Салом дӯстони азиз. Номам Сафия, зодаи Душанбе ҳастам. Дар синни 22-солагӣ бо ҷавонмарде шинос шудам.
Худро ошиқи зор нишон дода, гуфт, ки сағера асту мехоҳад бо ман оиладор шавад. Хонаводаи мо ҳеҷ гумон надоштанд, ки ин ҷавони тақводор моро фиреб мекунад.
Хуллас, маро дар тарабхона тӯй кард, ҳатто ақди никоҳи расмӣ ҳам кардем. Ҳол он ки шавҳарам зану се духтарча доштаасту мо намедонистем. Азбаски худро сағера гуфта буд, фикр кардем дар ҳақиқат сағераи бесоҳиб аст.
Солҳои аввали зиндагӣ шавҳарам ҳамеша дар хона буд. Рӯзона ба ҷои кор меравам гуфта, баромада ба куҷое мерафт. Ман намедонистам, ки рӯзона вақт ёфта, ба хонааш мерафтааст. Баъди се соли зиндагӣ дари хонаамро як зану як духтарча кӯфтанд.
Баробари дарро кушоданам зан бо духтари шаттоҳаш якбора бо ҳақоратҳои қабеҳ ба ман дарафтода, дод зад, ки ту шавҳари маро гирифтаӣ. Ҳайрон шуда, пурсидам, ки шавҳарат кӣ аст.
Хулоса, баъди ҷангу баҳси зиёд падару модарамро фарёд кардам. Шавҳарам то ин вақт расида омад ва ба гуноҳаш икрор шуда гуфт, ки маро дӯст доштаасту ба хотири муҳаббаташ худро сағера муаррифӣ кардааст.
Ман аз ӯ аллакай як писар доштам. Занаш дод зада гуфт, ки ин занатро сар те, вагарна туро барои дузана буданат ба суд медиҳам. Мо ҷудо шудем. Ҳоло баъди даҳ соли ин воқеа ман боз ба шавҳар баромадам.
Бо шавҳари дуюмам хушбахтам. Ба он хотир сарнавиштамро нақл кардам, ки занҳо ба чунин мардони фиребгар бовар накунанд. Моарони азиз, аввал аҳлу авлоди домодшавнадаро санҷида, баъд духтарони худро ба шавҳар диҳед. Боқӣ саломат бошед.
Хонандаи “Оила”.