Sebiston new 2024 october
Тоҷикбача ғолиби стипендияи Ҳукумати Венгрия гардид
809

Масрур Давлатзода, хатмкардаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Восеъ, ғолиби стипендияи Ҳукумати Венгрия (Stipendium Hungaricum Scholarship) гардид.

Хабарнигори сомонаи "Оила" бо Масрур атрофи ин мавзӯъ суҳбате анҷом дод, ки фишурдаи онро пешниҳоди шумо мегардонем:

- Дар куҷо ба дунё омадаед ва аз кӯдакӣ орзуи кӣ шуданро доштед?

- Ман дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба дунё омадаам. Модарам хонашин ва падарам соҳибкор мебошанд. Аз кӯдакӣ орзу доштам, ки муҳандис шавам, барои он ки вақте биноҳои баландошёна, пулҳо ва дигар иншоотҳоро медидам, кунҷкоб будам, ки онҳо чӣ гуна сохта мешаванд. Дар натиҷа, шавқу ҳавас нисбати ин соҳа дар дили ман пайдо шуд ва тасмим гирифтам ки муҳандис шавам.

- Забони англисиро чӣ тавр омӯхтед?

- Вақте ки дар синфи 7 таҳсил мекардам, ба назди муаллими забони англисӣ Ёқубҷон Сафаров рафтам, то забони англисиро омӯзам. Дар муддати 2 сол забони англисиро хуб омӯхтам. Ба ғайр аз ин забони русиро ҳам медонам.

- Ба фикри шумо забондонӣ ба шахс чӣ имконият медиҳад?

ИНЧУНИН, ХОНЕД:

МАНИЖА ГРАНТИ ТАҲСИЛИИ $316 000-РО БУРИД

- Бо донистани забонҳои хориҷӣ шумо метавонед ба осонӣ бо хориҷиҳо суҳбат кунед. Донистани забон ҷаҳобинии шуморо васеъ мекунад, барои он ки дар рафти омӯзиш шумо маълумоти мукаммал дар бораи мамлакатҳо ва шаҳрҳои мухталифро ба даст меоред. Аз ҳама муҳим, забондонӣ роҳнамои шумо барои таҳсил дар хориҷа мегардад ва бо он ояндаи худро мунаввар мегардонед.

- Дар даврони таҳсил соҳиби ягон дастовард шудаед?

- Албатта, дастовардҳои муҳимтарини ман ин дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи дуюм ва сеюм гардиданам ва барандаи ҷойи якум дар олимпиадаи байналмилалии "Hippo" ва ҷойи сеюм дар олимпиадаи байналмилалии "TeenEagle" мебошанд.

- Дар зиндагиву таҳсил киро роҳнамои худ меҳисобед?

- Ман дар зиндагиву таҳсил волидонамро роҳнамои худ меҳисобам. Барои он ки онҳо бароям тарбияи дуруст доданд ва кӯмакам карданд, то ки ба чунин зинаҳои баланд расам.

- Чӣ тавр барандаи стипендияи Ҳукумати Венгрия гардидед?

- Ҳамасола Ҳукумати Венгрия ҷиҳати ҷалб кардани донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳҳои худ барои дарёфти стипендия озмуни кушод эълон мекунад. Ҳамчун хатмкунанда ман ҳамроҳи устод Ҷамолиддин Фаттоев ҳамавақт дар ҷустуҷӯйи ҳаминхел грантҳо будем ва орзу доштам дар хориҷи кишвар ройгон таҳсил кунам. Яке аз талаботҳои ин озмун донистани забони англисӣ дар сатҳи байналмиллалӣ ("TOEFL", "IELTS", "Duolingo") ва дигар имтиҳонот буд. Озмун осон набуд, чун якчанд марҳилаи мушкилро паси сар кардам. Билохира, маро ба донишгоҳи Печс (University of Pécs)-и Венгрия ба факултети муҳандисӣ ва технологияи иттилоотӣ аз руйи ихтисоси муҳандис-меъмор қабул карданд. Хароҷоти стипендия беш аз 50 ҳазор долларро ташкил дода, ба ман имкон медиҳад, ки 4 сол ба таври ройгон таҳсил кунам.

- Ба ҷавонон чӣ гуфтанӣ ҳастед?

ҲАМЧУНИН:

ВАРЗИШГАР, ЗАБОНДОН ВА БАРНОМАСОЗИ ХУРДСОЛ

- Ҳоло беҳтарин давраи ҳаёти мову шумо мебошад. Дар пеш бисёр фурсатҳои зиёд дорем ва бояд вақти пурарзиши худро самаранок кор фармурда, аз ин имкониятҳо хуб истифода барем. Мо бояд ҳамавақт аз пайи илму дониш бигардем, то ки дар оянда мутахассисони хуб ва дар соҳаи худ устувор бошем.

- Ба Венгрия кай сафар мекунед?

-Ман ҳоло аз донишгоҳи Печс даъватномаамро интизор ҳастам, то ба зудӣ раводиди ин кишварро ба даст орам.

- Масрур ба шумо комгорӣ хоҳонем!

-Ташаккури зиёд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД