Arzon march 2024
Шавҳари ҷавон «банкрот»-ам кард (ҚИСМИ 4)
1913

Макри шавҳари дўстдошта

Модарам дар синни навадсолагӣ аз дунё гузашту ман ба деҳа рафтам. Юнус ду рўз тоқӣ ба сару ҷома ба бар азодорӣ карду баъд маро ба гўшае хонда, гуфт:

- Нилҷон, ман ба хона равам, худат медонӣ, ки тиҷоратро бесоҳиб монда намешавад. Рўзи оши чили очам (ӯ модари маро очаҷон мегуфт) меояму маъракаро гузаронида, туро гирифта меравам.

Хусуру хушдоманам ҳам ду-се рўз истода рафтанд…

Чили модарамро додем, Юнус наомад, тоқат накарда, зангаш задам, вале телефонаш ҷавоб намедод. Ба ҳеварам занг задам, гуфт, ки “янга, ду рўз пеш бемор шуду ба духтур рафт, намедонам духтур чӣ гуфташ, вале чипта харида ба Русия рафт”.

Ҳамин тавр, шавҳарамро дигар надидам, пас аз як моҳи ҷустуҷўҳо фаҳмидам, ки ў тамоми тиҷорат, мошинҳои ману худаш, ҳатто хонаи истиқоматиямонро ҳам фурўхта, ғайб задааст. Ду моҳ Юнусро ҷустуҷў кардем, хостам ӯро ба милиса диҳам, вале бародаронам намонданд, онҳо гуфтанд, ки “ҳама чиз ба номи Юнус бошад, ҷустуҷӯ ягон фоида надорад, баъдан мо дар гирди номамон гапу калоча намехоҳем!”.

Бародари калониям бо ҳамон шахсе, ки хонаамро Юнус фурўхта буд, вохўрда, аҳволро мефаҳамонад. Одами хуб будааст, пули хонаи харидаашро бародаронам пардохтанду ў хонаро гашта ба номи ман кард. Ба хотири талхакаф нашуданам, бародаронам маслиҳат карда, дар наздикии хонаам бароям дорухона кушоданд ва акнун худам дору фурўхта, як бурида нонамро меёфтам…

Субҳ аз хона баромада, шом медаромадам, вале аз ҳар ашёи манзилам бўйи он номарди бевафо меомад. Он номарде, ки ба ҳамин қадар пул иктифо накарда, ҳатто зару зевари маро низ дуздида бурда буд…

Дар нимароҳи умр

Аз фоҷиаи умри ман ду сол гузашт, дар ҳамин муддати кӯтоҳ ман хонаву дарамро бо тамоми ашёяш фурўхта, аз биноҳои навсохт хонаи панҷҳуҷрадори бошукўҳеро харидорӣ намуда, таъмир кардам. Ҳама ашёи зиндагиямро аз нав харидам, набераи панҷсолаи бародарамро ба тарбияи худ гирифтам. Ҳоло дар пойтахт чанд мағозаи фурўши либоси занона дорам, мошин ҳам гирифтам, вале захми дилам ҳеҷ шифо намеёбад… Ҳарчанд бародаронам гуфтанд, ки дигар ёди Юнусу амволи гумшудаат накун, вале мехостам ба ин фоҷиаи умрам нуқта гузорам. Як рўз савғои зиёд харида, ба хонаи додари Юнус рафтам, дарро ба рўям занаш - хоҳари Расо кушода, маро ба хона даъват кард. Ман савғоҳоро ба дасти ў додаму аҳволпурсӣ кардам. Ҷамила бо оби дида гуфт:

- Апаҷон, ба Худо ман коратон надорам, акаам ҳам ҳамеша мегўяд, ки раиса ба мо некии зиёд карду ин авлоди нохалаф ба вай хиёнат намуд…

- Ҷамилаҷон, ман ҳозир боз ҳама чизро ёфтам, вале мехоҳам як чизро фаҳмам, барои чӣ Юнус ба ман чунин хиёнат кард? Охир, ў пойҳои маро бўса мекард, қасами садоқат мехўрд…

Ҷамила бо зорӣ гуфт:

- Ман ба шумо ин сирро мекушоям, вале аз ман надонанд, ки шавҳарам талоқамро медиҳад… Юнус аз аввал бо мақсади нопок ба шумо хонадор шуда буд, инро ҳамаи хешу табораш медонистанд. Юнус пинҳонӣ аз шумо шаҳрвандии Русияро гирифту молу амволи шуморо дуздӣ карда, дар Русия ҳавлӣ харид, ҳоло ҳамон ҷо тиҷорати дору дорад. Ҳама додаронаш ҳамроҳаш ҳастанд, холааш духтари шонздаҳсолаашро никоҳ карда, ба ў дод, соҳиби писарча шудаанд…

Ў ҳангоми хайрухуш дам ба дам мегуфт, ки “моро бубахшед, апа…».

Оилаи морҳо

Ман ҳамаро бахшидам, ҳатто Юнуси дузди алфонсро низ… Ў моли як занро дуздид ва хуб медонист, ки бародарони ман барои пул гирди номи худашон овоза паҳн намекунанд, зеро шоҳиди садҳо чунин воқеа буд. Аммо падару модар ва додару хоҳари ў чӣ гуна тавонистанд ба намакдони ман туф кунанд?! Ман даҳҳо бор ба хушдоманам гуфта будам, ки барои Юнус зани ҷавону зебо ёбанд, назди ман дар як моҳ як бор биёяд ҳам, кофист. Аммо хусурам аз пешонии ман бўсида, мегуфт, ки ҳамсари Пайғамбарамон аз Ў бист сол калон будаанд. Хушдоманам бошад, садқаю бандаам шуда, маро аз ҳама келинҳояш беҳтару боло медонист. Барои пайвандонаш номи ман “янгаҷони хушрўям” буд...

Модари бечораам мегуфт, ки ту дар остинат мор мепарварӣ, ҳоло ист «мазза»-и нешашро мебинӣ, вале ман бепарвоёна механдидам…

Наход дар дунё дигар одамият намонда бошад?!

Ман қиссаи зиндагиямро барои он овардаам, ки дигар занҳои мисли ман содда зудбовар нашаванд. Шояд ин дарси ибрат мегардад ба ҷавонзанони бебахте, ки бахти шикастаи худро бо шаҳди муҳаббати ҷавонаки маккоре пайваст карданӣ мешаванд. Ишқи нобаробар ҳаргиз хушбахтӣ намеорад, он ғаразнок аст, новобаста аз он ки шавҳар дар синну сол аз ҳамсараш фарқияти бузург дорад ё зан аз шавҳараш.

Дар ин дунё ҳама чиз андоза дорад, аз ҳамин андозаи муайян берун по мондан агару магарҳо дорад…

НИЛГУНА

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД