sebiston july new
Тоҷикбачаи зираке, ки Ҳиндустон рафта блогери машҳур шуд
10.03.2024
ОИЛА
497

Мирвайс Мирвайсов, блогери хушсалиқаи тоҷик аст, ки ҳоло дар Ҳиндустон таҳсил мекунад. Ӯ дар Инстаграм бо наворҳои ҳаҷвии кӯтоҳаш шинохта шудааст, ки асосан бо лаҳҷаи шимоли кишвар таҳия гаштаанд. Ҳоло зиёда аз 214 ҳазор обуначӣ дошта, дар ин самт хеле муваффақ аст.

Мирвайс то соли 2021 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд буд ва тариқи барномаи “Study in India” ба Ҳиндустон роҳ ёфт. Азбаски номбурда таҷриба гирифтану таваккал карданро дӯст медорад, ба кишвари мазкур сафар кард ва чандин роҳҳои навро барои худаш кушод. Барномае, ки Мирвайс ҳоло таҳсил дорад, ба ҷавонони хориҷ имкони таҳсил дар Ҳиндустонро пурра медиҳад.

Наворҳои Мирвайсро ҳоло аз миллион нафар ҳам зиёд мебинанд. Мавзӯи маҳсули эҷодаш муносибати хонаводагӣ, ҳаёти ҷавонон, таҳсил дар хориҷи кишвар ва ғайраҳо мебошад.
Дар суҳбати кӯтоҳ ба мо гуфт, ки пеш аз машҳур шуданаш чӣ гуна зиндагӣ дошт:
- Ҳар коре, ки имрӯз мекунам, пеш аз шинохта шудан ҳам онро анҷом медодам. Каму беш рэп мехондам, видео месохтам ва умуман эҷодкорӣ мекардам. Аммо пас аз шомил шудан ба донишгоҳи Ҳиндустон ҳаётам иваз шуд. Ба блогерӣ ҷиддитар машғул шудам ва шукр, натиҷаи хуб дод.

Ӯ муваффақ шуданашро дар соҳаи блогерӣ бо ду сабаб баён мекунад. Якум, имкони зиёдтар болои худ фикр кардан дар Ҳиндустон. Дуюм, кори дӯстдоштаашро анҷом додан.
- Ба фикре ҳастам, ки одам бояд новобаста ба шароит ба кори дӯстдоштааш машғул шавад. Агар фикри дасткӯтоҳиро кунему худро аз машғулияти дӯстдоштаамон маҳрум созем, пас зиндагии хубе нахоҳем дошт. Мисоли равшан ҳаёти ман аст. Дар аввал бидуни фоида корамро мекардам, танҳо барои хуш гузаронидани вақт, аммо ҳоло шукр ҳамааш хуб аст, - афзуд ӯ.

Мирвайс дар ҳоли ҳозир аз ҷумлаи блогерони камшумули тоҷик аст, ки ба кораш хеле зиёд вақт ҷудо мекунад ва онро аз таҳти дил иҷро наменамояд. Аксар наворҳояш бо услуби ғайриодӣ танзиму таҳия мешаванд, ки гувоҳ аз дилгармӣ ва серталош буданаш ҳастанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД