Formula novemver 2024
Сӯхтори мошини боркаш дар роҳи Душанбе-Чанок
206

 

Дар километри 144-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаннок дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ як мошини калони боркаш оташ гирифтааст. Дар ин бора ширкати IRS хабар додааст.
Ронандагони дигар кӯшиш ба ронандае, ки мошинаш оташ гирифта буд, ёрӣ расониданд, кормандони идораи сӯхторхомӯшкунии ноҳияи Айнӣ низ сари вақт ба имдод расиданд ва бо талошҳои умумӣ сӯхтор хомӯш карда шуд.

Новобаста ба ҳама талошҳо кабина ва мотори мошин ба пуррагӣ сӯхтааст, вале хушбахтона ронанда зинда монда, бори дар мошин бударо низ аз нобудшавӣ наҷот доданд.

Дар робита бо ин рӯйдод нохуш ширкати IRS аз тамоми ронандагон хоҳиш кардааст, ки ба ҳолати техникии мошинҳои худ диққати ҷиддӣ диҳанд, то чунини ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ карда шаванд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД