“Имрӯз, ки Рӯзи Иҷлосияи тақдирсозро таҷлил карда истодаем, бори дигар он рӯзҳои нобасомонӣ, ҷангу хунрезӣ, гуруснагӣ, навбатпоиҳои 10-15 соата барои нон беихтиёр ба ёди кас мерасанд.
Солҳои 1992-1994 ҷанги хонумонсӯзи бардаркушӣ дар кишварамон сар зад. Дар шимол ҷанг нашуда бошад ҳам, касофати он ба Вилояти суғд низ расида буд. мо ҳар қадар дар бораи воқеаҳои талху ҳузнангези он рӯзҳои вазнин нависем кам аст, чунки насли ҷавон бояд бештар аз таърих огоҳӣ дошта бошанд.
Мо- ку ҷангро, хунзериҳоро, азобу гуруснагиро дида ба қадри неъмати бабеҳои сулҳу ваҳдат мерасем, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз насли наврас баъзан пешравию ободиҳои кишварро нодида мегиранд, қадр намекунанд ва ақидаҳои нодуруст доранд.
Агар онҳо аз чӣ хел ба даст омадани ҳамин сулҳ, ки пояи он Иҷлосияи 16-ум, яъне ҳамн Иҷлосияи тақдирсоз гашт, огоҳ шаванд, боварӣ дорам, ки ақидаашон дигар шуда ба қадри сулҳу ваҳдат ва ободию озодӣ мерасидагӣ мешаванд”-мегӯяд собиқадори соҳаи алоқа Сулҳия Муъминова.
Барои нон 15 соат ҳам навбат мепоидем...
-Аз байн 30 сол гузашта бошад ҳам, даҳшати он манзараҳои хунин ва гиряи модарону кӯдакон барои якбурда нон аз ёдам нарафтааст.
Солҳои 1991-1994 шахсан худи ман барои аз гуруснагӣ намурдани се фарзандам чи қадар ҷонбозиҳо мекардам. Барои як тикка нон харидан баъзан 10-12 соат интизорӣ мекашидем.
Он вақтҳо бе нишон додани ҳуҷҷати хона ва шумораи аҳли оила нон намедоданд. Ҳоло чӣ? Ҳоло шукри худо дар кишвари мо арзонӣ ва фаровонӣ аст.
Сари ҳар қадам бозору мағоза, дастурхони ҳама мурдум пур аз нзу неъмат, вале кам касн ба хотир меоранд, ки барои расидан ба чунин рӯзҳои оромиву осудагӣ чи қадар хуни зиёд рехтаасту сарвари давлатамон чи қадар ҷонбозиҳо карда буд. Ӯ чи ҷонбозиҳое аст, ҷонбозиҳои зиёде паси сар шудааст-меафзояд номбурда.
Барои гирифтани нафақаашон бечора кампиракону мӯйсафедон дар Сбербанк, ки ягона бонк буд. ҳамеша 10-15 соат навбат мепоиданд ва гоҳо навбаташон намерасиду нисфи шаб дасти холӣ ба хонаҳояшон бармегаштанд.
Баъзан ҳамагӣ ба 5-6 нафари аввал пул медоданду мегуфтанд,ки маблағи бонк тамом шуд, ба ҳамаат он ҷавоб. Ҳоло чӣ? Сари ҳар қадам бонк ва автоматҳои бонкӣ... барои ин ба қадри сулҳу оромӣ бештару бештар расидан дакор.
Нонро ман хӯрам, бачаҳоям чӣ мехӯрданд?
-Ман он солҳо ҳар сафар гурусна ба кор мерафтам. Вазъият ниҳоят вазнин ва ноне набуд, ки мардум хӯранд.
Гоҳо ба дастурхон нигоҳ мекардам, ки ҳамагӣ ду пора нон мондаасту халос. Ба худам мегуфтам, ки агар ман ношто кунам ва ин нонро хӯрам давоми рӯз ду писар ва ягона духтарам чи мехӯранд?!
Ҳамин тавр ҳар саҳар гурусна аз хона мебаромадам, то ки фарзандонам ақаллан якбурида нон хӯранд.
Милтиқро рост ба пешонии дугонаам дошт...
Дар давраи ҷанги бародаркушӣ фақат мо ду зан ва чанд марди ҳамкорамон дар соҳаи алоқа кор карда, минтақаҳоро ба ҳам мепайвастем.
Як рӯз як марди бузбала бо лаҳҷаи ҷанубӣ гапзанон вориди корхонаамн шуд ва фармон дод, ки маро ба фалон минтиқа пайваст кунед.
Ман саргарми кори худ будам ва дугонаам намедонам мумкин нест гуфт ё чизи дигар, ки мард милтиқро рост ба пешонааш монду таҳдиди паррондан кард.
Зан ҷинси заиф аст, тарсу ваҳм зуд ба вай асар мекунад, дугонаам аз тарс аз ҳуш рафта гурсосзанон ба заимн афтид ва он мард моро дашномкунон баромада рафт...
Ана ҳаимн тавр роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ хеле душвор буд, бинобар ин, мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат, тинҷию оромӣ ва сериву пуриии кишварамон бирасем.