Formula novemver 2024
“ТАМҒАИ ПИСАНДИДАИ ТОҶИКИСТОН-2021” ҒОЛИБОНИ ЛОИҲА СОҲИБИ ҶОИЗА ШУДАНД (30 АКС)
2469

Шоми 21-уми май меҳмонхонаи пуршукӯҳи “Хаятт Реҷенси” намуди идона дошт. Даста-даста меҳмонон, ки дар байнашон кормандони мақомотҳои бонуфузи давлатӣ, соҳибкорони муваффақ, ситораҳои эстрада ва хабарнигорони дохиливу хориҷӣ низ буданд, бо табъи хушу рӯҳи болида дар ин меҳмонсаройи овозадор ҷамъ омада буданд, то дар маросими тантанавии ҷамъбасти Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2021” ширкат варзида, ғолибони ин озмуни бонуфузро муборакбод бигӯянд.
Мизбонони ин чорабинии зебо-кормандони Агентии рекламавии “Тайрон” бо чеҳраи кушодаву лабони пуртабассум иштирокчиёни озмун ва дигар меҳмонони олиқадрро истиқбол гирифта, ба толор раҳнамоӣ менамуданд.

Фаридун Хайруллозода ва блогери шинохтаи тоҷик Сабринаи Назрӣ ба маҳфил ҳусни оғоз бахшида, барои ифтитоҳи расмии маросими бошукӯҳи ҷамъбасти озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2021” зери кафкӯбиҳои бардавоми аҳли нишаст Сардори раёсати технологияи нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Баҳриддин Абдураҳимзода ва Директори Агентии рекламавии “Тайрон” Шаҳноза Ҳамдамоваро рӯйи саҳна хонданд.

Номбурдагон зимни суханронии хеш қайд намуданд, ки лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” муддати 8 сол боз арзи вуҷуд дорад ва он ба як чорабинии муҳим дар ҳаёти иқтисодии мамлакат табдил ёфтааст. Имсол агентии рекламавии “Тайрон” дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ин лоиҳаро роҳандозӣ намуда, дар он ҳудуди 30 ширкати муваффақи ватанӣ иштирок доштанд. Ҳадафи асосии лоиҳа-озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” дастгирии соҳибкорони Ватанӣ, тарғиби молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони тоҷик дар дохил ва хориҷи мамлакат, ҳамзамон мусоидат намудан ба пастшавии нарх дар бозори истеъмолӣ аст.

Ҳамин тавр, ҷоизасупорӣ ба ғолибони Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2021” оғоз ёфт.

Дар номинатсияи “Навгонӣ дар соҳибкорӣ” сарпарасти кулли лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2021” оператори пешсафи соҳаи алоқа ширкати ТсеLL ғолиб дониста шуд.

ТСЕЛЛ нахустин ширкате буд, ки дар ибтидои солҳои 2000-ум алоқаи стандарти GSM-ро пешниҳод карда, бозори алоқаи мамлакатро ба куллӣ таъғир дод. Дар тӯли беш аз 20 соли фаъолияташ ТсеLL ҳамеша ба фанновариҳои пешрафта такя мекунад. Соли 2019 ширкати Tcell нахустин шуда, дар қаламрави Тоҷикистон иҷозатномаи 5G-ро барои густариш ва роҳандозии тиҷории технологияи 5G дарёфт намуд ва соли 2020 дар пойтахт шабакаи 5G -ро ба кор даровард. Ин тасмим барои ҷомеа ва иқтисоди Тоҷикистон заминаи нави технологиро фароҳам меорад, ки он ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши рушди иқтисоди рақамӣ мувофиқат мекунад.

Дар номинатсияи “Бо мурури вақт санҷидашуда” (Проверено временем) ҶСК «Корхонаи истеҳсолии маҳсулоти қаннодӣ ШИРИН” ғолибиятро ба даст оварда, соҳиби ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон -2021”гашт.

Таърихи ин фабрикаи машҳури қаннодӣ ҳанӯз аз солҳои 60-уми қарни гузашта оғоз ёфта, корхона танҳо аз ашёи баландсифат маҳсулот истеҳсол менамояд. “Ширин”бренди машҳур буда, шоколад ва дигар шириниҳои истеҳсолкардаи фабрикаи “Ширин” на танҳо дар худи Тоҷикистон, балки дар хориҷи мамлакат низ харидорони зиёд доранд. Зиндагӣ бо маҳсулоти фабрикаи “Ширин” бисёр ширин ва гуворост!

Дар номинатсияи “Дастовард дар соҳибкорӣ” (Бизнес-прорыв) ғолибият насиби Корхонаи истеҳсолии нӯшокиҳои “Сиёма” гардид.
 Воқеан, ин корхонаи машҳур дар ҳаёти иқтисодии кишварамон нақши хеле муассир дорад. Бунёди корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳо “СИЁМА” ба татбиқи ҳадафҳои рушди миллӣ ва индустриякунонии мамлакат равона гашта, коргоҳи мазхкур бо дастури махсуси роҳбари давлат таъсис дода шуда буд. Корхона бо технологияҳои муосири фаронсавӣ муҷаҳҳаз гашта, маҳсулоти баландсифат истеҳсол мекунад. “Сиёма” на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Миёна яке аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли нӯшокӣ ба шумор меравад.

“Назар ба оянда”- дар ин номинатсия муассисаи беҳдошти тандурустӣ ва табобатии “СОФИЯ” ғолибиятро ба даст овард.


Муассисаи беҳдошти тандурустӣ ва табобатии “София” коргоҳи навташкил ва ояндасоз аст. Ин ҷо мутахассисони таҷрибадор ва тахассусашон олӣ гирд омада, дар ташхиси бемориҳои гуногун ва муолиҷа аз техникаи муосири тиббӣ ва усулҳои навтарини табобатӣ барои калонсолон ва кӯдакон истифода мебаранд. Дар маркази табобатии “София” бемориҳои меъдаву рӯда, бемориҳои кӯдакон, асаб табобат карда шуда, ташхиси бемориҳо, маҳси табобатӣ, табобати косметикӣ, даъват кардани духтур ба роҳ монда мешавад.  

Дар номинатсияи “ Интихоби оилавӣ” ғолибият насиби ширкати “Макколи” гашт.

“Макколи” корхонаи хеле машҳур буда, чандин бор дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Маҳсулоти беҳтарини сол” ва “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” ғолиби номинатсияҳои гуногун гаштааст. Имсол ширкат вафлиҳои “Оилавӣ”-ро ба озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” пешниҳод намуда, сазоворӣ боварӣ ва эътимоди истеъмолкунандагон гашт.

Дар номинатсияи “Нуфуз ва ҳаловат” ширкати истеҳсолии “Экомат” ғолиб омад.



“Экомат” соли 2008-таъсис ёфта, ба сокинони мамлакат бистар, яъне, матрасҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро пешкаш менамояд. Маҳсулоти корхона бо технологияҳои муосир ва ашёи хушсифат истеҳсол шуда, бо нархҳои нисбат ба маҳсулоти хориҷӣ арзонтар фурӯхта мешаванд. Бистарҳои ЭКОМАТ ба кас ҳаловат мебахшанд.

Дар номинатсияи “Нархи дастрас” корхонаи коркарди маҳсулоти гӯшти парранда “Баҳори пурфайз” ғолиб дониста шуд.

Ин корхона фаъолияти худро соли 2018 оғоз карда, дар як муддати кӯтоҳ бо маҳсулоти хушсифат ва арзон диққати харидорони зиёдеро ба худ ҷалб намуд. Маҳсулоти мурғии корхона аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушмазза мебошад.

Дар номинатсияи “Манзили дастрас” бошад, ғолибият насиби ширкати сохтмонии “Хуалинг-ЭЛИТА” гардид.

Ширкати мазкур дар гӯшаҳои гуногуни пойтахти кишварамон шаҳрчаҳои истиқоматии бонуфуз ва барои истиқоматкунандагон қулай сохта, ба ҳусни пойтахти Тоҷикистон ҳусни дигар зам мекунад. Ширкат дар истеҳсоли биноҳо аз маҳсулоти хушсифати сохтмонӣ, технологияҳои замонавии пахши садо ва коммуникатсияҳои марказикунонидашуда истифода мебарад. Манзилҳои бунёдкардаи ширкати “Хуалинг-ЭЛИТА” бисёр ҷолибу назаррабо буда, нархашон низ дастрас аст.

Мағозаи қаннодии “ШОКОЛАТЬЕ” дар рафти лоиҳа-озмуни бонуфузи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2021” аз ҷониби истеъмолкунандагон хеле гарм пазироӣ ёфта, ба даст овардани овозҳои зиёд дар наминатсияи “Ибтикори тиллоӣ” ғолиб омад.


“ШОКОЛАТЬЕ”- на фақат нуқтаи савдо, балки ҷои фароғат ҳам ҳаст. Мизоҷон аз маззаи капкейку тортҳо ва кулчақандҳои бомаззаи он ҳаловат мебаранд! Қаннодиҳои “ШОКОЛАТЬЕ” дастархони сокинони пойтахтро дар иду ҷашн ва чорабиниҳои гуногунро оро медиҳанд.

Дар номинатсияи “Маҳсулоти машҳур” ширкати «Афзали Суғд» бо бренди «Молочная радость» ғолиб дониста шуд.


Барои фароҳам овардани маҳсулоти хушсифати ширӣ дар рӯи дастархони мардуми кишвар, ширкати «Афзали Суғд» саҳми намоён дорад. Ширкат бо бренди «Молочная радость» аз соли 1998 инҷониб фаъолият намуда, маҳсулоташ борҳо дар озмунҳои гуногун сазовори ҷоизаҳо шудааст. Маҳсулоти тамғаи «Молочная радость» дар   давлатҳои ҳамсоя низ харидорони зиёд доранд ва онҳо низ барои тамғаи писандидаашон овоз додаанд.

Дар номинатсияи “Солимии миллат» ғолибият насиби “Вегафарм” гашт.


 Ширкати фармасевтии Вегафарм Тоҷикистон соли 2010   таъсис ёфта, ҳамеша барои солимии миллат талош меварзад. Доруҳои ин ширкат танҳо дар корхонаҳои фармасевтии дорои сертификати GMP истеҳсол мешаванд. Дар сандуқи ширкат ҳудуди 130 номгӯи доруворӣ мавҷуд буда, аз ҷониби мардум Пардифен, Пардифен-Актив гел ва Пардифен Беби баҳои баланд гирифтаанд.

Дар номинатсияи “Бо муҳаббат тайёршуда» ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Москва Прага Киев” бо тамғаи “555” дастболо гардид.


Ширкати “555” соли 2005 таъсис ёфта, бо шириниҳои хеле лазиз ва рангорангаш зиндагии сокинони пойтахт ва навоҳии атрофро ширину гуворо месозад. Ширкат зиёда аз 50 намуд маҳсулоти хушсифати қаннодиро ба харидорон пешниҳод менамояд. Имсол “555” тасмим гирифтааст, ки истеҳсоли яхмоси итолиёвӣ ва шоколади дастиро ба роҳ монад. Бо шунидани номи “555” табъи кас беихтиёр болида мегардад, зеро ҳар зарраи маҳсулоти ин ширкат бо муҳаббат тайёр шудааст!

Дар номинатсияи “Эътирофи байналмиллалӣ” ҶСП “Оби зулол” ғолиб дониста шуд.

Маҳсулоти ин ширкат дар сатҳи байналмиллалӣ эътироф гашта, дар   озмуни солонаи об дар ИМА, ки дар он 4 ҳазор истеҳсолкунандагони об ширкат варзидаанд, бо медали тилло қадрдонӣ гардидааст!

“Оби зулол”–ин маҳсулоти босифату рақобатпазир бо нархи арзон барои тамоми қишри ҷомеа.

Дар номинатсияи “Лаззати даврони кӯдакӣ” ҶДММ “М.ПАК” бо тамғаи “Шоколадная мечта” ғолиб омад.

Ширкати М.ПАК- соли 2011 таъсис ёфта, дар борбасту дастраскунии равғанҳои табиӣ, майонез, маска, маргарин ва спрейҳо пешрав аст. Тавассути истифода аз ашёи хушсифати табиӣ, технологияҳои муосир ва таҷҳизоти замонавӣ маҳсулоти борбастшудаи ин корхона хеле хушсифату хушнамуд пешкаш мешавад ва харидорони зиёде дорад.

Дар номинатсияи “Сифати намунавӣ” клиникаи стоматологии “Евродент” ғолиб омад.

“Евродент” яке аз муассисаҳои беҳтарини табобатии кишварамон ба шумор меравад. Зиёда аз 15 сол мешавад, ки беҳтарин мутахассисон дар клинникаҳои ин ширкат ба мизоҷони синну солашон гуногун бо сифати аъло хизмат мерасонанд. Маводҳои хушсифати муолиҷавӣ аз кишварҳои Олмон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва Швейтсария ворид карда шуда, ширкат барои саломатии мизоҷони худ чизеро дареғ намедорад. Асбобу таҷҳизоти истифодаи яккарата ва маводҳои истеъмолӣ, системаи автоклав В+ бехатарии табобатро кафолат медиҳанд.

Дар номинатсияи “Маҳсулоти табиӣ” ҶСП «Комбинати Шири Душанбе» ғолиб дониста шуд.

Комбинати шири Душанбе аз соли 1965 инҷониб машҳуру маъруф буда, яке аз калонтарин корхонаҳои истеҳсоли шир ва маҳсулоти ширии пойтахт ба шумор меравад. Ширкат сазовори чандин ҷоизаҳои бонуфуз дар дохил ва хориҷи кишвар гаштааст. Маҳсулоти корхона танҳо аз ашёи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва табиӣ омода карда мешавад. Айни замон дар як баст 65 тонна ашёи хом коркард шуда, зиёда аз 83 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Дар номинатсияи “Маҳсулоти хушлаззат” соҳибкори инфиродӣ Шодиев бо тамғаи “РАМАЗОН” ғолибият ба даст овард.

Корхона зиёда аз 30 намуд маҳсулоти ҳасибӣ истеҳсол мекунад ва чанд намуди онҳо аз ҷиҳати тамъ дар озмунҳои ватанӣ сазовори ҷоизаҳо гаштаанд. Шиори асосии ин корхонаи истеҳсолӣ-истеҳсоли маҳсулоти хушлаззат ва устувор ҷойгир шудан дар бозор мебошад.

Дар номинатсияи «Сазовори боварии мардум» Шабакаи савдои “ЁВАР” ғолибият ба даст овард.

Ширкати «Ёвар» ҳанӯз соли 2013 аввалин шуда, мағозаи махсусгардонидаи фурӯши маҳсулоти гӯштиро ба роҳ монда буд ва то ба имрӯз дар ин фурушгоҳ гӯшти сифаташ аъло, маҳсулоти баҳрӣ, ҳасибу панирҳои гуногунтамғаи хушлаззат ба харидорон пешкаш карда мешавад. «Ёвар» фаъолияти худро дар самти кушодани шабакаи фурӯшгоҳҳои сол то сол калон васеъ мекунад. Алҳол дар пойтахт чанд супермаркети “Ёвар” ба мизоҷони сершумор хизмат мерасонад. «Ёвар» дар ҳақиқат, сазовори боварии мардум аст!

Дар номинатсияи «Бренди мардумӣ» Корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои   “Сиёма” ғолиб дониста шуд.

“Сиёма” –ро оби ҳаёт номем ҳам, хато намекунем, зеро он муқовимати баданро бар сироятҳо меафзояд, ба инсон қувват ва нерӯи зиёд мебахшад. Дастгоҳе, ки обро мегудозад, бо филтри чорошёна муҷаҳҳаз буда, ба ҳама стандартҳои муосири байналмиллалӣ ҷавобгӯ мебошад. Оби “СИЁМА” -симои Тоҷикистон гаштааст.

Дар номинатсияи «Навгонии сол» ҶСП “Азиз ва Ко“ бо тамғаи “Авита Медикал”ва дорувории ПРОСПАН ғолиб дониста шуд.



ПРОСПАН барои рафъи сулфа пешбинӣ шудааст. Дар таркибаш қанд ва рангкунандаҳо надорад. Барои кӯдакони навзод, одамони солхӯрда, беморони диабети қанд ва занони ҳомиладор тамоман безарар аст. “Авита Медикал” бо маҳсулоти Проспан ширкати беназири фармасевтӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. ПРОСПАН-ро дар 105 кишвари ҷаҳон истифода мебаранд!

Дар номинатсияи “Қадам ба сӯи фардо” тамғаи тиҷоратии “РАМИС” аз ширкати “Сатурн-1” ғолиб омад.


Ширкати истеҳсолкунандаи маводҳои шустушӯӣ ва хокаи ҷомашӯӣ “Сатурн-1” дар сегменти кимиёи маишӣ яке аз ширкатҳои пешрав ба шумор рафта, зиёда аз 100 номгӯй маҳсулотро истеҳсол менамояд. Соли 2019 ширкат аз рӯи технологияҳои аврупоӣ ба истеҳсоли маводи нави ҷомашӯйии “РАМИС”-гел шурӯъ кард ва худи ҳамон сол ба баҳои баланди истеъмолкунандагон сазовор гардид. Имсол бошад, ширкат маҳсулоти нави “РАМИС”-гелро барои шустани либосҳои аз матои сафед ва сиёҳ омодашуда ба роҳ мондааст. Ин ду навъи гели ҷомашуӣ дар бозори кишвар комилан маҳсулоти нав буда, бо сифату банду басташ аз моли хориҷӣ ягон камӣ надоранд. Нархаш ҳам дастрас аст.

Дар номинатсияи «Интихоби харидор» ширкати «Покиза» дастболо гашт.

Ширкати истеҳсолии «Покиза» ҳамқадами Истиқлолияти ватани азизамон буда, дар бозори маҳсулоти гӯштӣ мақоми арзанда дорад. Бояд зикр намуд, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Русия низ маҳсулоти он ба фурӯш бароварда шуда, ҳамчун маҳсулоти хушлаззат ва ҳалол харидорони зиёд дорад.

Дар номинатсияи “Ибтикори тиллоӣ” Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “ФАИЗА” ғолиб омад.

Ширкати   “Фаиза” бо ворид сохтани маҳсулоти хӯрокворӣ машғул буда, дар озмун бо маҳсулоти истеҳсоли Русия- равғани маскаи “Крестьянское приволье” иштирок намуд. Маскаи “Крестьянское приволье” маҳсулоти олисифат буда, таркибаш аз равғанҳои шир ва табиӣ иборат аст. Он ҳам барои пухтупази хонагӣ ва ҳам пухтупази истеҳсолӣ хеле қулай мебошад.

ФАИЗА- Дистрибютери расмии тамғаҳои тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон аст!

Дар номинатсияи “Бо муҳаббат тайёршуда ”Қаҳвахонаи “МАКС -БИФФ-БУРГЕР” ғолиб омад.

Қаҳвахонаи “МАКС -БИФФ-БУРГЕР”- аввалин фастфут, яъне хӯроки тезтайёр дар Тоҷикистон аст! Он соли 2011 дарҳои худро ба рӯйи мизоҷон боз намуда, ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст. Маҳсулот бо тамғаи “МАКС -БИФФ-БУРГЕР” серхаридор аст, чунки бо муҳаббат тайёр мешавад!

Дар номинатсияи “Дизайни хушсалиқа” ҶДММ “Гофро Агрегат” дастболо гашт.

Корхонаи истеҳсолии “Гофро Агрегат” бо дизайни хушсалиқаи қуттиҳову борбастҳо дар пешрафти ширкат ва тамғаҳои ватанӣ саҳми калон мегузорад. Корхона соли 2006 ифтитоҳ ёфта, дар самти истеҳсоли қуттиҳои картонӣ, борбастҳо, лифофаҳои якрангу рангини рахдору чиндор барои ҳама гуна молу маҳсулот фаъолият мебарад.

Дар номинатсияи “Шарики боэътимод” Ширкати сохтмонии “БУХОРО-ПАЛАС” ғолиб омад.

Ширкати сохтмонии “Бухоро-Палас” 5 сол аст, ки дар самти сохтмони хонаҳои истиқоматӣ бо ҳуҷраҳои класси ЛЮКС фаъолият мекунад. Ширкат дар ҳамкорӣ бо шарикони боэътимод маҳсулоти хушсифати сохтмонӣ дастрас намуда, дар сохтмони биноҳо аз техникаи муосир пурсамар истифода мебарад. Биноҳои сохтаи ин ширкат ба ҳусни пойтахт ҳусни тоза заммекунанд.

Дар номинатсияи “Номгӯи васеъ” ҶДММ “ФАЙЗИ РАСУЛ” ғолиб омад.

Маҳсулоти шириву гӯштии «Файзи Расул»-ро дар сар то сари ҷумҳурӣ мешиносанд. Зиёда аз 40 намуд ҳасибҳои ширкат аз гӯшти аълосифат тайёр карда мешаванд. Ширкат ҳамасола номгӯи маҳсулоти худро васеъ карда, ба харидорон содиқона хизмат мерасонад. «Файзи Расул»-файзи дастархони тоҷикистониён аст.

Дар номинатсияи “Муҳаррики тараққиёт”ширкати “Қолин-сервис” ғолиб дониста шуд.

Ширкати хизматгузори «Қолин Сервис» хизматрасонии хешро соли 2018 оғоз намудааст. Хизматрасонии ширкат иборат аст аз шустушӯй ва хушкшӯии қолинҳои шаклу ҳаҷмашон гуногун, болопӯшу рӯйҷоҳои пашмин. Корхона бо дастгоҳҳои муосири хориҷӣ муҷаҳҳаз буда, ҳангоми шустан аз хокаву собунҳои табиӣ ва экологӣ истифода мебарад.

Дар номинатсияи “Некном ва боэътимод” Агентии дидбонии “РЕДЛАЙН” ғолиб дониста шуд.

Агентии мазкур 9-сентябри соли 2006 ташкил шуда, дар самти дидбонӣ ва таъмини бехатарӣ аз рӯи стандарти аврупоии хизматрасонӣ фаъолият мебарад. Аз ҷониби мутахассисони агентӣ дар доираи касбу корашон тренинг ва машваратҳо низ гузаронида мешаванд.

Ҳамин тавр, дар ин шоми пуршукӯҳ ба 29 соҳибкору истеҳсолкунандаи ватанӣ ҷоизаи « Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2021»-супорида шуд. Дар маҳфил сарояндагони булбуловоз Фотима Машрабова, Ҷаҳонгир Зарипов, Сорбон Мустафоев, Некрӯз Ниёзов ва Суруш Холов иштирок намуда, хотири меҳмонон ва ғолибони озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2021”-ро бо таронаҳои марғуби худ болида гардониданд. Бори дигар ҳамаи ғолибонро мубракбод гуфта, барояшон комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.

Агентии рекламавии ”Тайрон” ба сарпарасти кулли лоиҳа, ширкати ТСЕЛЛ, ба сарпарастони иттилоотӣ ТВ-Сафина, Радиои Ватан, Радиои Ҳамсадо изҳори сипос менамояд.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД