gazprom august 2025
Беваи ҳафт дар (ҚИСМИ 5)
1653

Турбаи гадоӣ

Ҳоли духтарчаи панҷсолаам бад шудан гирифту духтурон гуфтанд, ки танҳо табибон дар Маскав метавонанд ба дардаш даво бахшанд, аммо ман пул надоштам. Муаллимону хонандагони мактабе, ки он ҷо кор мекардам, каме кумак карданд, дидам аҳволаш бад аст, рӯ ба гадоӣ овардам. Асосан ба назди ҳавлиҳое мерафтам, ки бодабдаба буданд.

Рӯзе дари ҳавлии сеошёнаеро задам, онро ба рӯям ҷавонзани қоматбаланди сабзинае кушод, бо гиря аҳволи зорамро ба ӯ нақл кардам. Ӯ маро рӯйи кат шинонида, худаш ба хона даромад. Ҳамин вақт аз байни боғчаи канори ҳавлӣ зане ба наздам омада салом дод. Ман Хадичаро дида, қариб аз ҳуш мерафатам, вале ӯ маро нашинохт ё шинохту худро ба нодонӣ зад. Чун мақсади маро фаҳмид, ба дастам ду ҳазор сомонӣ ва дар пакети селофание хӯрданиҳои лазиз дода, гуфт:

- Писарам ба ноҳия рафтааст, он ҷо замину чорво дорад, ҳамонҳоро хабар гирифта меояд. Ду-се рӯз пас ба ҳамин рақамҳо занг зан, бо ӯ ва падараш маслиҳат мекунему барои духтарат дар Маскав беморхонаи хубе меёбем ва пули ҷарроҳияшро пардохт мекунем… Ман имсол бори дуюм ба ҳаҷ рафтанӣ будам, аммо саломатии як кӯдаки ятим муҳимтар аст.

Ман дастони Хадичаро бӯсида, изҳори сипос кардаму берун баромадам…

Бо пулҳои додаи Хадича як навбат табобат гирифтем, ҳоли духтарчаам каме беҳтар шудааст, аммо духтурон мегӯянд, ки ин муваққатист.

Шарм медорам ба Хадича занг занам, гумон мекунам ӯ маро шинохт, вале изои муъмин ҳаром гӯён, худашро ба нодонӣ зад…

Хонандагони азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Назди Хадича рафтаву кӣ будани худро гӯям? Бигӯям, ки дуои ту маро гирифту имрӯз беваи дар ба дарам? Ё не?

ФОЗИЛА

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД