Маълум аст, ки тарбияи хонандагон масъалаи фарогиру серпаҳлу буда, танҳо бо таълимгоҳу саъю талоши устодону омӯзгорон анҷом намепазирад. Борҳо донишмандону мактабшиносони соҳибтаҷриба таъкид кардаанд, ки тарбия аз муҳити хонавода, аз муносибати калонсолон бо наврас дар кӯча, роҳу истгоҳ, дохили воситаи нақлиёт оғоз ёфта, дар мактаб идома меёбад.
Дар ин бобат нақши аҳли ҷомеа низ назаррас буда, таъкиду огоҳӣ ва ҳушдорҳои паёпайи одамон баҳри ба роҳи мустақим гом ниҳодани мактаббача таъсиргузор мебошад. Аз таҷрибаи деринаи худ медонам, ки хонанда дар ҳеҷ як ҳолат, хусусан, дар мактаб, ҳангоми баргузории машғулиятҳо набояд бекор монад.
Ҳамин ки вай лаҳзае бекор монд, албатта, ба амалҳои беҳуда, аз қабили хандидан, ҳампарта ё рафиқи дар пеш ё қафо ҷойгирифтаашро ба шуғли беҳадафе ҷалб намудан, овозҳои дағали ба дарс халалэҷодкунанда баровардан ва ғайра даст мезанад. Ба ҳамин ҳолат ҳеҷ гоҳ набояд роҳ дод. Аз нигоҳи ман, дар оилаҳо ҳам волидон, бародарон, хоҳарбузурги хонанда бояд ӯро ягон лаҳза аз мадди назар дур нагузоранд.
Албатта, мо ба ин гуфтанӣ нестем, ки фарзанд пайваста зери фишор ва таъкиду назорати бепоён қарор дода шавад. Ба ӯ озодии сайру гашт, бо ҳамсолон бозӣ кардану истироҳату фароғат оварда шуда, лаҳзаҳои муайян ба тамошои телевизор, гӯш кардани радио бояд ҷудо кард, аммо дар зимн, фарзанд бояд ҳадди одобро риоя кунад, насиҳату супоришҳои падару модарро алоқадри ҳол ва дарсҳояшро дар вақти муайян иҷро намояд.
Маълум аст, ки ба таъбири халқӣ, «панҷ ангушт баробар набуда», иддае аз бачаҳо якравию гарданшахӣ карда, бо нозу нузи зиёд супоришҳои волидон, ба хусус, модарро иҷро кардан намехоҳанд. Агар дар ин бобат онҳо ба ихтиёри худ гузошта шаванд, коҳилу фиребгар ва муғамбир ба воя мерасанд, ки паёмадҳои манфӣ ба бор хоҳад овард.
Дар тарбияи фарзандон набояд ба ифрот роҳ дод. Муносибати хашин, ҷазоҳои бамавриду бемавриди ҷисмонӣ, таҳқиру ба иззати нафси онҳо расидан низ оқибати хуб надорад. Ба фарзанд таъкид бояд кард, ки ҳамеша аз пайи иҷрои амалҳои нек гардад. Шахсеро дар роҳу кӯча беҳуда масхара кардан, меваи баланди шохсори ҳавлии ҳамсояро бо санг зада афтондану истеъмол намудан, аз пайи саги ноошно давидану садо баровардан ҳаргиз ба кас обрӯ нахоҳад овард.
Дар вақтҳои холию фароғат ба бача пешниҳод намудани мутолиаи китобҳои пурмуҳтавою шавқовари тарбиявӣ беҳтарин василаи аз амалу саргармиҳои беҳуда дар фосила нигоҳ доштани ӯ мебошад.
Муниса ҲАСАНОВА, мураббияи
мактаб-интернати №2, ноҳияи Фирдавсӣ
Бознашр аз ҳафтаномаи "Омӯзгор"