Имрӯзҳо тамоми занону духтарони тоҷик дар такудави чи тавр ором ддани дастурхони идона ҳастанд.
Барои камхарҷ ва зебо гаштани дастурхонатон мо тарзи тайёр кардани чанд ширинии маъмули тоҷиконаро ба шумо меомӯзем, ки маблағи зиёдро талаб намекунанд, вале хеле бомазза буда, меҳмонон аз хӯрданашон як ҷаҳон лаззат мебаранд.
Чалакдакро чӣ хел мепазанд?
Чагалдак рамзи идҳои рамазон ва қурбон аст. Меҳмонон дар рӯзи иди фитр ба кадом хонае, ки ворид нашаванд, чашмашн пеш аз ҳама аз рӯйи дастурхн чалагдак меҷӯяд. Барои пухтани ин ғизои хуштамъи миллӣ чизи зиёде лозим нест, вале на ҳар кас тарзи тайёр кардани онро медонад. Шумо ҳам дар иди рамазон чагалдак пухтан мехоҳед? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!
Ба як коса оби ширгарм каме намак, равған, моддаи ковок кунанда ва орд андохта, хамир шӯред. Хамир бояд суст бошад, то кичагалдак дилабаста наояд.
Хамирро ба латта печонда дар ҷои гарм нигоҳ доред, то ки расад. Шумо метавонед то раисдани хамир кабудии бисёре чида, нағзакак шӯед ва реза кунед. Вақте ки хамир расид, кабудиро ба хамир андохта, аралаш мекунед ва дар оташдон алав монда, ба дег равған мерезеду ба пухтани чагалдак сар мекунед. Чагалдакро дар равғани гарм ва дар оташи миёна пухтан лозим аст, то ки хомсӯзак нашавад. Вақте ки хамири чалагдакро лунда-лунда канда ба дег меандозед, лундаҳои хамир аз ҳад калон набошанд. Чагалдаки миёнаҳаҷм хуб мепазад ва хурданаш низ осону роҳат аст. Иштиҳои том!
Асрори пухтани “Салла”
Салла -яке аз шириниҳои маъмули тоҷикӣ буда, зебу зиннати дастурхони идона аст. Айни замон онро бо тарзу усулҳои гуногун тайёр мекунанд, вале мо роҳи аз ҳама осони пухтани салларо ба шумо нишон медиҳем.
Дар корсон 100 грамм рехта, баъдан 3 тухмро шикаста ба он андозед ва каме намак пошида, лат занед. Пас аз ин ду истакон орд андохта, хамир мшӯред, агар хамир суст ояд, ордро бештар андохтан мумкин. Хамирро 10-15 дақиқа нигоҳ дошта, баъд ба ду қисм тақсим кунед ва монед камтар истад. Баъдан бо тахтаю ухлоқ хамирро тунук карда, тасмашакл буред. Нуги хамири буридашударо дар ду ангуштатон печонида , бо табъи дили худ тоб диҳед. Фақат фаромӯш накунед, ки миёни қатҳои салла бояд фосила бошад, то ки хамир ба ҳам начаспад. Дар баъзе минтақахо дар нӯг ва охири хамир чуб насб мекунанд, то ки хамир ҷудо нашавад.
Ҳамин тавр вақте ки саллаҳро печонида шудед, равғанро доғ карда, хамири печонидашудро бо чӯби махсус гирифта ба дег андохтан мегиред. Баробари андохтан хамири салларо тоб диҳед, то ки ба ҳамаи қабатҳои он равған дарояд. Зимни пухтани салла бисёр эҳтиёт шудан лозим аст, то ки сӯхта сиёҳтб нашаванд. Аксари мардум ба қабатҳои салла шакар мепошанд, то ки ширин шавад, зеро хамири он ширинӣ надорад.
Пухтани ҳавло савоб аст
Ҳалво рамзи идҳои мусалмонӣ буда, пухтанаҳш савоб аст. Пухтани чанд намуди ҳавло дар мардуми тоҷик роиҷ буда, имрӯз мо аз ҳама маҳбубтарашро, ки “Ҳавлои сурх” мегӯянд, манзури шумо месозем.
Бояд зикр кард, ки маҳсулотро зимни пухтани ҳалво вобаста аз миқдори ҳалвое, ки пухтан мехоҳед, интихоб кардан лзим аст, масалан барои 1 коса орд ҳамагӣ як литр ё каме зиёдтар равған бошад, кофист. Гуфтагӣ барин, баъди пухтани ҳалво равғани зиёдатии онро аз дег гирифта метавонед. Ду коса рд бошад, 2 литр равған сарф мешавад. Хулоса, агар камтар ҳалв пухтан хҳед, як коса ордо хамир мекунед ё бо об гардмол карда мегузоред. Баъдан як кило шакарро дар як коса об ҳал карда, қандоб тайёр мекунед ва онро 10 дақиқа меҷӯшонед. Дар зери оташдон оташ сар дода, дегро болои оташдон монед ва равғанро рехта, гарм кунед. Вақте ки равған гарм шуд, хамир ё гардмолатонро дар равған андохта кофтан гиред. Вақти ҳалвопазӣ диққат диҳед, зеро то рангаш сурх шудан, бояд аловаш баланд набошад. Вақте мебинед, ки гард сурх шудааст, барои санҷиш дар як коса каме қандоб ва каме гарди сурхшуда андозед. Вақте мебинед, ки гард сурх шуд, қандобро ба дег андохта кофтан гиред. Ордё хамир бо қандоб пурра омехта шуда, рангаш суп-сурх шавад, мефаҳмед, ки ҳаво аллакай пухтааст.
Ҳалвои сафедак-шоколади тоҷикӣ
Ҳалвои садеакро бисёриҳо нимшӯхию нимҷиддӣ “Шоколади тоҷикӣ” менманд, зеро ба школади сафед шабоҳат дорад. Пухтани ин навъи ҳалво чандон душвр набуд, хушхур ва зебу зиннати дастурхон аст. Барои пухтани ҳалвои сафедак дар як коса равғани хазар ва камтар аз як истакон орд гиред. Равғанро дар оташ гарм карда, баъдан ордро андохта, мунтазам кофтан лозим аст, то ки кулула ва сахт нашавад. Вақте ранги гард камтар тағйир ёфт, ҳалворо аз оташ фароварда, ба як зарфи калон анедозед, то хунук шавад. Вақте хунук шуд, бо дастонатон онро лат задан гиред, то вақте ки ранги гарду равған сафед мешавад. Баъд ба он як кило шакари гардшударо ( сахарний пудра) андохта омехта кунед.
Ширинии ҳалвои сафедакро ҳар кас мувофиқи табъи худ интихоб мекунад. Баъд аз омода шудан ҳалвои сафедакро дар яхдон нигоҳ доштан беҳтар аст.