Дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе боз сӯхтор сар задааст.
Тавре ки расонаҳо дар такя ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса навиштаанд, сӯхтор дар як манзили истиқоматӣ, ки дар шафати бозори мазкур ҷойгир шудааст, сар зада, баъдан алангаи оташ ба ҳудуди бозор паҳн гаштааст.
Хушбахтона ба оташхомӯшкунандагон муассар гаштааст, ки сӯхторро ба зудӣ хомӯш намоянд. Хисороти моливу ҷонӣ ба назар намерасад.