Дар Ливан собуни қимматтарини дунё истеҳсол гардид. Ин пораи собун 160 грамм вазн дошта, нархаш 2800 доллари амрикоӣ арзиш дорад. Зоҳиран собуни тиллоӣ аз дигар собунҳо фарқияте надораду бӯяш ҳам хуш аст. Собун аз 5 грам кубидаи тилло ва 17 грам алмос тайёр шудааст.
Ин собун Катар ном дошта, дар яке аз лабораторияҳои шахсии тоҷирон сохта шудааст. Тавре истеҳсолкунандагон мегӯянд, чунин собун барои ботароват гаштани пӯсти рӯй муфид аст. Дар қатори тиллову бриллиант ба собун зиёда аз 11 намуд равғанҳои фоиданоки гиёҳӣ омехта гардидааст.