1xbet
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
1610

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз шуморо эҳсосоти мухталиф фаро мегирад. Барои ором шудан фикрҳоятонро ба тартиб дароред. Фурсати хубе барои таҳлили хатоҳо ва фаҳмидани ниятҳои шахси наздикатон фаро расидааст. Дар касбу кор муҳити мусоид ва дастгирии роҳбар эҳсос мешавад. Хароҷоти калонро ба вақти дигар гузоред. Неруи зиёд доред, аммо аз истеъмоли шириниҳо дурӣ ҷӯед.

Савр (21 апрел-21 май)

Агар танҳо бошед, шахси ҷолибе ба ҳаётатон ворид мешавад. Барои истироҳат ва корҳои хона вақт ҷудо карданатон зарур аст. Баъзеҳо талош мекунанд ба корҳои шумо дахолат кунанд, аммо шумо аз уҳдаи муҳофизати худ мебароед. Масъулият бештар гашта, ба пешравиҳоятон кумак мекунад. Нисбати саломатӣ беэътино набошед, эҳтиёт зарур аст.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз муносибатҳоятон бо наздикон беҳтар мешаванд, шояд муҳаббати нав оғоз ёбад. Ба аҳли хона диққати бештар диҳед. Муваффақият табъатонро болида месозад, вале бо хоксорӣ рафтор кунед. Вазъияти молиявӣ беҳтар мешавад. Аз хароҷоти нолозим худдорӣ намоед. Агар хастагӣ эҳсос шавад, оромӣ ҷӯед ва дам гиред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Шумо на ҳамеша бо атрофиён ҳамдигарфаҳмӣ карда метавонед. Дар хона нофаҳмиҳо эҳтимол доранд, эҳтиёт шавед, шояд чизеро аз шумо пинҳон медошта бошанд. Аз қабули қарорҳои ҷиддӣ худдорӣ намоед. Хариди калонро ба таъхир гузоред. Худро ҷисман хуб ҳис мекунед.

Асад (23 июл-21 август)

Рашк ва нофаҳмӣ бо шахси наздик метавонанд рӯзатонро пурташвиш кунанд. Аз баҳс дурӣ ҷӯед, беҳтараш муваққатан аз якдигар фосила бигиред. Шодӣ ва рӯҳбаландӣ ба шумо нерӯ мебахшад. Хариди ногаҳонӣ имкон дорад, пулро эҳтиёт кунед. Ҳиссиётро зери назорат гиред, тағйироти рӯҳӣ имконпазир аст.

Сумбула (22 август-23 сентябр)

Агар дар муносибатҳои ошиқонаатон нофаҳмӣ сар зада бошад, имрӯз беҳтараш корро ба ҷангу ҷанҷол нарасонед. Ба масоили молиявӣ диққат диҳед, хароҷоти зиёдатӣ эҳтимол дорад. Ба мушкилоти майда чуйда аҳамияти аз ҳад зиёд надиҳед, кӯшиши аз дигарон беҳтар шуданатон беҳуда аст. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёткор бошед, эҳсосот метавонад фиреб диҳад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бо наздикон ҳамдард бошед, фикру ақидаи онҳоро дарк намоед. Рӯз барои корҳои хонагӣ ва оромиш мувофиқ аст. Субҳ нерӯи зиёд доред, корҳои муҳимро дар аввал иҷро намоед. Даромади хуб ба даст меояд, мушкилиҳо муваққатан рафъ мегарданд. Ба ҷои қаҳваву нерӯбахшҳо беҳтараш барвақт хоб равед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз фурсати он расидааст, ки муҳаббат ва эҳсосоти самимии худро зоҳир намоед. Бо наздикон озодона суҳбат кунед. Қарорҳои баъзе хешовандон шояд шуморо нигарон созанд, онҳоро бо оромӣ баррасӣ кунед. Ба сару либоси худ аҳамият диҳед, калиди муваффақият дар он аст. Даромади ғайричашмдошт имконпазир аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Меҳрубонӣ ва бахшиш имрӯз асоси муносибатҳои хубанд. Вақте расидааст, ки зиндагиро бо ранги дигар бинед. Дӯстону наздиконро ба хона даъват кунед. Барои омӯзиш ва гуфтугӯ шароити мусоид фароҳам аст. Харидҳои калонро дертар анҷом диҳед. Саломатӣ муътадил аст, аз фишори равонӣ дурӣ ҷӯед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи ором ва пурфайз дар пеш аст. Шумо муҳити гуворо ва пурмуҳаббатро эҳсос мекунед. Кӯшиш намоед, ки бо рафтор ё суханони номувофиқ касеро наранҷонед. Дар ҳар иқдом эҳтиёт кунед. Даромади кам, вале судманд эҳтимол дорад. Дар хона эҳтиёткор бошед, хатар аз чизҳои хурд метавонад бархезад.

Далв (21 январ-19 феврал)

Аз нокомии гузашта ноумед нашавед, ҳама чизи хуб ҳоло дар пеш аст. Дастгирии наздиконро эҳсос мекунед, вале муҳаббати худро низ ба онҳо зоҳир намоед. Имкони бастани шартномаҳои муфид вуҷуд дорад. Бо ин ҳама, аз иқдомҳои ҷиддӣ худдорӣ намоед. Ба саломатӣ ва оромии рӯҳӣ диққат диҳед, масуният суст аст.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз эҳтимоли ошиқ шудан зиёд аст! Муносибатҳои нав дар роҳанд, онҳоро бо завқ истиқбол гиред. Корҳои зиёде дар пешанд - сафар, таъмир, корҳои боғдорӣ. Агар масъулиятшинос бошед, ҳамаашро ба осонӣ иҷро мекунед. Нокомии муваққатиро нодида гиред, бахт наздик аст. Мутолиаи китоб ё суҳбати самимӣ шуморо ором мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД