Қаблан тағоям барои гирифтани ҳамин хонаву дари баҳсӣ ба суд ариза дода буд. Он вақт намояндагони Ҳукумати ноҳия омада, ба дари хона мӯҳр заданд ва моро ба кӯча партофтанд.
Мо чанд муддат дар ошхонаи ҳавлӣ зиндагӣ кардем. Кӯдаконам он вақт хурдсол буданд, бар замми ин, модари пирам ҳамроҳам буд. Соли 2006 дар натиҷаи даъвои тағоям, суд дар асоси ҳалнома ҳавлиро ба ду қисм тақсим карда, як хонаву айвонро ба ману фарзандонаму модарам ва ду хонаи дигарро ба тағояму ҳамсарашу панҷ фарзандаш ҷудо карда дода буд.
Ошхона, ҳоҷатхона ва ҳаммомро бояд ҳамакаса истифода мебурдем. Тағоям ба ин тақсимот розӣ шуду дигар дар ин масъала лаб во накард. Ин дар ҳолест, ки агар норозӣ мебуд, бояд ҳамон вақт то 10 рӯз вақт дошт, ки аз нав шикоят ё норозигӣ баён кунад, вале ӯ ин корро накард.
Дар замони зинда будани модарам тағоям боре ҳам наомад, ки хонаву дарашро соҳибӣ кунад. Ӯ баргашта ояд ҳам, сардори хоҷагӣ ҳисобида намешавад, зеро хона ба номи ман ва сардори хоҷагӣ ҳам ман ҳастам.
Тағоям пул дода, бо воситаи шиносҳояш ҳуҷҷатҳои қалбакӣ омода кардааст ва маҷбуран аз ман имзо гирифта, ҳамаи хонаро соҳиб шудан мехоҳад. Аз ӯ доим хоҳиш мекунам, ки ҳадди ақал як маротиба ҳуҷҷатҳояш ё аризаҳои навиштаашро ба ман нишон диҳад, ки бо матни онҳо шинос шавам, вале ӯ мудом мегурезад ва аз иҷрои ин кор саркашӣ мекунад.
Модарам соли 2016 аз дунё гузашт ва тағоям, ки чандин сол боз бедарак буд, пайдо шуда, даъвои хонаро карда истодааст.
Аз идора: Тафсилоти бештари ин баҳсро дар видеои мо бубинед.