Дар замонаи қаҳтии ҳамнафаси самимӣ ман ба шумо рӯ овардам, хонандагони азизи сомонаи Оила.
Гоҳе на фақат иштибоҳ, балки бовару умед ҳам одаму ояндаи одамро ба куллӣ иваз мекардааст. Ман дар синни 34-солагӣ барои аввалин бор ба марде ҷавонтар аз худам бовар кардаму ӯро дӯст доштам. Шояд агар ӯ пофишории аз ҳад зиёд намекарду ваъдаи рӯзгори ширин намедод, дили хушбовари ман ром намешуд ва имрӯз ману писарам бори миннати касеро бар дӯш надоштем.
Дар яке аз корхонаҳои қаннодии шаҳри Душанбе кор мекардам. Рӯзе як ҳамкорам бо шӯхӣ суол кард; - Фотимаҷон, додари маро намегирӣ? Ба фикрам синну солатон баробар аст.
Ман ба ҳамкори дигарамон ишора карда, Нозанини хушрӯ истода, додарат маро интихоб мекунад гуфтам.
Бо ҳамин сӯҳбат дар мавриди хостгорӣ пӯшида шуду шӯхиҳои кардаи мо ҳам фаромӯш гашт.
Рӯзе дар беруни коргоҳ ҷавоне бо тамкину нармӣ салом доду гузашта рафт. Чор рӯз пас аз он дидори сарироҳӣ боз дар роҳ бо Аҳмад вохӯрдам. Ин дидорҳо дигар зуд-зуд такрор мешуданд.
Чанд моҳ баъди шиносоӣ аз Аҳмад хоҳиш кардам, ки агар азми ӯ қавист ба хона хостгор фиристад, зеро дар 35 солагӣ одатан занҳо ба ҷои дар кӯчаву хиёбонҳо мулоқотҳои ошиқона гузарондан бояд дар хонаҳояшон хонаводадорӣ кунанд.
Аҳмад ҳам пешниҳоди маро қабул карду бо дуои падару модар мо тӯйи камхарҷе барпо намуда, зиндагонии муштаракро оғоз кардем.
Аз ҳафтаи аввали ҳамхонагӣ рафтори Аҳмад тағйир ёфт. Пеш аз ҳама ба хӯрокҳои пӯхтаам айбҳо ёфта, гоҳе шӯру гоҳи дигар бенамак мегуфту намехӯрд. Инҷиқиҳои ӯро ба ҷону дил қабул мекардам. Худро аз ҳар ҷиҳат ислоҳ кардан мехостам, зеро Аҳмадро дӯст медоштам.
Ниҳоят аз ӯ калонсолтар будани маро баҳона карда ба ман лақаби "кампир"-ро ниҳод. Ин ҳарфи Аҳмад теғи алмос ба ҷисму рӯҳам буд. Ҳар дафъа бо такрори ин исми маҷбурӣ ашк гулӯгирам мекард. Ҳамдардҳои ман медонанд, ки аз ҷониби тарафи муқобил мавриди тамасхур қарор гирифтан чи заҳреву чи аламе дорад.
Шавҳарам шабҳо бо духтаре то дами субҳ гап мезад. Масофаи мо фақат як девор буд ва ман тамоми суханҳои ошиқонаи онҳоро тозаву рӯшан мешунидаму худ ба худ печида, хомӯшона гиря мекардам. Ростӣ як-ду бор лаб во кардаму чанд мушту лагад бар сарам рехт. Дигар сукут пеша намуда, чизе намегуфтам.
Ду сол сипарӣ шуд. Ду соли пури қаҳру ғазаб, ду соли пури оҳу ашк, ду соли пури таънаву таҳқир.
Дар хонаи падарам он рӯз хурсандӣ буд. Бародарзодаам Шаҳобҷон зодрӯз дошт. Дар сари дастархони пур аз нозу неъмат иштиҳои ҳамаро қошу қавоқи гирифтаи шавҳари ман гурезонд. Ниҳоят падарам оҳи сарде кашида гуфт : - "Домод, шояд сабаби ғамгинии шумо бефарзандӣ бошад. Аммо ин хости қисмат аст, афсурда нашавед, ҳоло хонаатон аз хандаи тифлакон пур мешавад." Ҳама бо як овоз гуфтанд; " Илоҳо, омин ".
Шаб ба хона омадему ба қавле ба Аҳмад Худо дод. Дуои падарамро таъна шуморида, ҷанҷолро бардошту кашолакунон аз дар берунам кард. Қариб се соат дар пушти дар тавалло кардам, илтимос намудам, киАҳмад, ту бахти дермондаи манӣ, маро бадбахт накун.
Чанд дақиқа пас дар кушода шуду дили ман ҳам рӯшан гашт. Гумон доштам, ки маро ба хона роҳ медиҳад, аммо чунин нашуд. Аҳмад аз хона рӯймоламро ба берун ҳаво дод. Дар даруни руймол телефонам бо як бистсомона буд. Ман ноилоҷ ба додарам занг задаму ба хонаи падарам омадам.
Ду ҳафта гузашту як бор ҳам занг назад. Волидони Аҳмад солҳо пеш аз олам даргузашта буданд, ки рӯи ниёз ба сӯйи онҳо барам.
Як бегоҳӣ ногаҳон ба телефонам аз рақамҳои бегона занг омад. Гӯшакро бардошта садои Аҳмадро шунидам. Ин занги охирони шавҳари номеҳрубони ман буд.
"Ман Россия меравам, хайр, туро ба Худо месупорам"- гуфту телефонро хомӯш кард. Вай хабар надошт, ки дар зери дили ман дили кӯчаки дигаре метаппад.
Як ҳафта баъди рафтани Аҳмад хабардор шудам, ки ҳомиладорам. Тифлакам ба дунё омаду аз Аҳмад дараке набуд. Писарчаам роҳгардону гапзанак шуду хатту нишони падарашро надоштем.
Инак, Умеди ман панҷсола асту ҳар рӯз чанд бор аз падараш пурсон мешавад.
"Падарат, мисли тағоят дар Россия аст. Интизор шав, рӯзе меояд"- гуфта, Умедамро умедвор мекунам. Дигар чи илоҷ? Дунё ба умед...