худро нишон надињед. Оромиро нигоњ дошта бо корњои муќаррарї машѓул шавед, вагарна гирифтори нофањмї ва фишори руњї гашта, дар натиља беморињои дил ва рўдаву меъда хурўљ мекунандадорињои худро ба дўши њамкорон бор накунед. 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Комил 2023-08-08, 07:34
Руҳотон сиёҳ бо навиштаҳоятон ҳамааш дуруғ аст
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Комил 2023-08-08, 07:34
Руҳотон сиёҳ бо навиштаҳоятон ҳамааш дуруғ аст
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД