Баъзеҳо ба он назаранд, ки машқу тамринҳо дар айёми ҳомилагӣ барои зан хавфнок аст, аммо мутахаассисон ба он назаранд, ки тамрин ва фаъолияти ҷисмонии сабук на танҳо бехафв, балки судманданд, ба шарте ки дуруст иҷро карда шаванд.
Агар зани ҳомила ҳамарӯза ба машқи бадан машғул шавад, тамоми рӯз худро бардам ҳис карда, руҳбаланд низ мегардад. Ин барои паси сар кардани он мушкилиҳое, ки ҳангоми ҳомилагӣ чӣ дар хона ва чӣ дар ҷои кор рух медиҳанд, мусоидат менамояд.
Машқҳои ҷисмонӣ ҳангоми ҳомиладорӣ:
Гардиши хунро беҳтар менамояд;
Барои назорат бурдани зиёдшавии вазн ёрӣ мерасонад;
Дарди миёнро аз байн мебарад;
Ихтилоҷ ва васеъшавии варикозии раги варидро пешгирӣ менамояд;
Барои худро хуб ҳис намудан мусоидат мекунад;
Дар оянда валодат (таваллудкунӣ)-ро осон мегардонад;
Пас аз валодат барои ба зудӣ барқарор шудани шакли пешинаи бадан мусоидат менамояд.
Агар зани ҳомила нуқсҳои зеринро дошта бошад, пас аз машқҳо рӯй тофтани ӯ ҳатмист:
Нодуруст будани гарданаки бачадон, таваллуди пеш аз муҳлат ва ё бачапартоии такрорӣ дар гузашта;
Фишори баланди хун дар марҳилаи аввали ҳомиладорӣ;
Хатари қатъ гардидани ҳомиладорӣ;
Ҳомиладории бисёрҷанина (дугоник, сегоник ва зиёда аз ин);
Бемории системаи рагу дил;
Преэклампсия;
Хунравӣ аз маҳбал.
Машқи гардан
Кор бо қисми гардании сутунмуҳра ба занони ҳомила барои бартараф кардани дарди сар, асабоният, бехобӣ, хасташавии тӯлонӣ ва ҳатто гулӯдард, ки аксар вақт натиҷаи фишори мушакҳои ин қисми бадан мебошад, мусоидат менамояд.
- Ба шифт нигаред, сипас манаҳро қат карда, ба фарш нигоҳ кунед.
- Кӯшиш намоед, ки ҳар қадаре ки метавонед, аз китф ба қафо нигаред.
- Сарро ба паҳлу қат кунед, то ки гӯш ба китф баробар гардад.
Машқи китфон
Ин машқ гардан, китфон ва тахтапуштро озод ва сабук менамояд.
- Даврзанонии озоди китфон ба сӯи пеш, сипас ба қафо.
- Рост нишинед.
- Чӣ кадаре ки метавонед, китфонро боло кунед, сипас ба қафо партоед, баъдан ба поён ва ба сӯи пеш.
- Машқро баръакс иҷро намоед.
«Шапалак»
Зонуҳоро аз ҳам ҷудо ва кафи пойҳоро ба ҳам зич кунед (кӯшиш намоед, ки кафи пойҳо ба бадан расанд). Худро бароҳат ҳис намоед: бадан ба пуррагӣ суст карда шудааст, лекин сутунмуҳра бошад, рост нигоҳ дошта мешавад. Танҳо қисми дарунии ронҳо таранг карда шудаанд. Бо зонуҳо ҳаракатҳои сабуки алвонҷдиҳанда намоед ва оҳиста-оҳиста суръати ҷунбишро зиёд кунед. Саъй намоед, ки зонуҳо ба фарш расанд. Чӣ қадаре, ки баданатон озод бошад, ҳамон қадар машқ мутаносиб ва самарабахш иҷро мешавад.
Машқҳо барои ёзиши мушакҳо
Ин машқҳо барои ба валодат омода кардани мушакҳо, бофтаҳо ва банду буғумҳо ёрӣ мерасонанд, ҳамчунин даридани мушакҳои ҷатан ва ҷудошавии устухонҳои косро пешгирӣ менамоянд ва дар вақти таваллудкунӣ ҳолати дуруст гирифтанро меомӯзанд.
- Ба фарш нишинед ва тахтапуштро рост нигаҳ доред.
- Пойҳоро ба сӯи пеш ёзонед ва аз ҳамдигар дур кунед.
- Сипас, ҳарду дастро ба сӯи пои рост дароз намоед.
- Қоматро рост кунед.
- Худро ба сӯи пеш кашед.
- Қоматро рост кунед.
- Ба пойи чап.
- Қоматро рост намоед.
Инсон дар ҷараёни зиндагӣ кам таваҷҷуҳ менамояд, ки нафаскашӣ тавассути бинӣ то чӣ андоза муҳим аст. Танҳо он вақт дарк кардан мумкин аст, ки ба ин тариқ нафаскашӣ душвор ва ё умуман номумкин мегардад.
Нафаскашӣ бо бинӣ ҷараёни табиӣ барои ҳар як нафари солим ба ҳисоб меравад. Ҳавои ба тариқи бинӣ кашида тозаву рутубатнок ва гарм мегардад. Ба ин тариқ, бинӣ шуши инсонро аз илтиҳоб ва сироятҳо эмин медорад. Ғайр аз ин, агар нафаскашӣ тавассути бинӣ сурат гирад, ҳавои ба организм воридгардида аз оксиди азот бой мегардад, ки он барои шуш зарур буда, хуни инсон беҳтар бо ҳаво таъмин гардад.
Агар барои шахс нафаскашӣ бо бинӣ номумкин гардад, пас тариқи даҳон нафас кашидан оғоз меёбад. Ва дере нагузашта ин ба илтиҳоби қабати луобии даҳон, хушкшавии гулӯ ва ҳалқ меорад, ки дар натиҷа метавон ба бемориҳои бронхит, ларингит ва фарингит дучор омад.
Бемории гайморит (варами пардаи луобии ду тарафи бинӣ) низ яке аз бемориҳои маъмулӣ мебошад, ки нафаскаширо тавассути бинӣ ғайриимкон мегардонад. Бемории гайморит илтиҳоби ҷоғиболоии ҷавфҳои иловагии бинӣ мебошад.
Модоме ки бемории гайморит дар ҷавфҳои бинӣ ба вуқӯъ меояд, баъзан метавонад дар як қисм ҷавфҳо ва ё зиёда аз ин ташаккул ёбад. Вобаста ба ин ҷараёни сабук, миёна ва ё вазнини бемориро муайян менамоянд. Агар дар ҳарду ҷавфҳои бинӣ ҷараёни илтиҳобӣ ба вуқӯъ ояд, ин ҳолат вазнин ҳисобида мешавад, новобаста аз оне ки бемор ҳолати худро на он қадар бад шуморад. Гайморит бемории хавфнок аст, зеро дар наздикии дигар узвҳои асосӣ, ба монанди системаи асаб, мағзи сар, узвҳои биноӣ ва нафаскашӣ ҷараён меёбад. Аз ин рӯ, бемории гайморитро дуруст ташхис ва табобат мебояд кард, то ки ба узвҳои болоӣ ва поёнии нафаскашӣ таъсири бад нарасонад. Гайморит ҳамчунин дар натиҷаи заиф гардидани систамаи муҳофизии бадан ба вуқӯъ меояд. Ба пайдошавии гайморит бемориҳои вирусӣ ва сармозании организм низ мусоидат менамояд.
Саривақт табобат накардани гайморит, ки дар қисми сари инсон дар масофаи начандон дур аз майнаи сар ҷараён меёбад, метавонад ба оризаҳои хавфнок орад. Яке аз оризаҳои хатарноктарине, ки ба гайморити зардобии шакли давомнок оварда мерасонад – ин менингит, яъне илтиҳоби пӯстлохи майнаи сар мебошад. Ҳамчунин хатари ташаккулёбии бемориҳои дил, гурда, фишорбаландии шараёнӣ, харобшавии асаб ва дигар бемориҳои вазнин ба миён меояд.
Баъзеҳо чунин меандешанд, ки ин беморӣ ба монанди бемории зуком сироятӣ мебошад ва бо роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ ба дигар одамон интиқол меёбад, ки ин ақида куллан ғалат аст.
Занҳо дар давраи ҳомиладорӣ ба ринити марҳилавӣ дучор меоянд, ки муътадил арзёбӣ мегардад. Лекин баъзан чанд бемориҳо, ба монанди каҷшавии девораи бинӣ ё худ зуком метавонанд ба ташаккулёбии гайморит мусоидат кунанд. Дар чунин ҳолатҳо духтури гӯшу гулӯ ва бинӣ бояд бо табибони акушер-гинеколог ҳамкории зич дошта бошанд. Табибон бештар муолиҷаи илигатсиониро ба таври васеъ истифода мебаранд, яъне бо роҳи шустани ковокии бинӣ бо намакоб. Ҳамчунин бо синус-катетор ва доруи маҷмӯии долфи, ки хокаи онро дар об ҳал кунонда, ҷавфҳои биниро мешӯянд, то зани ҳомила бештар оксигенро бо бинӣ нафас кашад, зеро ба ин тариқ хун бештар бо оксиген таъмин мегардад ва ҷанини батн ба қадри кофӣ аз ҳаво баҳравар мегардад. Агар зан тифли ширхора дошта бошад, мушкилот ба вуҷуд меояд, зеро ки аксарияти доруҳо метавонанд бо шири модар ба тифл таъсири манфӣ расонанд. Бо мақсади ба тифл зиён нарасонидан табибон антибиотикҳои махсус мефармоянд.
Новобаста аз синну сол ва ҷинс ба бемории гайморит ҳамаи одамон метавонанд гирифтор гарданд.
Масъалаи оне ки табобат дар куҷо ва чӣ тавр бояд гузаронда шавад, пайваста беморонро ба ташвиш меорад. Яъне беморон баъзан намедонанд, ки дар ин ё он ҳолат чӣ тавр рафтор кунанд ва аз нақлҳои ваҳмангез дар бораи табобати он ба таҳлука меафтанд. Пеш аз ҳама, зарур аст, ки ба духтури минтақавӣ муроҷиат намуда, роҳи ҳалли мушкилӣ ҷуст. Табиби гӯшу гулӯ ва бинӣ метавонад бе истифодаи мудохилаи тиббӣ табобати гайморитро ба роҳ монад.
Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ, мегӯянд, аз ин рӯ ҳар як бемориро пешгирӣ намудан ва ё сари вақт табобат кардан касро аз бисёр хатарҳо эмин медорад. Зеро аз замонҳои қадим инсон дарк намуда буд, ки пешгирии бемориҳо аз табобати онҳо беҳтару қуллайтар аст. Барои пешгирӣ кардани бемории гайморит нахуст мебояд, ки баданро обутоб дода, пайваста ба машқҳои ҷисмонӣ ва варзиш машғул шуд. Ҳамеша ҳавои тоза нафас кашидану реҷаи дурусти хӯрокхӯрӣ ва истироҳатро фароҳам овардан усулҳои хуби пешгирии гайморит мебошанд. Ин амалҳо метавонанд ҷараёни ташаккули бемориҳои биниӣ ва шушро пешгирӣ намоянд.
Билохира, кафолати муваффақият дар мубориза бо тамоми бемориҳо тарзи тарзи ҳаёти солим мебошад, ки аз истеъмоли ғизои солим шурӯъ гардида, фаъолияти ҷисмонӣ ва рӯҳи болидаро тақозо менамояд.