Маҳсулоти лозима:
600 г шӯрмоҳӣ (сельдь)
4 тухм
2 картошка
1 сабзӣ
1 лаблабӯ
180 г майонез
1 пиёз
Сирко
Тарзи таҳия:
Пиёзро реза ва дар сирко тар кунед. Гӯшти шӯрмоҳиро реза карда, тухмҳоро дар об пазед ва аз турбтарош гузаронед. Картошкаву сабзиро дар об пухта, алоҳида аз турбтарош гузаронед. Лаблабуро низ пухта аз турбтарош гузаронед. Дар табақ аввал картошка, баъдан моҳӣ, пиёз, майонез, лаблабу боз майонезро болои ҳам тунук карда, хӯришро қабл аз истеъмол намудан ним соат нигоҳ доред.