Sebiston new 2024 october
Толеъномаи 22-ноябри соли2019 аз Турсуной Зокирова
5038

Ҳамал

 

Дар ин рӯз навигариҳои аҷибро интизор нашавед. Каме нотоб гаштанатон эҳтимол дорад, аз ин рӯ бо пурхурӣ ё корҳои ҷисмонӣ худро хаста нагардонед. Дар ҷодаи муҳаббат на танҳо ҳасудон, балки рақибон пайдо мешаванд. Дар ин ҷода дӯстдоштаатон гуноҳе надорад, беҳуда муносибати худро сард насозед. Дар масъалаҳои пулӣ ба шитобкорӣ роҳ надиҳед.

 

Савр

 

Дар ин рӯз масъалаи душвореро рафъ карданатон лозим меояд, ки аз он на танҳо пешравиятон дар касбу кор, балки вазъи молиявиатон вобастагӣ дорад. Сиру асрори худро ба нафаре, ки шуморо дӯсти худ намешуморад, фош насозед. Ба фишори руҳӣ ва дигар мушкилиҳо тоб оварда наметавонед, аз ин рӯ ба корҳои номатлуб даст назанед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи дигарро интихоб намоед.

Ҷавзо

 

Бо нафаре вомехӯред, ки шуморо дар тиҷорат дастгирӣ мекунад. Бештар ба одамон бовар кунед, касеро дар хиёнату фиреб гунаҳкор накунед. Вохӯрии ошиқона табъатонро болида месозад. Корҳои муҳими худро то бегоҳирӯзӣба анҷом расонед. Ба ҳолати яъсу ноумедӣ афтиданатон боиси вайрон гаштани муносибат бо атрофиён мегардад. Ба бемории зуком беаҳамиятӣ накунед.

 


Ҷӯробам канӣ? Куртаи ман куҷо шуд?-ҷони занро ба лабаш расонда мепурсад ҳар рӯз мард. Ҳар тараф партофтани либосҳояш дарди бахайр, вале ҳар субҳро ба ҷустуҷӯи либосҳояш сар кардани мард асабхарош аст. Кӯшиши маҷбур сохтани мард барои ҷамъ кардани либосҳояш натиҷа намедиҳад.

 


Саратон

 

Субҳи имрӯз бо хабарҳои хуш оғоз ёфта, бо воқеаҳои хотирмонаш табъатонро болида месозад. Дар ҷодаи муҳаббат агар муносибатҳои мустаҳкамро нигоҳ доштан хоҳед, ба дӯстдоштаи худ гузашт карданатон лозим меояд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёт бошед. Ба баҳсу мунозира бо наздиконатон хотима бахшед. Маблағи пулиеро, ки дар даст доред, сарфакорона истифода баред.

 

Асад

 

Муносибати худро бо нафаре, ки ба наздикӣ муноқиша карда будед, беҳтар созед. Имрӯз қувваву имкониятҳоятон барои амалҳои ҷавонмардона кифоя аст. Нафарони оиладор бояд ояндаи худро пешбинӣ карда, эҳсосоти худро идора намоянд. Бегоҳирӯзӣ вазъи саломатии мардҳо нохуб мегардад.

 

Сунбула

 

Агар ғами саломатии худро хӯрда, аз одатҳои бад худдорӣ намоед, аз нохӯшиҳои зиёде халосӣ меёбед. Нафароне, ки дар фикри бунёди оила ҳастанд, бояд нисбати дӯстдоштаи худ меҳрубону ғамхортар бошанд. Аз ҳад зиёд ғами мушкилиҳои молиявиро хӯрда, гирифтори асабхаробӣ мегардед.

 

Мизон            

 

Аз нафарони бадхоҳу бадкирдор худро дур гиред. Нисбати атрофиён саховатманду дилкушод буданатон хуб аст, вале ба доми нафарони дилсиёҳ афтиданатон имкон дорад. Дар бораи ояндаи худ зиёд фикр карда имкониятҳои мувафақ шуданро аз даст медиҳед. Нафароне, ки ба коллективи нав ворид мегарданд, душворӣмекашанд.

 

Акраб

 

Рӯзи душвор аст. Ҳолати руҳиятон нохуб буда, дилатон аз пешомади баде гувоҳӣ медиҳад. Тағйиротҳои ногуворе, ки дар ин рӯз сар мезананд, чанд ҳафтаи дигар шуморо тарк намесозанд. Худро руҳану ҷисман хаста насозед. Барои истироҳат кунҷи танҳоӣ ихтиёр намоед. Баъди нисфирӯзӣ дӯсти наздикатон хабари хуш мерасонад.

 

Қавс

 

Дар ин рӯз вазъи молиявиатон душвор мегардад, аз ин рӯ, аз дӯстону наздикон кӯмак пурсиданатон лозим меояд. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз бонк қарз нагиред. Қавсҳои ошиқ ошиқтар мешаванд. Хоби дар ин рӯз дидаатон баъди як ҳафта амалӣмешавад. Дар хоб дидани оина аз оиладор шудан дарак медиҳад.

 

Ҷаддӣ

 

Нерӯи худро сарф накунед, онро эҳтиёт кунед. Барои расидан ба мақсад на танҳо роҳи кутоҳ, балки муфидро интихоб намоед. Бо нафароне, ки хуб намешиносед, ба муносибатҳои ошиқона роҳ надиҳед, вагарна дучори мушкиливу душвориҳо мегардед. Беҳтараш муҳаббати асили худро ба шахсе бубахшед, ки арзанда бошад.

 

Далв

 

Дар ин рӯз ба танбалӣ роҳ надиҳеду орзуҳои хомро аз сар дур созед. Агар шумо оиладор бошед, бо яке аз наздикони ҳамсафари ҳаётӣмуноқиша имкон дорад. Дар ин маврид ором шаведу тавре рафтор кунед, ки қалбатон мегӯяд. Ба зихнагӣва шубҳаву гумони бад роҳ надиҳед. Ба наздикони худ бовар кунед.

 

Ҳут

Рӯзи душвор аст, аксарияти ҳутҳо бо душворӣ ба кор мераванд. Ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шуданро маслиҳат намедиҳем. уҳдадориҳои навро ба дӯши худ бор накунед. Бо корҳои пештараи худ машғул шуда, ғами ишқро фаромӯш мекунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД