Муддати як ҳафта мешавад, ки даҳ нафар тоҷикони муқимии Харков ба низомиён ва сокинони ин маҳал оши палав медиҳанд.
Ин гурӯҳ то оғози ҷанг дар Украина тиҷорат доштанд ва тасмим гирифтаанд, ки барои ин мардум дар рӯзҳои душвори ҳаёташон хӯроки гарм диҳанд.
Харков аз моҳи феврал боз зери тирборони низомиёни Русия қарор дорад ва аксар сокинонаш дар паноҳгоҳҳо ба сар мебаранд.
Ҳавлии Муҳаммадраҳим Холов, ки яке аз тоҷикни мусими Харков мебошад, ҳамчун ошпазхона интихоб шудааст.
Пештар ӯ гоҳ-гоҳ дар маросими тӯйи ҳамватанонаш ош мепухт, вале акнун ҳар рӯз барои 1,5 то 1,7 ҳазор нафар палав мепазад.
Сокинони Харков дар натиҷаи нооромиҳо аз қувваи барқ ва оби нӯшокӣ маҳрум гаштаанд. Хӯрока ҳаст, лекин ба ҳама намерасад. Тоҷикон дар моҳи шарифи рамазон ба хотири кӯмак ба ин одамони ҷангзада даст ба иқдоми нек зада, ҳар рӯз ба мрадум ош медиҳанд.
“ Бисёре аз одамон гуруснаву ташна мондаанд. Бисёр ҷои шаҳрро бомбаборон карда, вайрон кардаанд. Барқ нест, об нест, газ нест. Дидем, ки мушкилӣ бисёр аст, гуфтем, ба халқ нону намак диҳем”, -мегӯяд Нурулло Сайдалиев, раҳбари ҷомеаи тоҷикон дар Харков, ки яки аз ташаббускорони ин иқдом мебошад.
Муҳаммадраҳим Холов, яке аз тоҷикони дигари хайрхоҳ дар навори видеоӣ ба бисёр хатарнок будани вазъият ишора карда мегӯяд:
“ Ин корҳо аз сари мо гузаштаанд, мо медонем, ки гуруснагӣ чӣ аст. Халқ гурусна аст, кӯдак бисёр аст. Дуо мекунем, ки сулҳ шавад ва мо ҳам сиҳату саломат ба Ватан равем...”
Тоҷирони тоҷик пешниҳодҳоро дар бораи тарки Харков рад кардаанд. Нурулло Сайдалиев, раҳбари ҷомеаи тоҷикон, мегӯяд, “мо гуфтем, ки хатарнок аст, агар мехоҳед, бароед. Бачаҳо гуфтанд, тарк намекунем, бо мардум мемонем. Чӣ қадар аз дастамон омад, кӯмак мекунем.”
Дар видео лаҳзаи тақсими хӯрок ба мардуми маҳал дида мешавад ва як сокини маҳаллӣ барои ин дастгириҳои тоҷикон миннатдорӣ баён намуда мегӯяд:
“Ин дӯстони мо аз Тоҷикистон палави хуб пухтаанд, ва ба ҳама хӯрок медиҳанд.
Ташаккур бачаҳо. Саломативу сулҳ мехоҳем!”
Сафи онҳое, ки барои хӯроки гарм меоянд, рӯз ба рӯз зиёд мешаванд. Захираи тоҷикон барои ошпазӣ то кай мерасад, маълум нест.