Яке аз таълимоти ахлоқии дини мубини ислом ин аст, ки гуфтугӯ ва суҳбати одамӣ бояд ҳамеша бо лутфу хушӣ ва ширинзабонӣ сурат гирад:
Ба ширинзабониву лутфу хушӣ,
Тавонӣ, ки пиле ба мӯе кашӣ.
Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам меҳрубонтарин шахсияти рӯи замин буданд. Қалбашон то андозае нарм буд, ки меҳрубонию раҳмат аз он ҷӯш мезад ва бо нармию шафқат бо мусулмонон муносибат мекарданд. Ишон бо ҳамагон, чӣ хурду чӣ бузург, чӣ муъмину чӣ мушрик бо шафқату меҳрубонӣ муносибат менамуданд. Ахлоқи ишон пурра мутобиқи Қуръон буд. Худованди Бузург дар сураи «Бақара», ояти 83 мефармояд: «Ва бо мардум ба хубӣ сухан бигӯед».
Боре як араби биёбоннишин (саҳроӣ) назди Расули Худо (с) омад. Азбаски мардуми биёбонӣ каме дағалгуфтору аз маданият дур буданд, он араби саҳроӣ аз ридои Расули Худо (с) сахт кашида, гуфт:-Эй Расули Худо (с) ба ман моле бидеҳ!
Чанде аз саҳобагон аз ҷои худ бархостанд, то он биёбоннишинро барои беадабиаш ҷазо диҳанд. Аммо Расули Худо (с) онҳоро манъ карда, фармуданд:-Ӯро ба ҳолаш гузоред!
Биёбонӣ гуфт:-Эй Муҳаммад (с), ту бадиро бо некӣ ҷавоб медиҳӣ.
Расули Худо (с) густохии ӯро бахшида ба ӯ раҳм намуданд.
Ҳазрати Муҳаммад (с) кӯдаконро дӯст медоштанд ва аз рӯи меҳурбонӣ мебӯсиданд. Шахсе дид, ки Расули Худо (с) сари кӯдаконро сила карда, аз пешониашон мебӯсанд. Ӯ ба Расули Худо (с) гуфт:-Ман 10 фарзанд дорам ва ҳаргиз ҳеҷ кадомашонро набӯсидаам.
Расули Акрам (с) ба ӯ чунин посух доданд:
-Худованд ба инсонҳои меҳрубон тараҳҳум менамояд. Касе ки ба мардум раҳм накунад, Худованд бар ӯ раҳм намекунад.
Дини мубини ислом пайравони худро аз дуруштию бадахлоқӣ боз медорад. Дар як ҳадиси Расули Худо (с) омадааст: «Бадзабонӣ зулм аст ва ҷойгоҳи золим дӯзах аст».
Ислом хушкаломиро дар сафи некиҳо шумурда, бадзабониро гуноҳ қарор додааст. Расули Худо (с) мефармоянд: «Гуфтугӯ ва сухан кардан бо нармӣ ва хушахлоқӣ амали нек ва як навъ садқа аст».
Дар ҳадиси дигар омадааст, ки бадзабонӣ як навъ нифоқ аст.
Худованд ҳамаи моро аз бадзабонию дуруштӣ дар калом, ки аз хислатҳои золимону мунофиқон аст, дар паноҳи худ нигоҳ дорад ва тавфиқи хушгуфторию ширинкаломиро насибамон гардонад.