Sebiston new 2024 october
Таваллуд чӣ гуна аст?
1803

Ҳамин ки моҳи нуҳуми ҳомиладорӣ ҳисоб карда шуд, модар тик-тики қалбашро якто-якто ҳисоб мекунад ва мунтазири хабари дидани рӯи фарзандаш мешавад.

Одатан духтурони минтақавӣ маслиҳат медиҳанд, ки баъди нуҳум моҳи ҳомиладорӣ як маротиба муоинаи УЗИ (доплер) карда шавад. Ин муоина рӯзи тақрибии зоишро мегӯяд ва ҳолати тайёршавии кӯдакро барои тавалуд ва қаду вазни ӯро ҳам пешгӯӣ мекунад.

Вақте, ки дарди зоиш пайдо мешавад, борхалтаи парпечро гирифта, зуд ба тавалудхона давидан шарт нест. Дар зоиши аввал дарди он то 12 соат тӯл мекашад. Албатта, ин дард дар зоиши дуюму сеюм кам мешавад, чунки роҳҳои таваллуд нисбат ба дафъаи аввал кушода шудааст.

Дарди кушодашавии роҳи бачадон аз зоиш фарқ мекунад. Он ёзидани мушакҳои роҳи таваллуд аст, ки ниҳоят дарднок аст ва аз модар қувваи зиёдро талаб мекунад ва дар бисёр маврид модарро хастаҳол мекунад. Аммо баъди пурра кушода шудани роҳи бачадон дарди зоиш сар мешавад.

Агар дарди кушодашавии бачадон ҳар 10-20 дақиқа пас бошад, дарди зоиш зуд-зуд ба амал меояд. Занҳое, ки бори аввал фарзанд ба дунё меоранд, ин фарқиятро ба дурустӣ намедонад ва ҳамин ки се чор маротиба дарди кӯдак мезанад, равонаи таваллудхона мешавад, ки на он қадар хуб аст. Бояд таҳамул намуд ва интизор шуд.

Барои занҳои якумзой тавсия дода мешавад, ки вақтро ба назар гирифта, дардҳои зоишро ҳисоб кунанд Ҳамин ки ҳар 5 дақиқа дарди зоиш сар зад, метавонанд борхалтаашонро гирифта, сӯи тавалудхона раванд.

Дар тавалудхона баъди муоинаи аввалӣ акушер - генеколог мегӯяд, ки баъди чанд муддат кӯдак ба дунё меояд. Дарди зоиш баъди кушода шудани роҳи бачадон аз 2 то 4 соат тӯл мекашад. Ин аз дардҳои пешин каме фарқ мекунад. Он тез - тез ва каме мулоимтар аст.

Ин зурзанӣ аз он хотир аст, ки бачадон баъди кушода шудани роҳ ба мағзи сар хабар медиҳад, ки тифл бояд ба берун барояд. Ин ҳолати рефлексӣ ва табиӣ аст. Мушакҳои девораҳои бачадон кӯдакро барои ба дунёи кушод баромадан “тела” мекунад. Дар натиҷаи ҳар маротиба зӯр задан кӯдак қадам ба қадам ба берун мебарояд.

Ҳамин ки аз даҳони бачадон гарданаки кӯдак намудор шуд, зӯрзании табиӣ аз байн меравад. Барои пурра баромадани кӯдак акнун модар худ бояд зӯр занад. Барои ин амал модар ниҳоят кӯшиш карданаш лозим аст. Ҳангоми дардҳои тӯлонии зоиш модар хастаҳол мешавад ва шояд дар чунин лаҳзаи ҳасос тамоми қуввашро аз даст диҳаду “ман наметавонам” гуфта дигар зӯрзаниро бас кунад. Аммо модар пешакӣ руҳан бояд худро омода кунад, ки ҳамин лаҳзаҳо ниҳоят муҳим аст ва бояд тамоми иродаро ҷамъ кунаду барои сиҳату солим ба дунё овардани тифлакаш кӯшиш кунад.

Дар вақти зоиш ҳодисаҳои гуногун сар мезанад, ки зани зоянда ба он тамоман гунаҳкор нест ва аз он шарм набояд кунад. Гоҳҳо мешавад, ки дар вақти зоиш пешоб ва ё ахлот ояд, ки пеши роҳашро гирифтан лозим нест, чунки метавонад барои зоиш монеаҳои хатарнок пайдо кунад. Ҳатто вақти доштани пешоб метавонад пешобдон кафад, ки ин ниҳоят хатарнок аст. Духтурон ин ҳолатро хуб медонанд ва ҳангоми зоиш маслиҳат медиҳанд.

Ҳангоми зоиш бисёр занҳо худро идора карда наметавонанд ва амалҳои нолозимро бисёр содир мекунанд, ба монанди доду фиғон ба ин суву он сӯ зиёд ҳаракат кардан ва ғайраҳо. Ин амалҳо қувваи зиёдро сарф мекунад ва барои тавалуд кардан энергия намемонад. Ба ин хотир, маслиҳати акушерону момодояҳоро хуб гӯш карда, камтар дод задан лозим аст.

Инчунин, ҳар вақте момодоя “зӯр зан” гуфта, фармон диҳад, ҳамон вақт ин корро кардан лозим аст, зеро ин қувваи шуморо сарфа мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД