Саёҳон вақте вориди Тоҷикистон мешавад, пеш аз ҳама аз набудани маълумот дар фазои интернетӣ танқисӣ мекашад. Ҳарчанд мо борҳо такрор кардаем, ки сомона дорем, вале мушкил дар таблиғ нашудани меҳмонхонаҳову муассисаҳое, ки бо сайру саёҳат машғул мешаванд, мебошад.Ин ҷойҳо дар шабакаҳои байналмиллалӣ сабт нашудаанд.
Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон бо нигаронӣ ин нуқтаро дар нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон қайд кард.
“Ҷои пӯшида нест, ки дар кишварамон мо меҳмонхонаҳои зебову замонавии зиёд дорем, ки барои қабули меҳмонон ва саёҳони хориҷӣ дар сатҳи олӣ хизмат мерасонанд. Агар соҳибони меҳмонхонаҳо дар шабакаи ҷаҳонии интернет меҳмонхонаи худро ба қайд монда, муаррифӣ намоянд, ҳам ба фоидаи худи меҳмонхона ва ҳам барои ҷалби саёҳони хориҷӣ саҳми босазо мегузорад”, илова кард номбурда.
Дар қатори дигар намудҳои саёҳӣ аз қабилӣ, кӯҳгардӣ, пиёдагардӣ, аспсаворӣ, саёҳати моҳидорӣ ба тадриҷ рушд карда истодааст. Яке аз самтҳои асосии ин соҳа “Агро-туризм” мебошад ва кумита дар ин самт корро дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳалӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба роҳ мондааст. Кумита кӯшиш дорад, ки мардум хонаҳои худро ҳамчун меҳмонхона ба меҳмонон пешниҳод намуда тавонанд ва ин як манбаи даромади иловагӣ барои сокинон гардад.
Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки тӯли соли равон ба кишвари мо ҳамчун саёҳ омадаанд, 363-089 нафарро ташкил дода, аксарашон аз Ӯзбекистон, Русия ва дигар кишвар мебошанд. Ин шумора дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузошта 2,9 дарсад зиёд мебошад. Субъктҳое, ки ба хизматрасонии саёҳӣ машғуланд, 288 ададро ташкил дода, 242 ширкати саёҳӣ ба қайд гирифта шудааст.