Бо хабарҳои охирин ошно шуда, кас ба чунин хулоса меояд, ки мардум барои ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил шудан чӣ корҳои аҷибе намекунанд. Барои мисол, ширкати истеҳсолкунандаи лавозимоти варзишии «Aramis Regby» тӯберо офарид, ки бо он танҳо азимҷуссаҳои афсонавӣ метавонанд регбӣ бозӣ кунанд.
Дарозии он 597 сантиметрро ташкил дода, қутраш ба 369 сантиметр баробар аст. Ҳангоми рӯнамоӣ маҷбур шуданд, ки тӯбро тавассути чархбол ба шаҳри Молтони Ҷанубии Бритониё баранд. Тӯб аз рӯи стандартҳои «бародари хурдиаш» сохта шудааст. Мутахассисонро лозим омад, ки ба ғайр аз ҳисобу китоби дақиқ, вақту заҳмати зиёдеро паси сар намоянд, то ба қавли худашон, ин муъҷизаро биофаранд.