1xbet
Сирри дарозумрии марди 112-сола
08.06.2025
Oila.tj
294

Жоау Марино Нето, нафақахӯри бразилиягӣ, ки ба синни 112 расидааст, расман ҳамчун пиронсолтарин марди ҷаҳон эътироф шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Guinness World Records хабар додааст.

Марино Нето дар хонаводаи деҳқон дар шаҳри Апуиареси Бразилия ба дунё омада, аз овони кӯдакӣ дар корҳои кишоварзӣ ба падари худ ёрӣ медод. Ӯ дар синни чорсолагӣ аллакай дар нигоҳубини чорво ва ҷамъоварии ҳосил фаъолона ширкат меварзид. Ҳоло ӯ шаш фарзанди зинда, 22 набера ва 15 абера дорад.

Марино Нето сабаби дарозумрии худро муҳити солим ва дастгирии наздик медонад. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд зиндагии сахтеро аз сар гузаронидааст, аз ҷумла хушксолии шадидро, вале тавонистааст зиндагии молиявии устуворро бунёд карда, дороии муайяне ҷамъ намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД