arzon replenishment
Тағйироти калони кадрӣ дар шаҳру навоҳӣ
1079

Умед Гуреззода ва Дилшод Одиназода, ду муовини шаҳрдори пойтахт низ дар пайи таъиноти кадрии имрӯзи Президенти кишвар тағйири мақом кардаанд.

Гуфта шуд, ки Фатҳиддин Усмонзода ба ҷои Умед Гуреззода раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт таъин шудааст. Дилшод Одиназода ба кадом вазифа таъйин шудааст, то ҳол маълум нест.

Ба иттилои як манбаъ Сиҷоуддин Саломзода, ки аз вазифаи раиси шаҳри Бохтар барканор шуд, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин шудааст.

Ҳамчунин, Ҷамшед Саидзода, раиси ноҳияи Ёвон низ аз мақомаш барканор шуда, ба ҷои ӯ Бахтиёр Шарифӣ, ки то кунун муовини вазири саноати Тоҷикистон буд, таъин шудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки Ҷамшед Саидзода ба кадом вазифа таъин шудааст.

Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба нафақа фиристода шуда, ба ҷояш Гуреззода Умед таъйин шудааст.

Қаблан хабар додем, ки дар пайи ин тағйирот раисони ноҳияҳои Лахшу Мир Саид Алии Ҳамадонӣ низ барканор шуданд. Раиси ноҳияи Лахш ба Бохтар омад, вале мақоми Одиназода то ҳанӯз муайян нест.

Баъди чанд лаҳза тафсилоти пурраи ин тағйиротро нашр мекунем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД