Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз ба худ бештар бовар кунед ва аз муошират бо дигарон натарсед. Ба одамони атроф кушодатар бошед. Муносибати хуб бо хешовандон ба гармтар шудани фазои оила мусоидат мекунад. Дар кор фаъол бошед ва танбалӣ накунед, зеро бо кӯшиши бештар метавонед ба натиҷаҳои хуб расед. Аз баҳсу ҷанҷол бо наздикон ва шарикони корӣ худдорӣ кунед. Ба ҳадафи гузоштаатон устуворона ҳаракат намоед. Ба саломатӣ низ аҳаммият диҳед: бештар сайругашт кунед, хуб истироҳат намоед ва ғизои солим истеъмол кунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона шояд ҳама чиз мувофиқи хоҳиши шумо пеш наравад. Мулоқоти ба нақша гирифташуда метавонад нохуш гузарад ва таассуроти хуб нагузорад. Таъмири хонаро низ беҳтараш ба вақти дигар гузоред. Дар кор бошад, агар диққати худро ба вазифаҳо равона кунед, натиҷаҳои хуб ба даст меоред ва метавонед худро аз ҷиҳати касбӣ нишон диҳед. Имрӯз барои пешрафти молиявӣ имкониятҳои хуб пайдо мешаванд. Агар хобатон вайрон бошад, ба истироҳат ва беҳтар кардани сифати хоб диққат диҳед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Дар муносибатҳои ошиқона рӯзҳои хуб фаро мерасанд. Муносибатҳои мавҷуда метавонанд устувортар шаванд ва шиносоии нав эҳсосоти хуш ба вуҷуд орад. Дар хона бошад, вазъият метавонад ноором шавад. Тағйирёбии рӯҳия ва асабоният эҳтимол дорад, ки боиси нофаҳмӣ бо наздикон гардад. Кӯшиш кунед худро идора намоед ва пеш аз сухан гуфтан хуб андеша кунед. Дар кор баъзеҳо метавонанд ба шумо халал расонанд, вале ин ба обрӯятон таъсир намерасонад. Барои корҳои тиҷоратӣ ва амалиёти молиявӣ имрӯз рӯзи мусоид аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар ҳоло танҳо бошед, худро бо одамони оиладор муқоиса накунед ва аз хушбахтии онҳо ҳасад набаред. Имрӯз шояд ба наздикон вақти зиёд ҷудо кардан лозим шавад, аммо ин ба мустаҳкам шудани муносибатҳои оилавӣ мусоидат мекунад. Дар кор муваффақият шуморо интизор аст, вале корҳоро ба ҳоли худ нагузоред. Барои нигоҳ доштани ин натиҷаҳо иштироки фаъоли шумо зарур аст. Қарорҳои ҷиддиро чанд рӯз ба таъхир гузоред, зеро мумкин аст баъзе ҳолатҳои нав ошкор шаванд. Ба ғизо, обнӯшӣ ва истироҳат аҳаммият диҳед.
Асад (23 июл-23 август)
Бо шахси дӯстдоштаатон самимӣ бошед ва дар бораи эҳсосоту хоҳишҳои худ ошкоро суҳбат кунед. Имрӯз эҳтимоли гирифтани як сюрпризи гуворо зиёд аст. Ҳатто мумкин аст хоҳиши тозаю озода кардани хона ва ба тартиб даровардани ҳама чиз пайдо шавад. Барои корҳои ҳаррӯза нақша тартиб диҳед, то саросема нашавед ва корҳо рӯйи ҳам ҷамъ нашаванд. Имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои муҳим имкониятҳои хуб доред. Дар бастани созишномаҳо ва корҳои тиҷоратӣ низ метавонед ба натиҷаи хуб ноил шавед. Кӯшиш кунед рӯҳияи мусбатро нигоҳ доред, зеро ин ба саломатӣ ва фаъолияти шумо таъсири хуб мерасонад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Муносибататон бо шахси дӯстдошта хуб идома меёбад, танҳо кӯшиш кунед ба ҳар як ҷузъиёти хурд эрод нагиред. Агар барои ҳалли ягон мушкил аз хешовандон ёрӣ гирифтанӣ бошед, пешакӣ андеша кунед, ки ин кор ба обрӯятон зарар намерасонад. Дар кор ба гуфтушунидҳои зиёд омода бошед. Баъзан лозим меояд ба дигарон гузашт кунед, вале манфиатҳои худро низ фаромӯш накунед. Даромаду хароҷоти худро ҳисоб кунед, то пулатонро дурусттар истифода баред. Ба мушкилоти хурди зиндагӣ аз ҳад зиёд аҳамият надиҳед. Рӯҳияи хуб ба беҳ шудани ҳолатон мусоидат мекунад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз барои ба муносибатҳои ошиқона ворид кардани таровати нав имконияти хуб доред. Бо шахси дӯстдоштаатон бештар самимӣ бошед, зеро ин метавонад эътимодро байни шумо зиёд кунад. Хешовандонеро, ки муддати зиёд надидаед, хабар гирифтан хуб аст. Дар кор вазъият мувофиқи нақша пеш меравад ва вақти он расидааст, ки қобилиятҳои худро нишон диҳед. Дар нимаи аввали рӯз аз хариди калон ва қарз гирифтан худдорӣ кунед. Ба саломатии ҷисмонӣ ва ҳолати асабҳоятон диққат диҳед. Аз ғайбату суханҳои беасос низ худро дур нигоҳ доред.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шояд имрӯз фикр кунед, ки дар муносибататон мушкили ҷиддӣ пайдо шудааст ва беҳтар аст аз шахси дӯстдоштаатон дур шавед. Аммо ба чунин хулоса шитоб накунед. Имрӯз вақти хубест барои ором кардани фикру эҳсосот ва пайдо кардани осудагии ботинӣ. Агар наздикон ё дӯстони шумо ба дастгирӣ ниёз дошта бошанд, аз кумак ба онҳо худдорӣ накунед. Аввал вазифаҳои муҳимтаринро муайян карда, ба ҳалли онҳо машғул шавед. Ин метавонад вазъи молиявии шуморо беҳтар кунад. Харид кардан, бастани шартнома ва анҷом додани корҳои тиҷоратӣ низ имрӯз натиҷаи хуб дода метавонад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ба эҳсосоти сахт дода нашавед, зеро дар чунин ҳолат мумкин аст қарорҳои нодуруст қабул кунед. Шахсе, ки ба шумо маъқул шудааст, шояд он гуна набошад, ки худро нишон медиҳад. Аз наздикон низ талаботи аз ҳад зиёд накунед, одамони комил вуҷуд надоранд. Дар кор фаъол бошед ва кӯшиш кунед аз рӯйдодҳо қафо намонед. Бо дигарон ва пеш аз ҳама бо худ ростқавл бошед, зеро ҳар гуна фиреб дер ё зуд ошкор мешавад. Агар барои хариди муҳим пул ҷамъ карданӣ бошед, хароҷоти нолозимро кам кунед. Агар дарди сар зуд-зуд такрор шавад, ба духтур муроҷиат кардан беҳтар аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз дар ҳаёти шахсӣ эҳтимоли баҳсу нофаҳмӣ зиёд аст. Ҳасад ё муносибати нодурусти яке аз тарафҳо метавонад боиси ҷанҷол шавад. Ба ҷойи он ки ҳамаи корҳои хонаро танҳо ба уҳда гиред, вазифаҳоро бо аъзои оила тақсим кунед. Ҳар кас бояд масъулияти худро иҷро кунад. Дар кор имконият пайдо мешавад, ки аз одамони ботаҷриба чизҳои нав омӯзед ва малакаҳои пешинаатонро такмил диҳед. Дар амалисозии баъзе нақшаҳо душворӣ пеш омада метавонад. Ба одамони атроф аз ҳад зиёд зуд бовар накунед. Имрӯз эҳтимоли дарди сар ва тағйири фишори хун вуҷуд дорад.
Далв (21 январ-19 феврал)
Ба шахси дӯстдоштаатон суханҳои нек гӯед ва хислатҳои хуби ӯро самимона таъриф кунед. Агар наздикон баъзан кореро бар хилофи интизори шумо анҷом диҳанд, зуд асабонӣ нашавед. Сабру таҳаммул ба нигоҳ доштани оромии оила мусоидат мекунад. Имрӯз шояд бо шахсе вохӯред, ки барои пешрафти касбии шумо имконияти нав фароҳам меорад. Аз ин рӯ, ба мулоқот хуб омодагӣ бинед. Дар масъалаҳои пулӣ бо шарикон баҳс накунед ва кӯшиш кунед масъалаҳоро бо роҳи осоишта ҳал намоед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Дар атрофатон касе ҳаст, ки нисбат ба шумо таваҷҷуҳи зиёд дорад. Аммо агар аллакай шахси дӯстдошта доред, ба ишқбозӣ роҳ надиҳед, зеро ин метавонад боиси мушкилоти ҷиддӣ шавад. Ба ҷуфтҳои оиладор имрӯз тавсия мешавад, ки аз баҳсу мунозира бо ҳамсар худдорӣ кунанд. Ҳатто масъалаи хурд метавонад сабаби ҷанҷол гардад. Якбора ба иҷрои чанд кор машғул нашавед, зеро эҳтимол аст ҳеҷ кадоми онҳоро то охир расонида натавонед. Барои харидани масолеҳи гарони сохтмонӣ пул сарф кардан шарт нест. Кӯшиш кунед эҳсосоти худро идора карда, дар ҳама ҳолат ором бошед.