Arzon march 2024
Ширкати донишҷӯи тоҷик дар сабқати ҷаҳонии "Бехатарии молиявӣ"
867

Дар Донишгоҳи Сириуси Русия даври ниҳоии олимпиадаи байналмилалии "Бехатарии молиявӣ" идома дорад, ки Тоҷикистонро дар он Сайёҳат Назарова, донишҷӯи риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ намояндагӣ мекунад.

Сабқати мазкур дар асоси фармони Президенти Русия бо иштироки намояндагони беш аз 36 давлат ҷараён дорад. Дар иштирокдорон аз рӯи номинаҳои гуногун дониши худро месанҷанд, чун ҳуқуқ, технологияи иттилоотӣ, иқтисод ва муносибатҳои байналмилалӣ.

Озмун аз 5 давр иборат аст. Он 29-уми сентябр шуруъ шуда, то 6-уми октябр идома мекунад.

Назарова Сайёҳат Лутфуллоевна соли 2004 дар ноҳияи Васеъ ба дунё омада, МТМУ №1-и зодгоҳашро бо аттестати сурх ва медали тило хатм кардааст. Ӯ аз даврони мактабхонӣ дар чандин озмунҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат карда, Тоҷикистонро дар озмунҳои Қазоқистон, Русия ва Венгрия намояндагӣ кардааст.

Сайёҳат аз соли 2015 то 2021 гирандаи стипендияи президентӣ буд ва баъди хатм бо квота ба факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дохил шуда, феълан курси 4 аст.

Ӯ соли 2023 дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинаи "Хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон" сазовори ҷойи аввал шуд.

Сайёҳат донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, туркӣ ва форсӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД