Гиромидошти Лоиқ Шералӣ дар Маскав
28-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Маскав бахшида ба 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ конфронси илмию амалӣ баргузор гардид.
Ҳамоиш бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав баргузор шуда, дар он олимону адабиётшиносон, нависандагон, намояндагони Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронӣ ба саҳми Лоиқ Шералӣ дар рушди адабиёту фарҳанги муосири тоҷик ишора карда, ӯро аз чеҳраҳои таъсиргузори эҳёи асолати назми миллӣ номид. Ба гуфтаи сафир, маҳбубияти ашъори шоир дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамзабон аз пойдории мероси адабии ӯ шаҳодат медиҳад.
Ректори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав Ирина Краева низ дар бораи ҷойгоҳи Лоиқ Шералӣ дар адабиёти ҷаҳон сухан гуфта, аҳамияти омӯзиши забону фарҳанги кишварҳои ҳамсояро дар таҳкими робитаҳои дӯстона миёни давлатҳои узви ИДМ таъкид кард.
Дар идомаи конфронс шоир ва тарҷумони рус Михаил Синелников, шарқшинос Виктор Немчинов, адабиётшинос Хуршед Сайдумаров, директори Маркази забон ва фарҳанги тоҷикии донишгоҳ Никита Кузин ва дигар муҳаққиқон дар бораи ҳаёт, фаъолияти эҷодӣ ва мероси адабии шоир ибрози назар карданд.
Ҳамчунин намояндагони муассисаҳои илмию дипломатии Русия ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳоро дар муаррифии адабиёти тоҷикӣ-форсӣ ва густариши робитаҳои фарҳангии халқҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав ашъори Лоиқ Шералиро ба забони тоҷикӣ қироат карданд.