goodwell
Дар чанд минтақаи Душанбе интиқоли об маҳдуд мешавад
02.10.2026
Oila.tj
113

Корхонаи «Обу корези шаҳри Душанбе» хабар медиҳад, ки имрӯз, 2-юми октябр бинобар лойолуд шудани оби дарёи Варзоб дар пайи боришоти зиёди борон интиқоли оби ошомиданӣ ба як қатор минтақаҳои пойтахт муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Ба иттилои корхона, маҳдудият ба хотири таъмини сифату бехатарии оби нӯшокӣ ҷорӣ шуда, то тоза шудани манбаи обгирӣ ва барқарор гардидани шароити муқаррарӣ идома хоҳад кард.

Маҳдудият дар минтақаҳои зерин татбиқ мешавад:

Ноҳияи Сино: шаҳракҳои 10–15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101–104, 112, Зарафшон-1 ва 2, Испечак-1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Наврбоди боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор, Меҳнатобод, Зафар, Чавлибой, Гиҷдалабод ва кӯчаи Бобо Ҳамдам.

Ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Варзоб, Каримов (қисман), Куприна, Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А. Мухтор ва Нодира.

Ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои А. Қаҳҳоров, Милали Маҳмадалӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то хонаи №36 ва хиёбони С. Шералӣ то хонаи №24.

Корхона таъкид кардааст, ки интиқоли об пас аз барқарор шудани сифати манбаи обгирӣ ва фароҳам гардидани шароити муқаррарӣ барқарор карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД