Роналд Оҳиссон, қанноди машҳури шведӣ касби худро аз таҳти дил дӯст медошт ва пеш аз маргаш васият карда буд, ки баъди аз олам гузаштанаш, ӯро на дар тобути чӯбӣ ё тиллоӣ, балки дар тобути шоколадӣ ба хок супоранд.
Пас аз маргаш, хонаводаи Оҳиссон ин васиятро ба ҷо оварда, ӯро чуноне худаш гуфта буд, дар дохили тобути шоколадӣ дафн карданд.
Оҳиссон соли 1973 вафот карда буд ва имсол аз марги ин қаннод 47 сол пур шуд. Ӯ дар шаҳри Фалкенберги Шветсия ба хок супорида шудааст. Аз марги ӯ қариб 50 сол гузашта бошад ҳам, то ҳол номаш дар таърих ҳамчун нафаре, ки дар тобути ғайриоддӣ ба хок супорида шудааст, боқӣ мондааст.
Ёдовар мешавем, ки Роналд Оҳиссон коргоҳи қаннодӣ дошт ва ба омода кардани шириниҳои гуногун, аз ҷумла шоколад машғул буд.