Formula novemver 2024
Талоқ ба хотири намоз
8647

Ҷавонеро дар тӯи холаам дидаму бо як дидан ошиқи чашмони хумориаш гаштам. Ба назарам бисёр бачаи боимон ва худотарс намуд, аз ҳамин хотир, вақте рақами телефонамро пурсид, не нагуфта бароварда додам. Мо муддати як моҳ тариқи телефон суҳбат намудем.

Вақте ки ошиқам маро ба вохӯрӣ даъват намуд, рад карда гуфтам, ки ман духтари намозхон ҳастам ва вақти “свиданияравӣ” надорам, агар нияташ ҷиддӣ бошад, ба хонаамон хостгор фиристад.
Пас аз ду рӯз ба хонаамон хостгор омад, вале аз ҷониби ҷавони дигар. Модарам бо табассум ба ман гуфт:
-Духтарам, ҳамеша орзу мекардӣ, ки шавҳари ояндаат муъмину мусулмон бошад. Худованд дуоятро мустаҷоб гардонд. Ҷавоне, ки туро талабгор шудааст, қории қуръон будааст, агар розӣ бошӣ, маъракаи фотиҳаро гузаронда, аз паси тӯй ва никоҳ шавем.
-Ҷавоби онҳоро кӯтаҳ кунед, ман ба вай расида наметавонам, -гуфта ба хонаи дигар гузаштам.
Модарам ноилоҷ ба хостгорҳо ҷавоби рад доданд.
Як ҳафта пас модари дӯстдоштаам ба хостгорӣ омад ва баъди як моҳ маро тӯй карда, ба хонаи бахтам гусел намуданд. Мо ҳамагӣ як ҳафта зиндагии ширин доштем, баъди ин рӯзам ба шаби тор табдил ёфт. Рӯзе ба раги дасташ сӯзандору гузарондани шавҳарамро дида, бо ҳайрат пурсидам:
-Бемор шудед? Чаро ба худатон сӯзандору мегузаронед, наход, ки дар деҳаи шумо ягон ҳамшираи тиббӣ набошад?!
Ин гапро гуфтаму дар бало мондам. Шавҳарам маро чунон зери шаттаву шалоқ кашид, ки дар баданам ягон ҷои обод намонд. Хушдоманам базӯр маро аз чанги писараш халос карда, сабаби ҷанҷолро пурсид ва чун асли моҷароро фаҳмид, қошу қавоқ андохта гуфт:
-Чаро пурсидӣ?! Наркоман будани шавҳаратро дидаву дониста қасдан ӯро масхара мекунӣ?!
Ман, ки то он рӯз дар бораи наркаманҳо умуман ягон тасаввурот надоштам, ҳайрон монда, чӣ гуфтанамро намедонистам. Хушдоманам таъкид кард, ки дигар ба писараш кордор нашавам, вагарна вай маро зада мекушад.


ТАХМИНАИ НУРИДДИН: «МАРО НЕ, ТИФЛИ БЕГУНОҲРО АЗ ДАР БЕРУН КАРДАНД»


Ҳамин тавр талхиҳои зиндагии ман оғоз ёфт. Ягон чиз пурсам, шавҳарам маро мурданивор мезанад, намоз хонам, хушдоманам ғур-ғур мекунад, ки кори хона мондагӣ, ин духтар рӯзи дароз дар болои ҷойнамоз мешинад. Келин не, мо ба хонаамон “монашка” овардем. Ҷанҷолу ғурбати хушдоман ва шаттаву шаллоқи шавҳарам маро аз зиндагӣ дилгир кардааст. Чанд маротиба ба модарам шикоят кардам, вале “сабр кун, шояд ҳамааш хуб шавад” мегӯяд. Умед доштам, ки фарзанддор шавем, ҳуши шавҳарам ба сараш мезанад, вале тавлиди духтарчаам низ зиндагии моро ширин накард. Шавҳарам ҳафтаҳо бедарак шуда меравад. Ба хона, ки омад, пул мепурсад, агар ёфта надиҳам, дар бало мемонам. Балои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хушдоманам “хуни писарамро макидӣ” гӯён, мудом ба дилам ханҷар мезанад. Рӯи ҷойнамоз худоро зорӣ мекунам, ки зиндагиям беҳ гардад, вале намозхониву қуръонхониямро хушдоманам дида, мисли тӯтӣ забонаш гӯё мешавад ва мисли устухони пеши сагпартофта шуда аз ҳар куҷоям, ки хоҳанд мехоянд. Ҳоло як ҳафта нашудааст, ки моҳи Раҷаб даромада бошад, аммо хушдоманам намозу рӯзадориямро баҳона карда, мудом ба шаҳарарам сиёҳ карда мегӯяд: “Ин офатхонумро барои намозхонӣ ба хонаи ман овардӣ ё барои хизмати ману падаратро кардан? Агар чунин рафтан гирад, ба ман келини коргурезу худопараст даркор нест. Талоқашро деҳ ё дигар маро оча нагӯй!”.
Шавҳарам баъди шарти модараш ба хашм омада, бо мушту лагат аз дари хонаашон маро ронд ва аз пасам “ Рав ҷавобатро додам”гуфта дарро ба рӯи ману духтарчаам пӯшид. Бо чашмони гирён ба хонаи падарам омада, буду шуди гапро ба волидонам нақл кардам, аммо онҳо ба ҷои дилбардорӣ, маро сарзаниш карданд, ки бояд тоқат мекардам.
Ба ғайр аз Худованд дигар ягон роздону розшунав надорам. Шабҳо дар рӯи ҷойнамоз гиря мекунам, ки худоҷон, ман ғар набудам, дузд набудам, касеро ғайбат намекардам, ҳаққи ягон касро нахӯрдаам, барои кадом гуноҳам маро ба чунин рӯзи сиёҳ мубтало намудӣ? Баъзан фикр мекунам, ки ҳамааш айби худам, охир пеш аз шавҳарам ба хонаи мо ҷавони қуръонхон хостгор фиристода буд, агар ба ҳамон ҷавонмарди худотарс ба шавҳар мебаромадам, шояд зиндагиам ранги дигар мегирифт. Мани сода ба васвасаи шайтон гирифтор шуда, ишқи ҷавони намозхонро рад намудам ва дари бахтро ба рӯйи худ бастам.
Хонандагони азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД