arzon replenishment
3- талоқи кардамро ба ҳеҷкас нагӯй, занак
2735

 

Дар 18 солагиям шавҳарам маро талоқ дод. Сабабаш он буд, ки ман ба зиндагии оиладорӣ тайёр набудам ва наметавонистам хоҳишҳои зиёди шавҳарамро иҷро кунам.

Рӯзе дар сари қаҳру ғазаб ӯ талоқи маро дод ва пас аз як лаҳза пушаймон шуда, дар пеши поям афтид, ки ин сирро ба ягон кас нагӯй, гӯё чизе нашуда бошад, зиндагиамонро идома медиҳем. Мани дар зиндагӣ хом гаранг шудам, ки чӣ кунам. Шавҳарам пойҳои маро мебӯсид ва зориву тавалло карда мегуфт: “ Ман аз гапи гуфтаам сахт пушаймонам, агар туро се талоқ карданамро ба модарам нагӯӣ, умре, ки дорам, ба сарат даст намебардорам ва туро тори сар карда мегардам…”

Фирефтаи суханонаш гашта, ваъда додам, ки ин гапро ҳаргиз ба ҳеҷ кас намегӯям.

Ҳамин тавр баъди талоқ доданаш боз ду ҳафтаи дигар зиндагӣ кардем. Ҳар шаб хобҳои бад медидам. Дар хобам касе маро думболагирӣ мекард ва “ту ҳаром ҳастӣ, зиндагиат ҳам ҳаром аст” гӯён, мехост буғӣ карда кушад. Тоқатам тоқ шуду дарди диламро ба апаам гуфтам. Ӯ ин гапро нарезондаву начаконда ба шавҳараш гуфтааст. Язнаам, ки аз дини ислом бохабар аст, гуфтааст, ки зиндагии хоҳарат ҳаром аст ва бо марде, ки ӯро се талоқ кардааст, дар як болин сар гузошта, гуноҳи кабира мекунад.

Хулоса, ин сир ошкор гашт ва маро се талоқ кардани шавҳарам дар байни тамоми аҳли авлод овоза шуд. Падару модарам ба хонаи шавҳарам омаданд ва зӯран маро бо кӯчу бандам ба хона бурданд. Шавҳарам гиряву зорӣ карда мегуфт, ки вай зани сар медодагӣ надорад, вале касе ба гапаш гӯш намекард.


Бо ин ҳам қонеъ нагашта, баъдтар дар лаҳзаҳои бекорӣ дар бозор об мефурӯхтагӣ шуд. Ҳаққу ҳамсояҳо гумон доштанд, ки ин бача умрашро бо чунин корҳои сиёҳ мегузаронад, аммо…

 


Пас аз чанг рӯз ба идораи САҲШ-и ноҳия рафта, расман ҷудо шудем.

Баъд аз ин ҳодиса шавҳарам девона шуд. Ҳар рӯз шароб нӯшида ба хонаамон меомад ва маро бурдан мехост, вале бародарони муштзӯрам “талоқашро додӣ, аз хоҳари мо дигар чӣ мехоҳӣ?!” гӯён, ӯро зада-зада аз дар берун мекарданд. Шавҳарамро дӯст медоштам ва мехостам ҳамроҳаш равам, вале аз тарси волидонам ба ин ҷуръат намекардам. Қариб 100 маротиба аз пушти дари мо навмед баргашта, оқибат шавҳарам ба тақдир тан дод ва пою қадамаш канда шуд. Баъдтар аз забони баъзе ҳолдонҳо шунидам, ки сари қаҳр рагҳои дасташро бурида, ба беморхона афтидааст. Хостам ба аёдат равам, вале модарам садди роҳам гашта, намонд, ки аз ҳоли шавҳарам хабар бигирам.

Хонандагони азиз! Ман Умедро аз ҷонам бештар дӯст медорам ва бисёр мехоҳам дубора сар ба оғӯшаш гузорам, вале волидонам мегӯянд, ки дигар ба ҳам якҷо шудани мо дар ду дунё имкон надорад ва агар ман баъди се талоқ карданаш боз бо шавҳарам зиндагӣ кунам, рӯйи ҷаннатро намебинам. Сарҳисоби зиндагиамро гум кардаам. Илтимос, ягон роҳи ҳалли ин масъаларо ба ман нишон диҳед, вагарна дар фироқи рӯйи шавҳарам мемирам!

Ш, аз ш. Қурғонтеппа

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД