Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар доираи «Ҳафтаи ғизои солими кӯдакон» тавсияҳо оид ба ғизои иловагӣ барои кӯдакони то яксоларо таҳия кардааст. Он як қатор маслиҳатҳои муҳим ва заруриро барои волидон дар бар мегирад.
Пас аз шашмоҳа шудани кӯдак бо тавсияи табиб ба ӯ дар баробари шири модар маводи ғизоии иловагӣ дар шакли шарбат ва пюре (картошка, каду сабзавот) додан мумкин аст. Сабаб дар он аст, ки талаботи ғизоии тифли босуръат инкишофёбандаро танҳо бо шири модар пурра таъмин карда намешавад.
Ба кӯдак бояд пеш аз шири модар ғизои иловагӣ дод. Пас аз он ки дар давоми ду ҳафта чунин ғизо дода мешавад, он аз ҳафтаи сеюм ба шири як пистон иваз карда мешавад. Таркиби ғизо бояд аз омехтаи сабзавот иборат бошад.
Дар аввал аз омехта ва пюреҳо (5—10 грамм) дода мешавад, баъд тадриҷан ба миқдори зарурй онро зиёдмекунед.
Дар хотир бояд дошт, ки ба кӯдаки ин синну сол дар як вақт ду маротиба хӯроки иловагӣ додан мумкин нест. Вақте, ки кӯдак ба ғизои аввалини иловагӣ одат мекунад, ба ғизои дуюм гузаштан мумкин аст.
Чун кӯдак 7-моҳа мешавад, ба ӯ ғизои дуюми иловагӣ пюреи (ва ё каша) медиҳанд. Дар ин давра нисфи зардии тухми ҷӯшонидашударо дар як ҳафта ду маротиба ва баъдтар як рӯз пас, додан мумкин аст.
Вақте ки кӯдак 8-моҳа мешавад, ҳамчун ғизои сеюми иловагӣ йогурт ва творог илова кардан мумкин аст. Аввал кам-кам (5-10 граммӣ) дода, баъд тадриҷан миқдорашро зиёдтар мекунед. Аз 9-моҳагӣ ба кӯдак нон, пичониҳо ва себро бурида дода метавонед. Аз 10-моҳагӣ қиммаи гӯшт додан мумкин аст.
Пас аз моҳи 12 –моҳагӣ ба кӯдакон додани котлетҳои дар буғ пухташуда тавсия дода мешавад.
Ба кӯдак чой (ранга) додан дуруст нест. Ба ҷойи ин шарбати мева ва оби ҷӯшида бинӯшонед.