arzon replenishment
Манижа гранти таҳсилии $316 000-ро бурид
1085

Манижа Абдуллоева, хатмкардаи яке аз муассисаҳои таълимии бонуфузи шаҳри Хуҷанд, бо ба даст овардани 316 ҳазор доллар гранти таҳсилӣ ба Донишгоҳи Ҷорҷтауни Қатар (Georgetown University in Qаtar) дохил шуд. Аз ин рӯ, мо бо Манижа атрофи ин мавзӯъ суҳбат намудем, ки пешкаши шумо мегардонем.

- Зодаи куҷоед ва аз кӯдакӣ чӣ орзу доштеду ба кадомаш ноил гардидед?

- Ман дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи муқаррарӣ, ба дунё омадаам. То синфи 9 дар гимназия таҳсил карда, то хатм дар Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Оксфорд” хондам. Аз кӯдакӣ орзу доштам, ки тариқи буҷҷавӣ дар Русия таҳсил кунам ва тасаввур карда наметавонистам, ки ба дастовардҳои бештаре ноил мегардам. Дар байни хешу таборамон касе нест, ки дар ИМА, Олмон ва дигар кишварҳои хориҷӣ таҳсил кунад, аз ин рӯ банда аввалин нафаре ҳастам, ки дар хориҷа бо забони англисӣ таҳсиламро оғоз мекунам.

- Дастовардҳоятон дар даврони таҳсил кадомҳоянд?

- Дар олимпиада ва озмунҳои гуногун фаъолона иштирок мекардам. Дар озмуни “Китобхони беҳтарин”, Академияи хурди илмҳо, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб шудам. Ҳамчунин, барандаи Стипендияи Президентӣ будам.

- Кадом забонҳои хориҷиро медонед?

- Забонҳои англисӣ ва русиро хуб медонам. Дар синфи 9 забони немисиро ҳам каме омӯхтам. Дар донишгоҳ мехоҳам забонҳои фаронсавӣ ва арабиро омӯзам, барои он ки забони арабӣ забони расмии Қатар аст.

- Шумо чӣ тавр барандаи гранти таҳсилӣ гардидед ва аз рӯйи кадом ихтисос таҳсил мекунед?

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ТОҶИКДУХТАРЕ, КИ СОҲИБОНИ ЗАБОНИ АНГЛИСИРО МАҒЛУБ КАРД

- Аз синфи 8 дар маркази таълимии "TajRupt" омӯзишро дар ҷодаи ҷаҳонишавӣ, иқтисод ва омӯхтани таърихи одамони муваффақ оғоз намудам ва ин як таҳкурсие гардид, ки орзуи кӯдакиям ҷомаи амал пӯшад. Ба "TajRupt" ман чун кӯдаки соддадил омада, ҳамчун шахси баркамол, ки ҳадафҳои худро медонад ва барои он талош мекунад, рафтам. Бо талошҳои бардавом ва душвориҳои зиёд тавонистам, ки бо ба даст овардани 316, 296 ҳазор доллар гранти таҳсилӣ ба Донишгоҳи Ҷорҷтауни Қатар (Georgetown University in Qаtar) дохил шавам. Акнун ман дар донишгоҳ иқтисодиёти ҷаҳонро меомӯзам ва 4 сол таҳсил мекунам. Мисли ҳамаи донишҷӯён дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекунам.

- Ба ҳамсолони худ чӣ гуфтанӣ доред?

- Ба худ боварӣ дошта, меҳнат кунанд. Камина бисёр кӯшиш карда, заҳмат кашидам. Пайваста дар ҷустуҷӯи маълумоти нав будам, иншоҳоямро мунтазам такмил медодам, корҳои беруназсинфӣ мегузаронидам ва танҳо ин ба ман дар дохил шудан ба муассисаи олӣ кӯмак кард. Ман ҳеҷ гоҳ боварӣ надоштам, ки ба зудӣ барои таҳсил ба яке аз сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон меравам, аммо ҷидду ҷаҳд ва субот метавонад ҳатто орзуҳои ғайривоқеиро ба воқеият табдил диҳад.

- Шуморо дар зиндагиву таҳсил кӣ бештар дастгирӣ мекунад?

- Тамоми аҳли оила маро дастгирӣ мекунанд, вале аз хама бештар модарам.

- Насиб бошад, сафаратон кай аст?

ИНЧУНИН:

БОНУИ ТОҶИК ОМӮЗГОРИ СОҲИБУНВОНИ ДОНИШГОҲЕ ДАР ИМА


- Аллакай ба ман чипта доданд ва 10 август тавассути Тошканд аввал ба Истамбул ва баъд ба Давҳа меравам. Барои он ки 13 август ҳафтаи муайян кардани ҷойи истиқомати донишҷӯёни нав аст ва 20 август семестри якум оғоз меёбад.

- Ба шумо хониши аълоро таманно дорем, муваффақ бошед.

- Ташаккур барои суҳбати хуб.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД