Arzon march 2024
СУТ: Тоҷикистон аз бемории вараҷа озод
743

 

Дар қатори 42 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон ба кишварҳои аз бемории вараҷа озодшуда шинохта шуд ва барои аз байн бурдани бемории вараҷа дар қаламравҳои худ Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  сертификат додааст.

Тедрос Адханом Гебрейюс, директори генералии СУТ гуфтааст, ки ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои аз байн бурдани бемории вараҷа тӯлонӣ ва сахт заҳмат кашиданд. Муваффақияти онҳо боз як далели он аст, ки бо захираҳои дуруст ва ӯҳдадории сиёсӣ, аз байн бурдани вараҷа имконпазир аст.

Гуфта мешавад, ки сертификатсия вақте дода мешавад, ки кишвар бо далелҳои дақиқ ва мӯътамад нишон диҳад, ки ҳадди ақал се сол пай дар пай занҷири интиқоли вараҷаи маҳаллӣ аз ҷониби магасҳои Anopheles дар саросари кишвар қатъ шудааст ва дар оянда бояд тавоноии хешро аз пешгирӣ ва арқарорсозии интиқолро нишон диҳад.

Ҳанс Ҳенри П.Клуге, Директори минтақавии ТУТ дар Аврупо, гуфтааст, ки муваффақияти Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба шарофати сармоягузории устувор ва фидокории нерӯи кории соҳаи тиб, дар якҷоягӣ бо пешгирии мақсаднок, ошкор ва табобати ҳама ҳолатҳои вараҷа имконпазир гардид. Минтақаи аврупоии ТУТ ҳоло ду қадам наздиктар ба аввалин минтақае дар ҷаҳон аст, ки комилан аз бемории вараҷа озод аст.

Тибқи иттилои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  Озарбойҷон охирин мавриди гирифтории бемории вараҷаи ба таври маҳаллӣ гузаранда Plasmodium vivax (P.vivax)-ро дар соли 2012 ва Тоҷикистон дар соли 2014 ошкор карда буд.

Тавре имрӯз эълон гардид, дар маҷмӯъ 41 кишвар ва 1 қаламрав аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз бемории вараҷа озод ва сертификатсия шуд, ки аз ин шумора 21 кишвар дар Минтақаи Аврупо мебошад.

 

Давоми зиёда аз шаш даҳсола, ҳарду кишвар кӯмаки умумиҷаҳонии аввалияи тиббиро кафолат дода,  тадбирҳои мақсадноки зидди вараҷа ва чораҳои пешгирикунандаро ҷиддӣ дастгирӣ намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД