Дар 2 кӯчаи шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёт ва додани оби нӯшокӣ ба сокинон давоми 17 рӯз муваққатан қатъ карда мешавад.
Аз 29-уми апрел то 15-уми майи соли 2025 дар кӯчаҳои Аҳмади Дониш ва Дӯстии халқҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёт ва додани оби нӯшокӣ ба сокинон муваққатан қатъ карда мешавад.
Бино ба иттилои шаҳрдорӣ, сабаби муваққатан қатъ намудани ҳаракати нақлиёт ва додани оби нӯшокӣ ба сокинони ин кӯчаҳо гузаронидани корҳои зарурӣ барои хобондани қубурҳо аз шафати боғчаи бачагонаи “Шаҳри зебои мо” мебошад.
Дар ҳолатаҳои зарурӣ дар ин давра дар кӯчаҳои номбурда додани оби нӯшокӣ ба сокинони муваққатан қатъ карда мешавад. Аз аҳолӣ хоҳиш карда шудааст, ки омода бошанд ва дар чунин ҳолатҳо оби нӯшокиро захира намоянд.