Кормандони мақомоти милитсяи вилояти Суғд як зани далларо боздошт намудаанд, занону духтарони соддаюю зудбоварро ба баҳонаи кори хубу пули калон ба хориҷи кишвар фиристода, даст ба қочоқи одамон зада буд.
Ин зан сокини 42 солаи шаҳри Бӯстон (пештара Чкаловск) буда, бо даллаҳои хориҷӣ, ки онҳо низ шаҳрвандони кишвари мо будаанд, маслиҳат карда, бо баҳонаи кор занону духтарони ҷавонро аз Вилояти Суғд ба Федератсияи Рассия барои танфурушӣ ва хизматрасонӣ дар клубҳои дилхушӣ сафарбар мекардааст.
Фоҳишагӣ мекардам ва фоиз мегирифтам
Тавре дар навори омодакардаи Акбар Шарифӣ, котиби матуботиии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд дида мешавад, ин зани далла ба гуноҳаш иқрор шуда гуфтааст: “Худам ҳам фоҳишдагӣ мекардам ҳам аз ҳар зане, ки ба ин кор мебурдам 10%-и пул мегирифтам.”
Дар Рассия Наргиз (номи ҳаммаслака) гуфта буд, ки агар духтарҳо бештар ҷалб шаванд 10% -и ҳар моҳ ба ту фиристода меистам.
Бино ба пурсиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занони фиребхӯрда, ки бо умеди ҷойи кор ва пули хуб ба доми фиреби ин зани одамрабо афтода буданд, дар ғарибӣ зери фишору маҷбурият дар як шаб ҳаттоба 5-6 мизоҷ хизмати шаҳвонӣ мерасонидаанд. Яке аз он қурбониён дар навор мегӯяд:
“Моро ба Рассия кори нағз ҳаст, ки ҳар моҳ маоши хуб медиҳанд гуфта бурданд, аммо ҳамон рӯзи аввал паспорт ва тамоми ҳуҷҷатҳои даркориямонро гирифта гуфтанд, ки дигар ба ҳеҷ куҷо рафта наметавонед. Моро бо тарс додан аз шармандагӣ маҷбур ба ин корҳо карданд”
Чуноне ки мегӯянд: Бори каҷ ба манзил намерасад. Амалу кирдорҳои ҷиноии ин зани 42-сола низ аз чашми кормандони милитсия вилояти Суғд дур намонда, ҳангоми ҷалб ва ба Рассия сафарбар кардани гурӯҳи нави занони зудбовар дар фурудгоҳ дастгир шуд.
Айни замон нисбати ин зани далла бо моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Моддаи 130 (одамрабоӣ) чиро пешбинӣ мекунад?
Қонунро донистан танҳо барои муҳоҷирон не, балки баҳри тамоми шаҳрвандон манфиатбахш аст, аз ин рӯ иқтибоси моддаи 130-ро айнан меорем:
Одамрабо, яъне пинҳонӣ, ошкоро, бо роҳи фиреб ё суиистифодаи боварӣ ё бо истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ, зиддиҳуқуқӣ ба даст овардани шахс ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаи 181-и ҳамин Кодекс пешбинишуда, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар:
а) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ:
б) такроран ё аз ҷониби шахсе, ки қаблан ҷинояти пешби- ни намудаи моддаҳои 1301; 131 ва 181-и ҳамин Кодексро содир кардааст;
в) бо истифодаи зўроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ;
г) бо истифодаи яроқ ё предмете, ки ба сифати яроқ истифода мешавад;
д) нисбати шахси баръало ноболиғ;
е) нисбати зане, ки гунаҳгор баръало аз ҳомиладор будани ў огоҳ буд;
ж) нисбати ду ё зиёда шахсон;
з) бо ғарази шахсӣ содир шудааст,-
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар онҳо:
а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;
б) бо мақсади шаҳвонӣ ё усули дигар истисмор намудани шахси дуздидашуда;
в) бо мақсади гирифтани аъзои бадан ё бофтаҳои ҷабрдида барои трансплантатсия;
г) дар ҳолати рецидиви махсусан хавфнок:
д) аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида ё дигар оқибатҳои вазнин гашта бошад, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ : Шахсе, ки одами рабудаашро ё ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардаашро ихтиёрӣ озод мекунад, агар дар кирдори ў таркиби ҷиноятҳои дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Мувофиқи омори Раёстаи хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд танҳо дар давоми 10 моҳи соли равон 56747 нафар занон рӯй ба муҳоҷират овардаанд. Аммо на дар ҳама маврид онҳо оилавӣ ё аз рӯи равияи кори аниқ ва қонунӣ мераванд. Ҳодисаҳои фиребхӯрии онҳо ё баъди сарсониҳои зиёд дубора қарз карда ба Ватан баргашташон гоҳ-гоҳе дар сархати расонаҳо қарор мегирад.
Фарзона Муродӣ