Саннаи 24-уми ноябри соли 2019 дар вилояти Нижний Новгороди Русия дастгоҳи пластмассабурӣ дасти як ҷавонписари 18 солаи зодаи ВМКБ-и ноҳияи Ишкошимро бурид.
Ҷавони дасташ дар таги теғ монда, Яқубов Лашкарбек Озодиевич мебошад. Лашкарбек пас аз хатми мактаби миёна ба хотири кӯмак ба оила ва фароҳам овардани ояндаи шоиста ба наздикон роҳи Русияро пеш гирифт. Аммо тақдир ба рӯйи ин ҷавони орзупарвар нахандиду ӯро якбора дастнигари дигарон гардонд.
Лашкарбек дар ҶДММ “ЭкоВторСнаб” ба сифати коргар ба кор даромад. Ҳангоми бо дастгоҳи пластмассабурӣ кор кардан, дастпӯшакаш дар теғи бурандаи он дармонда, дар як сония ин ҷавони хушқаду зеборо аз як даст маҳрум гардонд.
Лашкарбек Яқубовро, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, даррав ба бемрхонаи №-12, кӯчаи Павел Мочалова 8, интиқол доданд. Дар беморхона дасти рости Лашкарбекро бинобар сабаби ғайриимкон будани барқароршавии устухон то китф буриданд. Яқубов то 2-юми декабр дар беморхонаи мазкур дар зери назорати духтурон қарор дошт.
Дарди дасти ампутатсияшудаи Лашкарбек Озодиевич аз нав хурӯҷ намудааст ва ӯ шабу рӯз аз дарди ҷонкоҳ азоб мекашад.
Ҳамватанони азиз ин ҳодисае, ки ба сари ин ҷавон омад, ба сари ҳар як бандаи Аллоҳ омаданаш мумкин аст. Лашкарбек ба ҷароҳату табобати ҷиддӣ ниёз дорад. Биёед даст ба дасти ҳам шуда, ин ҷавони азияткашидаро аз ботлоқи ранҷу азоб наҷот диҳему дунёи ӯро бори дигар рангин созем!
Нафароне, ки мехоҳанд дар моҳи шарифи Рамазон ба ин муҳоҷири ба кӯмаки бародарон ниёздошта дасти сахои худро дароз намоянд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд: 89047963662 ва ё ба корти ӯ маблағи хайри худро гузаронанд: 54 69 4200 13918894 (СБЕРБАНК)
Нафароне, ки мехоҳанд дар моҳи шарифи Рамазон ба ин муҳоҷири ба кӯмаки бародарон ниёздошта дасти сахои худро дароз намоянд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд: 89047963662 ва ё ба корти ӯ маблағи хайри худро гузаронанд: 54 69 4200 13918894 (СБЕРБАНК)